Мактаб президентӣ боргоҳи таълимию маърифат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 253
Илму маориф соҳаи афзалиятноки давлат дониста шуда, мавриди таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Вобаста ба рушди соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсил, дастовардҳо ва дурнамои фаъолият бо директори Муассисаи таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Сайҷамолиддин Нуриддинзода мусоҳибае доштем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
-Устод, нахуст доир ба фаъолияти имрӯзаи Муассисаи таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб чанд сухан мегуфтед.
-Воқеан, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб барои муассисаҳои таълимӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Омӯзгорон ва муҳассилини Муассисаи таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб низ бо хушнудӣ ва масъулиятшиносӣ истиқбол аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд ва талош меварзанд, ки ба боварию эътимоди Президенти кишвар сазовор бошанд.
Муассисаи мо барои тайёр намудани муҳассилини хушзеҳну соҳибмаърифат ва дорои қобилияти илмомӯзӣ барои мактабҳои олии кишвар чун заминаи мустаҳкам мусои-дат намуда истодааст. Ин боргоҳ ҳамчун боргоҳи таълимиву маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти соҳаи маориф дар минтақаи Кӯлоб гардида, барои тарбияи муҳассилин дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, илмомӯзӣ ва тахассусмандӣ дар зинаҳои болоӣ хизмат намуда истодааст.
-Таъминоти муассиса бо кадрҳои омӯзгорӣ дар чӣ ҳол аст?
-Дар муассисаи мо мутахассисони ботаҷриба ва дорои дараҷаи баланди касбӣ мавҷуд ҳастанд, ки ба муҳассилин таълим медиҳанд. Дар ин самт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.
Дар баробари омӯзгорони ботаҷрибаи кишвар мутахассисон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия ба кор ҷалб карда шудаанд. Соли гузашта дар озмуни “Омӯзгори сол-2023” омӯзгори ҳамин муассиса сазовори ҷойи якуми озмун гардид. Ҳамзамон, дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” омӯзгорони мо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд, ки ин аз тахассуси баланди омӯзгории онҳо дарак медиҳад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ин самт боз ҳам муваффақ гардем, зеро мутахассиси хуб омили пешрафт мебошад.
Коллективи 60-нафараи омӯзгорони мактаби президентӣ тайи солҳои охир барои сазовор шудани ҷойҳои намоён талош намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2023-2024 омӯзгорони муассиса Сулаймони Абдуқаҳҳор ва Комрони Пулодзод дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар Тоҷикистон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” саҳми назаррас гузошта, бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуданд.
-Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки он бо техникаву технология босуръат рушд карда истодааст. Заминаи моддиву техникии муассиса дар кадом сатҳ қарор до-рад?
-Албатта, рушди соҳаи маориф аз истифодаи техника ва технологияҳои навини замонавӣ вобастагии зич дорад. Нақши технологияи иттилоотӣ ҳоло бакуллӣ тағйир ёфта, он аз воситаи маълумотиву қисман автоматӣ ба воситаи идоракунанда ва таҳлилу хулосабарор иваз шудааст. Ҳоло дар му-ассисаи таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 160 компютер, 3 лаборатория, 4 озмоишгоҳ ва 20 тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад, ки омӯзгорон ва толибилмон аз онҳо бе мушкилӣ истифода намуда истодаанд. Ҳамзамон, дар муассиса ҳар як фанни тадрисшаванда дорои кабинетҳои махсуси худ мебошанд, ки бо тамоми шароити замонавӣ ва ашёҳои
аёнии хониш муҷаҳҳазанд. Мо дар ин самт корро боз ҳам хубтар ба роҳ монда истодаем.
-Тайи чанд сол аст, ки дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” доир мегарданд. Дастовардҳои муассисаи таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб дар ин самт чӣ гуна аст?
-Дар ин самт дар муассиса натиҷаҳо назаррас мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” се толибилми муассиса бо гирифтани ҷойҳои намоён, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, як нафар сазовори ҷойи сеюм гардид.
Инчунин, 26 толибилми муассиса дар олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Дар озмуни “Аттестати аълои равиявӣ” бошад, Бобоев Баракатулло, хонандаи синфи 11-и муассиса иштирок намуда,
ғолибиятро ба даст овард.
Дар соли таҳсили 2024-2025 бошад, ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” 8 нафар толибилм роҳхат гирифтанд.
-Мегуфтед, ки шароит зиндагӣ ва маишии хонандагон дар хобгоҳ чигуна аст?
-Дар хобгоҳи Муассисаи таълимии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб 100 нафар зиндагӣ мекунанд, ки барои онҳо ҳама шароит муҳайё шудааст. Дар хобгоҳ нуқтаи таъмини оби гарм мавҷуд буда, утоқҳо бо рахтҳои хоби нарм таъмин мебошанд. Муҳассилин се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, шароити дарстайёркунии онҳо зери назорати мураббиён қарор дорад. Барои онҳо дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои фаннӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.
Маъмурияти муассиса пайваста аз ҳоли онҳо бохабар шуда, шароити зиндагӣ ва маишиву тарбиявии онҳоро зери на-зорати худ қарор додааст.
-Барои рушди минбаъда чӣ тадбирҳо андешидаед?
-Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон вазифаҳои пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб пурмашаққат буда, аз тарафи дигар кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Пешвои миллат соли 2019 ҳангоми суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш вобаста ба вазифа ва рисолати омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир чунин зикр намуданд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар дав-рони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Аз ин рӯ, бо такя ба хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намуда, барои пешрафти муассиса як қатор вазифаҳо, аз қабили баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёрӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фаннӣ, ҷоннок намудани корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии муассиса иҷрои онҳоро ҳадафи аввалиндараҷаи худ мешуморем.
-Ташаккур, барои суҳбат.
-Саломат бошед!
Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00