Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
26 апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати кории назди раиси вилоят Қурбон
Ҳакимзода баргузор гардид.
Баррасии ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 24-26 марти соли ҷорӣ дода буданд, мавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур буд. Дар машварати корӣ муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода ва муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода доир ба корҳои анҷомдодашуда дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, саноат, энергетика ва нақлиёт ҳисобот доданд. Қайд гардид, ки то 25 апрел 13 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят дурнамои кишти пунбадонаро пурра иҷро намуда, пахтакорони навоҳии боқимонда дар арафаи баитмомрасонии ин маърака қарор доранд. Таваҷҷуҳи масъулон ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии малах дар талу теппаҳо ва киштзорҳои вилоят ҷалб гардид. Айни ҳол 6 мошин, 23 трактор ва зиёда аз 460 нафар мутахассисон ба маъракаи мубориза алайҳи малах ҷалб гардидаанд. Вобаста ба болоравии нархи баъзе намуди маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла сабзӣ, иттилоъ дода шуд, ки майдонҳои кишти сабзӣ фарох буда, то 10 май сабзии нав ба бозор дароварда шуда, нархи ин навъи маҳсулот ба эътидол хоҳад омад.
Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии нарх аз захираи дар сардхонаҳои махсус нигоҳдоранда 200 тонна сабзӣ ба бозор бароварда шуд. Раиси вилоят вобаста ба истифодаи пурсамар аз гармхонаҳое, ки сабзавоти барвақтӣ парвариш мешаванд, инчунин доир ба ворид намудани омори истеҳсоли помидору бодиринг, майдони токзор ва боғҳои интенсивии бунёду барқароршуда ба ҳисоботи расмӣ ба масъулон дастур дод. - Масъулони ниҳодҳои давлатӣ, махсусан нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти санҷишгар, бахши агентии содирот дар вилоят ҷиҳати ҳамлу нақли маҳсулоти ғизоӣ, махсусан маҳсулоти зудвайроншаванда, тариқи роҳҳои мошингард бояд ба соҳибкорон ҳамаҷониба мусоидат намуда, ягон монеаи сунъӣ эҷод накунанд, - таъкид намуд раиси вилоят. Дар ҷаласа қайд гардид, ки ҷиҳати бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят, бакорандозии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Тавре ки муовини раиси вилоят З. Файзуллозода иттилоъ дод, корҳои техникӣ дар корхонаи азими “Тоҷиказот” оғоз гардида, то имрӯз ба дарозии 23 километр қубурҳои нави газгузар хобонида шуда, дар маҷмӯъ, 37 километр қубурҳо таъмир ва насб гардидаанд. Соли 2021 дар шаҳру навоҳии вилоят бунёди 65 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1800 ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст. Раиси вилоят ҷиҳати тибқи реҷа бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои мазкур ба масъулон дастур дод.
Инчунин Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилоят муваззаф гардид, ки дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ маъракаи иттилоотӣ гузаронида, ба онҳо фаҳмонида шавад, ки дар сурати ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштан, онҳо бояд то 15 июни соли ҷорӣ ҳуҷҷатгузории худро ба расмият дароранд. Тибқи омори расмӣ, феълан беш аз 200 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба истифодаи самарабахши ҳар як ваҷаб замини корами обӣ, ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, саривақт гузаронидани кишти пунбадона бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва ҳосилнокиаш баланд, гузаронидани кишти картошка ва иҷрои саривақтии дурнамои он дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувону Шамсиддин Шоҳин, тадбирандешӣ ҷиҳати ба эътидол овардани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои дохилӣ, нигоҳубини боғҳои интенсивӣ, вазъи нигоҳдории чорво дар чарогоҳҳо, андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирӣ аз пайомадҳои боришоте, ки дар рӯзҳои аввали моҳи май пешгӯӣ шудааст, дар мавзеъҳои осебпазири ноҳияҳои Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Вахш, шаҳри Кӯлоб, таъмини саривақтии оби полезӣ, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, муборизаи беамон бо ҳашароти зараррасони малах, содироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи роҳи оҳан ва истифодаи самарабахш аз имтиёзҳои роҳи оҳан, дӯхти сару либоси мактабӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди вилоят, зиёд намудани ҳавзҳои моҳӣ ва истеҳсоли барзиёди моҳӣ, омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулон пурсон шуда, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Н.Маъмурзода, “Хатлон”
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.