ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-Асосгузори Кохи нури Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 0
29 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тағйир додани маҷрои дарёи Вахш дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” иштирок намуда, шахсан савори булдозер тақрибан 3 соат дар тахту ҳамвор кардани сангу шағал иштирок намуданд.
Басо рамзист, ки 29 октябри соли равон, расо баъд аз 8 сол, аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гурӯҳи 30-нафараи “Корвони иттилоотӣ”-и журналистони Тоҷикистон ба НБО “Роғун” сафар намуданд.
Мақсади асосии ташкил намудани “Корвони иттилоотӣ” иҷрои дастуру супоришҳои бунёдгузори НБО-и “Роғун” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикос намудани ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср, суҳбату мулоқот бо сохтмончиён ва кормандони сохтмони бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, сабту аккосӣ намудани мавзеъҳои сохтмонӣ арзёбӣ гардид. Аксари иншоотҳои то имрӯз сохташуда ва сохташаванда зери об хоҳанд монд.
Ҳайати “Корвони иттилоотӣ”-ро роҳбарият ва кормандони НБО “Роғун” истиқбол гирифта, доир ба таърихи ин иншооти бузург ва рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ доданд.
САЙРИ ТАЪРИХИИ НБО РОҒУН
Дар рафти шиносоӣ гуфта шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 1931 ба мавзеи сохтмони НБО “Роғун” аввалин кашшофон ва олимони шинохтаи соҳаи энергетика омада, ҷойи сохтмонро муайян намуданд. 10 июли соли 1972 дар таърихи кишвар ҳамчун рӯзи аввалин корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ сабт шудааст. Варақаи аввалини шуруи корро сардори минтақаи сохтмони Иттиҳодияи умумииттифоқии “Гидроспетсстрой” Б.П. Соболев гузоштааст. Ҳамчунин номи муовини сардор В.С. Бахтин, О.Н. Лобзин, кафшерчӣ П. В. Якимова, ронанда А. А. Попов ва боз номи ду нафар коргар маҳаллӣ Анвар Давлатов (аз деҳаи Майдон) ва Мардон Гулов (аз деҳаи Сичароғ) сабт шудааст.
28 декабри соли1987 дар таърихи сохтмони НБО “Роғун” ҳамчун санаи таърихӣ сабт шудааст. Дар ин рӯз пеши маҷрои дарёи Вахш баста шуда, об ба ҷониби нақби НБО-и “Роғун” равона карда шуд. Моҳи майи соли 1993 сел пеши дарёи Вахшро банд намуда, аз нақбҳо сар карда то дарғотҳои пешбандро канда, ҳамаро ба коми худ бурд ва заҳмати 20-соларо несту нобуд кард.
Бо ҳамин ҷараёни сохтмон дар неругоҳ тӯл кашид. Дар давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат - расидан ба истиқлоли энергетикиро эълон намуданд. Илоҷи амалӣ шудани ин ҳадаф андешидани чораҳои таъхирнопазир ва сохтани неругоҳҳои барқии обӣ буд.
29 майи соли 2002 сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии НБО-и “Роғун” оғоз гардид. Метавон гуфт, ки аз ҳамин рӯз “Роғун” умри дубора гирифт.
5 январи соли 2010 Пешвои миллат ба марду-ми кишвар ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан дар бун-дёи Кохи нури Тоҷикистон – НБО “Роғун” муроҷиат намуданд. Соли 2011 бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, муаллифони лоиҳа, намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ, ташхисгарони байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато нахустин машварати корӣ доир шуд. Дар ин давра Пешвои миллат бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ тақрибан 15 маротиба ба НБО “Роғун” ташриф оварданд.
ҶӮШУ ХУРӮШИ КОРИ ИМРӮЗАИ “РОҒУН”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти навбатии худ бо сохтмончиёни НБО “Роғун” таъкид намуда буданд: “Ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад”.
Тибқи иттилои масъулин, имрӯз корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” дар тамоми сатҳҳо бо маром ҷараён дорад. Дар ин корзори нангу номус зиёда аз 17 ҳазор мутахассис заҳмати шабонарӯзӣ кашида ис-тодаанд, ки 99 дарсади онҳоро мутахассисони тоҷикистонӣ ташкил медиҳанд. Имрӯз дар сохтмони НБО “Роғун” 37 ширкати сохтмонӣ саҳм мегиранд.
-Хурсандиовар аст, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти интиқоли барқи 220-киловолта аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун»» то зеристгоҳи «Роғун» ба истифода дода шуд, - иброз доштанд масъулони неругоҳ.
Барои корҳои сохтмонӣ дар НБО-и “Роғун” дар соли 2024 аз буҷети давлатӣ маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аммо бо мақсади ҳарчи бештар вусъат додани корҳои сохтмону васлгарӣ то ба имрӯз қариб 3,5 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст.
Тибқи лоиҳа, корҳои нақбканӣ, бетонхобонӣ, сементатсионӣ ва корҳои заминӣ бо мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо дар баромадгоҳи нақбҳои обпарто идома доранд.
Ба сифати корҳои анҷомдода ва сифати ашёву механизму маҳсулоте, ки дар НБО “Роғун” истифода мешавад, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Бо ташаббуси бевоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Роғун” соли 2015 озмоишгоҳи марказии сохтмон таъсис ёфтааст, ки дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад. Озмоишгоҳи марказии сохтмон аз 5 шуъба ва 2 бахш иборат буда, дар он зиёда аз 120 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба фаъолят менамоянд.
Шуъбаҳои корҳои бетонӣ (назорати иҷрои истеҳсоли маводҳои инертӣ, тавлиди омехтаи бетон, дурустии мутобиқати бетонсанҷиши физикӣ-механикии бетон ва ғайра), назорати геотехникӣ (назорати маводҳои сохтмони сарбанд, дар конҳо ва анборҳо, маводҳои хобонидашудаи сарбанд ва ғайра), металл ва назорати анкерҳо (назорати сифати оҳанфулузот, назорати оперативии корҳои васлу насби конструксияҳои металлӣ ва ғайра), кимиёи таҳлилӣ (муайян намудани таркиби кимиёвии маводҳои сохтмонӣ ва ғайра), назорати сементатсионӣ (назорати иҷрои корҳои сементатсионӣ ва пармазанӣ дар чоҳҳо ва ғайра мебошад.
Масъалаи дигаре, ки бояд махсус таъкид карда шавад, он аст, ки қисмати зиёди корҳо ҳангоми пурра ба кор даромадани неругоҳ зери об мемонанд.
-Мо – кормандон, муҳандисону мутахассисони НБО “Роғун” барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани иҷрои корҳо дар бунёди неругоҳ, бояд тадбирҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешем. Иҷрои ҳатмии корҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳамоҳангсозии корҳо барои баланд бардоштани сарбанд дар моҳи августи соли 2026 то сатҳи 1150 метр ва дар моҳи августи соли 2027 то сатҳи 1175 метр ва ғайра, ки Сарвари давлат дар мулоқоташон дода буданд, сармашқи кори худ намуда, барои ҳарчӣ зудтар дар амал татбиқ намудани онҳо камари ҳиммат мебандем, гуфт зимни суҳбат А. Раҳмонзода, директор оид ба масъалаҳои истеҳсолии НБО “Роғун”.
ФАРДОИ “РОҒУН” ВА БЕНАЗИРИИ ОН
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид на-муда буданд: “Ҳамаи шумо хуб дарк мекунед, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад. Мо «Роғун»-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем.”
Тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.
Дар ҳолати пурра ба истифода додани “Роғун” мардуми шарифи кишвар ба истиқлоли энергетикӣ расида, Тоҷикистон дар ҷаҳон ба яке аз давлатҳои пешқадами истеҳсолкунандаи неруи барқи тозаи экологӣ мубаддал хоҳад гардид.
Сарбанди НБО “Роғун” ба баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллион киловатт-со-ат) калонтарин неругоҳи обӣ дар минтақа хоҳад шуд.
Он рӯз дур нест, ки хонадони ҳар як тоҷикистонӣ аз неруи барқи “Роғун” равшан гардида, ба дилҳои мо шодиву сурур ва нур хоҳад бахшид.
АЗ ИДОРА: Ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба кормандону мутахассисони Кохи нури Тоҷикистон – НБО “Роғун” , ки барои фардои дурахшони мо заҳмат кашида истодаанд, муваффақият ва музаффариятҳои нав ба навро тамано доранд.
«ХАТЛОН»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00