Президент мояи ифтихори мост
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 134
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр Рӯзи Президент» муайян карда шудааст. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд.
Барои ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ мемори сулҳу Истиқлоли давлати мо меҳисобанд. Маҳз тавас-сути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият шуруъ карданд. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Пешвои миллат аз рӯзи аввал ҳамчун Сардори давлат ваъда дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро муттаҳид ва мамлакатро обод мегардонад.
Сарвари кишвари мо ба қавлаш вафо карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт. Бо кӯшиши пайвастаи Пешвои миллат халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам гардид, фарҳанги куҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд.
Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фароҳам оварда шуд. Маҳз тавассути талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлол ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохта-нашаванда тағйир дод.
Бо назардошти ин хизматҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургаш дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастааш дар рушду инкишофи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарафроз гардонид.
Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳу субот, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» дода шудааст. Аз ин рӯ, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини интихоб дар роҳи фардои зиндагиямон мебошад. Пас, моро мебояд пайравӣ аз ин шах-сияти барҷаста намуда, дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ саҳмгузор бошем.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...