Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бесаводӣ омили асосии шомил шудан ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ


Бесаводӣ омили асосии шомил шудан ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ




Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шуда, баъдан пушаймонӣ мекунанд, мутаассифона, ин барои худи онҳо ва оилаву наздиконашон мушкилиҳои зиёдро ба миён меорад. Сабаби шомил шудан ба ин гуна гурӯҳҳо, пеш аз ҳама, бесаводӣ аст. Яъне баъзе ҷавонони имрӯза баъди хатми мактаби миёна, бо мақсади пайдо кардани маблағ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Онҷо, дур аз падару модар беназорат монда, ба корҳои ношоям даст зада, аз оқибаташ фикр намекунанд.

Гурӯҳҳои ифротӣ аз нозуктарин мушкилоти муҳоҷирон истифода бурда, ваъдаҳои дурӯғ медиҳанд. Ҷавонони гумроҳ ба онҳо бовар карда, ба доми фиребашон меафтанд. Шахсоне, ки ҷавононро аз роҳ мезананд, бадхоҳи Ватананд. Худ барои Ватан фоидае нарасонидаанд ва ба қадри сулҳу оромӣ намерасанд. Онҳо ватанфурӯшанд. Се омиле ҳаст, ки метавонад ин мушкилотро пешгирӣ намояд: оила, мактаб ва ҷомеа.

Падару модаронро мебояд назоратро аз болои фарзандон ҷиддитар кунанд. Омӯзгоронро мебояд толибилмонро ба хондан бештар ҷалб кардаву ҳамкориро бо волидон мустаҳкам намоянд ва ашхоси калонсол, ки таҷрибаи бештари зиндагӣ доранд, ба ҷавонон насиҳату тарзи дурусти зиндагиро нишон диҳанд. Дар гузаштаи на он қадар дур мо ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида будем, ки то ҳол дар ёдҳо таъсираш боқист. Сулҳу озодӣ осон ба даст наомадааст. Ватан муқаддас аст ва ба қадри ин муқаддасот мебояд расид. Барои ояндагон ин арзишҳои волоро бар ҳар қиммате ки бошад, бояд нигоҳ дошт.

Террористону экстремистон ватан, миллат, дину мазҳаб надоранд ва ба касе раҳм намекунанд. Ин аст, ки ҷавонон қурбони ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд. Илм омӯхтан тафаккури инсонро васеъ кардаву роҳҳои дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Набояд фаромӯш кард, ки кӣ будем ва чӣ шудем. Бо пайдо кардани маблағе худро аз даст надиҳеду ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил нашавед, зеро пушаймон мешавед ва баъд пушаймонӣ суде надорад. Худ қазоват кунед, касе, ки аз дур истода ҳарф мезанад ва барои ин халқ чизе накардааст, ҳаргиз барои ободӣ ва пешрафт мақсад надорад, баръакс, ободии шумо ва ватанро намехоҳад. Магар ин аст нишони мардонагӣ?! Ҷавонмардӣ ин аст, ки барои сулҳу амният ҷони хешро дареғ надошта, барои ободу зебо ва пешрафти кишвар тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба харҷ диҳем!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода