Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Солҳои охир дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи кӯдакони маъюб сол то сол меафзояд. Бештари онҳо ба марказҳои тавонбахшӣ ниёз доранд. Аз таҳлилу мушоҳидаҳо маълум гардид, ки чунин марказҳо дар вилоят умуман вуҷуд надоранд.
Суоли матраҳ ин аст, ки кӯдакони маъюб дар чӣ ҳоланд ва онҳо барои дармонбахшӣ ба куҷо бояд муроҷиат кунанд? Масъулин чаро ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд ва бетарафиро ихтиёр кардаанд?
Манижаи Бекмурод, сокини шаҳри Левакант, беш аз як сол мешавад, ки кӯдаки маъюбашро ба Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон оварда, тандармонӣ мекунад.
Чи тавре, ки ӯ мегӯяд: “Қаблан писарам ҳаракат намекард, гап ҳам намезад, ҳамеша дар ҳолати хобидан буд. Аз лаҳзае, ки ба ин ҷо муроҷиат кардам, дар саломатии фарзандам тағйиротҳои зиёдро мушоҳида намудам. Шукр, ҳоло ҳаракат мекунад, ҳарф мезанад, ашёҳоро бо дастонаш дошта метавонад ва мустақилона бозӣ мекунад. Дар баробари ҳамаи ин, мутахассисони ин марказ тарзи дуруст гузаронидани машқҳоро бо кӯдак дар шароити хона ба ман омӯзонданд. Ман ҳар рӯз дар хона кӯдакамро маҳс мекунам. Ба ин марказ ҳамарӯза модарони зиёд ба мисли ман муроҷиат мекунанд”.
Тибқи иттилои мутахассисон ҳолати бақайдгирии маъюбӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон сол то сол афзоиш ёфта, шумораи зиёдашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Пас, маълум мегардад, ки вазъи мураккаби кӯдакони маъюб аз мадди назари масъулин ё ниҳодҳои марбута дур монда, дар ин самт майли тадбирандешӣ надоранд. Чӣ тавре, ки Нурулло Маҳбуллозода, роҳбари шуъбаи Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд: “Соли гузашта вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар марказҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо як ҳуҷраи тавонбахшии кӯдакони маъюб бо ҳама шароитҳо ташкил карда шавад. Мутаассифона, ба истиснои шаҳри Бохтар, дигар дар ягон шаҳру ноҳияи вилоят ташкили чунин ҳуҷраҳо ба назар намерасад”.
МАСЪУЛИН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Шодӣ Азиз, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон марбут ба ин масъала чунин изҳори назар кард: “Се сол қабл як иқдомеро хостем рӯйи кор оварем. Барои оилаҳое, ки кӯдакони маъюб доранду дар як муҳити носозгор ба нигоҳубин фаро гирифта шудаанд, ду маркази будубоши доимии кӯдакони маъюб дар минтақаи Кӯлобу Бохтар бунёд намоем.
Бо ин мақсад ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб мактуб ирсол намудем, ки барои ҷудо намуда-ни қитъаи замин ва сохтмони иншоот муасоидат намоянд. Вале то ҳол аз ҷониби раисони шаҳрҳои фавқуззикр ҷавобе нашуд, ки сохтмони иншоотро шуруъ намоем”. Шодӣ Азиз ин фарзияро зикр кард, аммо нусха ё рақами мактубро пешниҳод накарданд, ки ин гуфтаҳо то куҷо воқеият дорад. Барои тасдиқи ин фарзия ба МИҲД шаҳри Кӯлоб ва Бохтар муроҷиат намудем.
Дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфтанд: “Агар се сол пеш ин мактубро ирсол карда бошанд, наметавонем посухе ба шумо гӯем. Чун рақами мактуб вуҷуд надорад”.
Шодӣ Азиз афзуд, ки Вазорати тандурустӣ ин иқдоми моро ҷонибдорӣ намуда, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Аммо аз ирсоли мактубҳо се сол сипарӣ шуду кӯдакони маъюб ё мактубҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд. Кӣ бояд Маркази тавонбахшии кӯдакони маъюб со-зад? Суолест бе посух.
Дар моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ” омадааст: “Амалӣ намудани самтҳои асосии тавонбахшии маъюбон аз воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ истифода бурдани маъюбон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои маъюбон дар истифодаи бемамоният аз иншоотҳо, биноҳои истиқоматӣ, муҳандисию нақлиётӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ, истифода аз воситаҳои алоқа ва ит-тилоот, инчунин таъмин намудани маъюбон ва аъзои оилаи онҳо бо ит-тилоот дар бораи масъалаҳои тавонбахшии маъюбон пешбинӣ менамо-яд”. Аммо ин банди қонуни мазкурро роҳбарони ниҳодҳои марбута аз мад-ди назари хеш дур сохтаанд.
АФЗОИШЁБИИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ
Аз таҳлилҳои мутахассисон маъ-лум гардид, ки афзоишёбии кӯдакони маъюб натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар миқёси ҷумҳурӣ низ ба мушоҳида мерасад. Нурулло Маҳбуллозода, роҳбари шуъбаи Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон зимни суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт: “Кӯдакони маъюби то синни 18-сола ба ҳолати нуҳ моҳи соли равон беш аз 13 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1251 нафар зиёд мебошад”. Тибқи таҳлилҳои ин ниҳод дар давоми як сол 105-106 ҳазор кӯдаки навзод ба дунё меояд ва аз ин шу-мора 6-7 фоизашро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд.
Юлдош Кабиров, сармутахассиси шуъбаи бемориҳои руҳии вилояти Хатлон, яке аз сабабҳои афзоишёбии маъюбиятро дар миёни кӯдакон дар зуд муроҷиат накардан ба мутахассисони соҳаи тиб арзёбӣ менамояд. Чи тавре ки қайд намуд: “Вақте ки сари кӯдак зарба мехӯрад, аз беаҳамиятӣ оҳиста-оҳиста ба маъюбӣ мерасад. Волидон ба ин ҳолати кӯдак бетаваҷҷуҳӣ намуда, ба мутахассисон сари вақт муроҷиат намекунанд. Ин боис мегардад, ки шумораи кӯдакони маъюб бештар гардад. Хуб мешуд, ки ҳангоми осеб бардоштани кӯдакон падару модар саривақт муроҷиат намоянд”.
- Сабаби дигари ба маъюбият расидани кӯдаконро мутахассисисон модаронро гунаҳкор медонанд. Онҳо ҳангоми
ҳомиладорӣ ба духтур муроҷиат намекунанд, то аз ҳолати кӯдаки дар батнашбуда огоҳ шаванд. Дар аксар маврид ин
амалҳои модарон сабаби маъюб шудани кӯдакон мегардад,- афзуд Нурулло Маҳбуллозода, роҳбари шуъбаи Хадамо-ти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар вило-яти Хатлон.
Ҷӯрабек Мирзоев, менеҷери Ташкило-ти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” афзои-шёбии кӯдакони имконияташон маҳдудро
дар миқёси вилоят тасдиқ намуда, иттилоъ дод: “Дар 9 моҳи соли равон аз миё-ни кӯдакони то синни 18-сола 111 нафар
ба тавонбахшӣ фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 нафар зиёд мебошад. 80 фисади кӯдаконе, ки ба мо муроҷиат намудаанд, гирифтори бемории фалаҷи майнаи сар мебошад”.
НАБУДАНИ КОРГОҲИ ТАЪМИРГАРӢ
Мушкилии дигаре, ки ин қишри ниёзманди ҷомеаро нигарон намудааст, набудани корхонаи давлатӣ, заводи протезию
ортопедӣ мебошад, ки маъюбон ҳангоми корношоям гардидани аробачаҳои маъюбӣ ё асобағалашон намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Албатта, набудани чунин таъмиргоҳҳо зиндагии кӯдакони маъюбро боз мушкилтар месозад.
Хостем назари масъулинро роҷеъ ба ин масъала дониста бошем. Шодӣ Азиз, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мегӯяд: “Дар минтақаи Бохтар чунин корхонаи таъмиргарӣ вуҷуд на-дорад. Филиали корхонаи давлатӣ заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунад. Нафарони корафтодаро ба он ҷо ё ба шаҳри Душанбе барои таъмири таҷҳизотҳои маъюбӣ тавсия медиҳем. Воқеан, боиси таассуф аст, ки дар асри технология умр ба сар барему маъюбон танқисии набудани коргоҳҳои таъмиргариро кашанд. Аз ин рӯ масъулинро мебояд сари ин масъала тадбирандешӣ намуда, ба дарди тифлони маъюб расидагӣ намоянд”.
Мақоле ҳаст: «Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст». Дарвоқеъ, мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки волидон кӯдакони хешро дар ҳолати муайяншуда аз ташхиси духтур гузаронанд. Зеро дар сурати сари вақт муроҷиат намудан ҳолатҳои то маъюбӣ расидани кӯдак коҳиш меёбад.
Воқеан, зиёд гардидани шумо-раи кӯдакони маъюб дар вилоят бои-си нигаронӣ буда, масъулини ниҳодҳои марбутаро мебояд баҳри коҳиш додани ҳолатҳои маъюбӣ чорандешӣ намоянд.
Набудани марказҳои тавонбахшӣ дар вилоят, нарасидани мутахассис, паст будани сатҳи хизматрасонӣ ва набудани заводи протезию ортопедӣ боиси зиёд гардидани кӯдакони маъюб мегардад. Магар метавон бо мавҷуд будани чунин мушкилотҳо сатҳи маъюбиро дар миёни кӯдакону наврасон коҳиш дод?
Боқӣ, қазоват аз шумост, хонандаи азиз!
Абдулло РИОЕВ, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.