ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ ФӮРУҒИ МАЪРИФАТ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 191
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф(солҳои 2020-2024)» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технологияи навин, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав, мутобиқи қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 16 то 21 сентябри соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» баргузор мегардад.
Ёдовар бояд шуд, ки даври сеюми даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «ИЛМ ФӮРУҒИ МАЪРИФАТ ” имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардида то 21 сентябри соли равон идома меёбад.
Дар маросими кушодашавии даври вилоятии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур 1379 довталаб иштирок менамояд, ки аз ин шумора 516 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Ба аъзои ҳакамон супориш дода шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.
Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Хушбахтона, соли 4-ум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии « Илм-фурӯғи маърифат” дар сартосари кишвари маҳбубамон гузаронида мешавад.
Соли 2023 бори аввал озмун миёни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил медиҳад.
Тибқи бандҳои 46-47-и Низомномаи озмун иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) имсол ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун, ба тариқи ройгон қабул мешаванд. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат қабул мешаванд.
Бояд гуфт, ки масъалаи ҷалби муҳассилин ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тамоми ҷаҳон ба таври анъанавӣ масъалаи ҳалталаб ҳисобида мешавад. Зеро ин самт муносибати хосса, интизоми баланд ва неруи зеҳнии мантиқан қавӣ талаб менамояд. Вале аз ҷониби Сарвари давлат ташаббус ва таваҷҷуҳ намудан ба ин масъала дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аввалин маротиба аст, ки мояи ифтихори халқи мо, қабл аз ҳама, намояндагони соҳаи илму маориф мебошад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президени мамлакат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 гувоҳи он аст, ки динамикаи рушди ҷаҳони имрӯза, махсусан аз ҷиҳати технологӣ, саноатӣ ва иқтисодӣ бо мавҷуд будани кадрҳои баландихтисоси илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муайян мешавад.
Тайи чанд соли охир таҳти cарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, болобурди маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардида истодааст.
Тибқи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмунҳои мазкур дар соли 2024 ба тасвиб расиданд, ки барои ғолибон ва роҳбарони онҳо, маблағи умумии мукофот 12440000 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 710 000 сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст.
А. Абдулмаҷид "Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...