Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР НОРАК ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН ОҒОЗ ГАРДИД


ДАР НОРАК ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН ОҒОЗ ГАРДИД




Имрӯз, 2 ноябр, дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон доир мегардад, ки дар он боғпарварон навъҳои гуногуни ин меваро пешниҳод менамоянд. 

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад. То аввали моҳи октябр боғпарварони мамлакат 4917 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Аз як дарахт 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода