Заминаи рушди шахсият
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 56
Маданияти ҳуқуқӣ арзишҳои умумиинсоние мебошад, ки аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқ
Бисёр бамаврид аст, ки имсол аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” тасдиқ карда шудааст.
Асосҳои ҳуқуқии барномаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъё-рии ҳуқуқии амалкунанда ташкил менамоянд.
Тибқи муқаррароти моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Ҳамзамон, зикр бояд кард, ки моҳияти хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо ҳамчун фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб гардида, ба таъмини риояи қонуният, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза алайҳи ҷинояткорӣ нигаронида шудааст. Дар ҳамин радиф хизмати давлатии судяҳо ва мутахассисони коллегияи ҳарбии Суди Олӣ низ ба ҳайси як ҷузъи сохтории он бо қонунгузориҳои соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни конс-титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим дароварда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки институти ҳокимияти судӣ дар баланд бардоштани шуури ҳуқуқии аҳолӣ нақши калидиро мебозад ва баҳри бунёд намудани ҷомеаи воқеан демократӣ, ки яке аз арзишҳои асосии он ҳуқуқи инсон - муқаддас мебошад, дар амалия кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.
Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда та-шаккул ёфтааст.
Судҳо низ дар амалӣ намудани бандҳои барнома тибқи нақшаи чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаи судҳо ба таври доимӣ маводҳои ҳуқуқӣ нашр мекунанд. Ҳангоми баргузории маҷлисҳои судӣ ва маҷлисҳои сайёри судӣ дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва идораву корхонаҳо, ҷамоату деҳот бевосита бо мардум суҳбат ороста, ба саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушахас медиҳанд.
Пеш аз он, ки ба кушодани мазмун ва моҳияти мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» шурӯъ намоем, ҳаминро бояд таъкид кард, ки мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» аз ду истилоҳ иборат мебошад: «маърифат» ва «ҳуқуқ». Аввал мафҳуми ҳар як истилоҳ дар алоҳидагӣ ва пас дар якҷоягӣ муайян карда мешавад.
Андешаи хешро вобаста ба аҳмияти маданияти ҳуқуқӣ, аҳамияти ҳуқуқии шаҳрвандон дар рушди давлат ва ҷомеа иброз менамоям.
Маърифати ҳуқуқӣ яке аз заминаҳои асосии рушд кардани шахсияти комил дар ҷомеа ба шумор меравад. Агар шахс дорои фаҳму шуур ва дониши мукаммал набошад, он шахсият наметавонад, ки дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо намояд.
Аз ҳамин нуктаи назар бевосита яке аз механизмҳои муҳимтарини риоя ва иҷрои тамоми он қонун ва қоидаҳое, ки аз ҷониби давлат муқаррар ва муайян карда мешавад, ки инъикоси онҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бевосита аз ҷониби шаҳрвандон барои иҷро қарор дода шаванд.
Шуури ҳуқуқӣ ин раванди эҳсосӣ, раванди руҳи психологии шахс нисбати эҳтироми ҳуқуқ, арзишҳои ҳуқуқӣ, арзишҳое, ки бевосита барои рушди ҷомеа ва давлат, аз ҷониби давлату Ҳукумат муқарар карда мешавад, мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ бошад, ин падидаи ҳуқуқиест, ки бевосита барои инкишофи шуур, дониш ва фарҳанги ҳуқуқии инфиродии ҳар шахс нақши калидӣ дорад.
Мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ», гарчанде дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита оварда нашуда бошад ҳам, аммо дар Конститутсия арзишҳое дарҷ гардидаанд, ки мазмун ва моҳияти «маърифати ҳуқуқӣ»-ро ифода менамоянд.
Аз ҷумла, дар моддаи 1-и Конс-титутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст ва дар як вақт Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Дар натиҷаи таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, ки асосҳо, мақсаду ҳадафҳои онро муайян менамоянд, чунин бармеояд, ки «маърифати ҳуқуқӣ» - ин фаъолияти мунтазами мақсадноки давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахс мебошад.
Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки сиёсати давлатӣ, рушди маърифати ҳуқуқиро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, дар тамоми қишрҳои аҳолӣ ва дар ҳамкории фаъолона бо мақомоти давлатӣ, фарҳанг ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назар дорад.
Ҳамзамон, боиси қайд аст, ки дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маориф, падару модарон ва ҷомеаи шарифи кишварамонро ба таваҷҷуҳи дучанд намудан ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандон ҳидоят намуда, аз наврасону ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бо илму донишандӯзӣ вориси шоистаи гузаштагони некномамон бошанд. «Фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба Шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму оинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад».
Илова бар ин қайд менамоям, ки ба қадри неъмате чун Истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддасттарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тағриботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкиму эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Хусрав ХОЛДОРЗОДА,
раиси Суди ноҳияи Шаҳритус
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...