Терроризм зидди муқаддасоти миллист
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 206
Дар солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатарҳои ҷиддие, мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ин зуҳуроти хатарзо ба инсоният, Истиқлол, сулҳу осоиш ва ҳастии давлатҳо таҳдид мекунад.
Терроризм даҳшатафканӣ ва ба вуҷуд овардани тарсу воҳима дар ҷомеа буда, бо воситаи силоҳу зӯрӣ, ба хотири манфиати як гурӯҳ анҷом дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм дар таърихи инсоният зуҳуроти нав нестанд. Аз давраҳои қадим гурӯҳҳои муайян ва қувваҳои гуногун, ки барои ҳокимият, сарвату шуҳрат талош мекарданд, даст ба зӯрӣ, даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон мезаданд ва террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш ва расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебурданд.
Ҳодисаҳои террористие, ки солҳои охир дар мамолики мухталифи олам рух медиҳанд, аз он шаҳодат
медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм дар шаклҳои гуногун реша давонда, ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди даҳшатбор ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта ва амнияти комил дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин зуҳуроти бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин зуҳуроти манфуру хатарноки глобалӣ бетараф набуда, дар самти пешгирӣ ва решакан кардани ин амали манфур муборизаи беамон мебарад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳо ва шахсони ба гурӯҳҳои террористӣ алоқаманд пешгирӣ ва безарар гардонида шуд, ки он натиҷаи фаъолияти фаврии мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим ба масоили ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву Истиқлоли Ватан ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманон ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва хатару таҳдидҳои ошкорои гурӯҳҳои тундрав моро мебояд, ки дар таъмини сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ, якпорчагӣ, истиқлоли сиёсии кишвар ва решакан намудани ин падидаҳо саҳмгузор бошем.
Масъалаи муҳим дар ин самт ин тарбияи насли наврас ва ҷавонон аст. Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ гурӯҳҳои тундраву манфиатҷӯ ва террористию экстремистӣ басо зиёд гардидаанд, ки фазои маҷозиро бо туҳмату буҳтонҳо пур карда истодаанд. Ин гурӯҳҳо бо суханҳои бофтаю дурӯғ ва ақидаҳои ғаразноки худ мақсади халалдор намудани сулҳу суботи кишварҳои ободу зеборо доранд ва мехоҳанд, ки бо чунин разиливу бадсириштӣ амнияту оромии миллату давлатҳоро халалдор созанд. Дар ин росто мақсади асосии онҳо ба доми худ афтонидани ҷавонону наврасони ноогоҳ ва аз ҷиҳати мафкуравию сиёсӣ заиф мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мам-лакат ба ин қишри ҷомеа диққати махсус медиҳад. Пешвои миллат дар суханрониҳояшон ҷавононро барои ҳифзи Ватан, донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир тарғиб мекунанд ва ба онҳо чӣ будани неъмати ваҳдату истиқлолро баён месозанд, инчунин онҳоро аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳанд, ки ин далолат ба ғамхор будани Пешвои миллат ба мардуми тоҷик, хусусан насли наврас ва ҷавонон мекунад.
Дар самти пешгирии онҳо аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-сиёсии ҷавонон ҳар як шахси солимфикри ҷомеа, масъулони мақомотҳои қудратӣ, мақомоти маҳаллӣ, волидон, маориф ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки корҳоро дар ин самт ҷоннок намоянд. Волидонро мебояд дар таълим ва тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намуда, масъалаи истифодаи шабакаҳои интернетиро аз ҷониби фарзандон зери назорати қатъӣ гиранд.
Бояд ҷавонони мо дарк намоянд, ки пос доштани ин муқаддасот ҳам қарз, ҳам масъ-улият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба миллат ва давлатро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.
Наврӯз ТоҳиРзода,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00