Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «КОРВОНИ ДИДОР» модарони сарбозони хатлониро ба Суғд бурд


«КОРВОНИ ДИДОР» модарони сарбозони хатлониро ба Суғд бурд



Дар арафаи истиқбол аз 33 солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон гурӯҳи модарон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, ки фарзандонашон дар қисмҳои низомии вилояти Суғд адои хизмат доранд, ба дидорбинӣ рафтанд.

20 модари хатлонӣ ҳамроҳ бо намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хат-лон дар доираи «Корвони дидор» аз шаҳри Бох-тар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд раҳсипор гардиданд. 

Душанбеи  нозанин,  табиати  нотакрори  Варзоб, кӯҳҳои сарбасамокашида, манзараҳои дил-фиреби Айниву Шаҳристон таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб кард. Ҳар яке ба худ мегуфт: «Чӣ қадар табиати зебо дорад, Тоҷикистони мо. Сад шукр, ки мо дар ин кишвар зиндагӣ мекунем”. 

Бо хоҳиши ҳайати гурӯҳ дар яке аз ошхонаҳои сарироҳии ноҳияи Варзоб корвонро нигоҳ дошта, наҳорӣ намуда, сафарро идома доданд. Ҳамин тавр ба шаҳри бостонии Хуҷанд расиданд.

Тибқи  нақша  корвон  бояд  аз  шароити  хиз-мати  фарзандон,  ки  дар  қисми  низомии  13356-и ноҳияи Б. Ғафуров адо менамоянд, аз наздик бохабар мегардид. Ҳамин тавр ҳам шуд. Онҳоро масъулин  ба  дидори  ҷигардандонашон  ба  ин қисми низомӣ оварданд. 

«Корвони  дидор»  ба  назди  даромадгоҳи қисми ҳарбӣ ҳозир шуд. Навбатдор ба роҳбарият хабар доду корвон ба қисми ҳарбӣ ворид гардид. Лазаҳои ҷолиби сафар ин ҷо оғоз гардид. 

Баробари аз нақлиёт пиёда шудан, модарон ҷониби  ҳайати  шахсии  сарбозон   шитофтанд. Хастагии  роҳ,  аллакай,  аз  онҳо  дур  шуда  буд. Муовини аввали командир, ки ҳайати модаронро дар  қисми  ҳарбӣ  қабул  карда буд,  -афсаронро  ба  мулоқоти волидайн овард.

Ташаббуси  мазкур  боиси руҳбаландии  сарбозон  ва  хурсандии беканори модарон шуд, ки онҳо бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофару Истиқлоли комил  фарзандони  худро  ихтиёран ба ҳимояи Ватан сафарбар намудаанд.

-  Ман  модари  панҷ  фарзанд.  Се  писар  дорам.  Инак, писари  хурдиам  дар  қисми ҳарбии  13356-и  ноҳияи Бобоҷон  Ғафурови  вилояти Суғд адои хизмат мекунад. Ду писари  калонам  бо  сари  баланд ва бо хоҳиши худ хизмати аскариро  адо  карда,  ба  хона баргаштанд.  Вақте  писарони калониам  аз  хизмат  омада, шароит  ва  муқаддас  будани мактаби мардонагиро дар байни  оила  нақл  карданд,  писари хурдӣ ҳам тасмим гирифту барои  рафтан  омода  шуд.  Инак, 10  моҳ  мешавад,  ҷигарбанди ман  дар  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи  кишвар  дар  баробари  дигар  ҷавонмардон  адои қарзи  шаҳрвандӣ  мекунад.  Мо -як  гурӯҳ  модарон  аз  вилояти Хатлон имрӯз ба вилояти Суғд ба дидорбинии фар-зандонамон омадем. Шарту шароити сарбозон хеле хуб буда, сарбаландона адои хизмат мекунанд. Шук-ри Истиқлол ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки чунин шароитро дар сафи Артиш муҳайё  сохтааст.  Мо  писаронамонро  ба  хизмат  барои  ҳимояи  марзу  буми  Ватан   мефиристем  ва  боз аз ҷониби давлат барои боздид аз шароити хизмати онҳо меоем. Ташаккур, ба раиси вилояти Хатлон барои ташкилу баргузории “Корвони дидор”. Ба шумо - кормандони рӯзномаи "Хатлон" низ ташаккур, ки моро ҳамроҳӣ карда, дар рӯзнома гузориш медиҳед, - гуфт вақти бозгашти “Корвони дидор” аз вилояти Суғд мо-дари сарбоз Ҳикоят Каримова.

- Ман шабе, ки субҳи он бояд ба Хуҷанд мерафтем, аз ҳаяҷон ва хурсандии он ки ба дидори писарам меравам, хоб накардаам, - мегӯяд модари сарбоз аз ноҳияи Кӯшониён Идигул Саидова. Мо соатҳои зиёд дар  роҳ  будем.  Бо  вуҷуди  он,  ки  вазъи  саломатиам хуб  набуд,  бо  дидани  фарзандам  ҳама  дардамро фаромӯш кардам. Аз Роҳбари давлат, раиси вилоят ва он нафароне, ки мо - модаронро ба қисмҳои ҳарбии фарзандонамон  мебаранд,  сипосгузорем.  Аз  наздик шароити  хизмати  фарзандамро  дида,  дилам  осуда шуд. Дар баробари ин аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат кӯшиш мекунем, ки фарзандону наберагонамонро  дар  руҳияи  ватандӯстиву  хештаншиносӣ тарбия карда, барои ҳимояи Ватан омода созем. 

-Ман сарбози қаторӣ Тоҷиддин Саидов. Тӯли як сол аст, ки дар ин қисми низомӣ барои ҳимояи Ватан адои хизмат карда истодаам. Имрӯз модарони мо ба назди мо омадаанд. Мо аз ин хело шод шудем. Ин ҳама ғамхории Ҳукумати мамлакат назди мо масъулият мегузорад, то хизмати аскариро аз дилу ҷон ба ҷо оварда, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар обутоб ёбем. Баҳри ҳимояи хатти сарҳад чун сипари оҳанин истода, намегузорем, ки нохалафе нигоҳи бади худро ба мардум ва хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз афканад. 

Дар рафти боздид маълум гашт, ки дар қисми низомии 13356 шароит барои хизмати сарбозону афсарон хуб аст. Ҷойи хоби сарбозон бо усулҳои ҳозиразамон сохта шудааст. Синфхонаҳои барҳавои  тобистонаю  зимистона,  анбору  сардхонаи  пур  аз маҳсулоти  хӯрокворӣ,  ҳаммоми  муҷаҳҳаз  бо  тамоми  лавозимоти ҳозиразамон гувоҳӣ аз розигӣ ва шароити хуби сарбозон медиҳад. Вақти боздид ва сайругашти модарон ҳамроҳ бо фар-зандон мо гурӯҳи сарбозонеро вохӯрдем, ки дар майдони вар-зишии  қисми  ҳарбӣ  бо  афсарони  масъул  машғул  ба  тамрини бадан буданд. Аз ҷуръату ҷасорати чун Восеъ, бозуи Рустамона ва қомати чун Суҳробу ғурури Темурмаликии онҳо натиҷаи тамринашон баръало мушоҳида мешуд. Маълум буд, ки ин сарбо-зон он қаҳрамононеро мемонанд, ки баҳри дифои марзу номуси меҳан то охирин лаҳза мубориза бурдаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин ду рӯзи сафар ба ноҳияи Бобоҷон  Ғафурови  вилояти  Суғд  шодии  модарони хатлонӣ  ҳаду  канор  надошт.  Онҳо  қайд  карданд,  ки фарзандро  бояд  ихтиёран  ба  сафи  артиш  бипайваст, то ҳимоятгари Ватан бошаду чун марди далеру шуҷоъ тарбиятёфта ба хона баргардад.

Лолагул Шакарова аммаи Наимҷон Валиев, сарбози қисми ҳарбии 13356 мебошад. Ӯ низ дар баробари дигар модарон ба хотири дидорбинии ҷиянаш ба Суғд рафт. Ӯ мегӯяд, бояд аз ҳар лаҳзаи ин тинҷию осудагиро шукрона кунем. Ҳар он модаре, ки фарзанди худро ба хизмати аскарӣ мефиристад, пас ӯ ватандор аст. Зеро Ватан ин домани поки модарон ва оромии ҳар хонадон аст, ки онро сарбозон таъмин мекунанд.

- Мо-модарон пайваста даст ба дуо бардошта мегуем: “Худоё фарзандони моро, ки барои ҳимояи домани поки мову дух-тарони мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шабу рӯз истода, дар ҳама  шароит  амнияти  кишварро  таъмин  мекунанд,  нигоҳбон бош! Сарвари давлатамонро ҳамеша соябони ин миллату давлат гардон. Ин иқдом, ки модаронро ба дидорбинии фарзандон мебарад, ба ман писанд омад. Ман омодаам, ки кулчаву фатир карда, дар дигар сафар низ шуморо ҳамроҳӣ кунам. 

Дар идомаи боздид аз шароит ва буду боши сарбозон дар бинои қисми ҳарбӣ вохӯрӣ бо сарбозону афсарон баргузор карда шуд. Намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят зикр  намуд,  ки  таваҷҷуҳ  ва  ғамхориҳои  Сарфармондеҳи  олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба ин сохтори муҳими давлатӣ дар мадди  аввал  меистад  ва  баҳри  мустаҳкам  шудани  ин  ниҳоди давлативу  ҷалби  ҳарчи  бештари  ҷавонони  ватандӯст  ба  сафи Артиши  миллӣ  ва  таъмин  кардан  бо  муҳимтарин  лавозимоти ҷангӣ чораҳои муассир андешида мешавад. 

Дар  доираи  “Корвони  дидор”  дар  вазъияти  тантанавӣ  як қатор  афсарону  сарбозон  барои  адои  хизмат  ва  саҳм  гузоштан дар пойдории сулҳу ҳифзи марзи давлатӣ бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. 

“Корвони дидор” ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2024 ба сафи артиши кишвар роҳандозӣ карда шудааст.

Маврид  ба  зикр  аст,  ки  масъулини  “Корвони  дидор”  ният доранд,  ки  дар  оянда  низ  ба  дигар  шаҳру  ноҳияҳои  дурдасти ҷумҳурӣ  рафта,  дидори  модаронро  бо  сарбозон  таъмин  мекунанд.

Набиҷони САИДАБРОР,
бохтар-бобоҷон ғафуров-бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода