Гармии ҳаво он ба чӣ зарар ва ба кӣ зиён мерасонад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 193
Дараҷаи баланди гармии ҳаво ба инсон ва табиат таъсири манфӣ мерасонад. Мутахассисони соҳаи тиб ин вазъро мураккаб арзёбӣ намуда, сокинонро ба худдорӣ аз гаштугузори бемаврид дар хиёбонҳо таъкид намудаанд. Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво талаботи организм ба об бештар мегардад. Дар ин рӯзҳо сокинон ба салқинҷойрӯ ҷониби кӯлу дарёҳо меоранд, ки ин амал аз таҳдиди хатари ғарқшавӣ эмин намегузорад.
Аз гармии зиёд кӯдакони навзод осепазир гардида, ҳарорати бадани онҳо нисбат ба калонсолон ба таври назаррас баланд шуда, зери хатари сироятёбӣ ба баъзе бемориҳо қарор мегиранд. Имрӯзҳо дар баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво бемориҳои мавсимӣ низ дар миёни ҷомеа хуруҷ карда, таъсири манфӣ ба саломатии одамон мерасонад. Ба хотири ҳифзи саломатӣ ва сироят наёфтан аз ҳар гуна бемориҳо ҳар як фардро лозим аст, ки дар ҳарорати беш аз 40 дараҷа гармии ҳаво аз маслиҳату машварати судманди мутахассисони соҳаи тиб истифода баранд.
Ҳаким Қурбонзода, корманди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон доир ба ин масъала чунин иброз намуд: “Бемориҳое мавҷуд аст, ки ба гармии ҳаво алоқаманд буда, вобаста ба ҳарорати баланди ҳаво хуруҷ мекунанд. Барои пешгирӣ аз ин бемориҳои мавсимӣ ҳар як нафарро лозим аст, ки дар фасли гармо бештар об нӯшанд. Чунки организм обро бештар талаб мекунад”.
Чӣ тавре ки ба мушоҳида мерасад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозорҳо фурӯши обҳои хунуки ташнагишикан ба роҳ монда шудааст. Ба андешаи мутахассисон, дар фасли тобистон, нӯшидани чунин нӯшокиҳо ба саломатии инсон зараровар буда, ангезандаи як қатор бемориҳо мебошад. “Нӯшокиҳои ташнагишикане, ки дар ҳар гӯшаву канори бозор, зери гармии офтоб ба фурӯш бароварда шудааст, мо аз он истифода меба-рем. Дар навбати аввал ин нӯшобаҳо наметавонанд талаботи организмро қонеъ гардонанд, боиси пайдоиши бемориҳои домана, зардпарвин ва бемории дарунрав мегарданд. Бештар дар байни кӯдакону наврасон ин гуна бемориҳо хуруҷ мекунад. Зеро онҳо дар вақтҳои гармӣ бештар дар ҳаракат буда, аксаран дар ҳолати беназоратӣ қарор доранд ва аз обҳои ҷӯйбор ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯнабударо менӯшанд ва оббозии аз ҳад диёд мекунанд”-мегӯяд Ҳаким Қурбонзода.
Албатта, гармии тоқатфарсои фасли тобистон сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва ҳатто наврасонро ба канори кӯлу дарёҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ мебарад. Аммо бархе аз шаҳрвандон дар сурати надонистани қоидаҳои шиноварӣ ба ҳолатҳои ғарқшавӣ дучор меоянд. Марбут ба ин Бахтиёр Раҳмонзода, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон қайд менамояд, ки “Шаҳрвандон дар кӯлу дарёҳо, дар ҷойҳое, ки барои шиноварӣ хавфнок муайян шудааст ва ҳатто бо овезаҳо навишта шудааст, ки “Дар ин ҷо шиноварӣ манъ аст!”, оббозӣ карда, ба ҳолати ғарқшавӣ оварда мерасонад.
Аз ҳисоби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, дастаи махсуси наҷотдиҳӣ ба таври шабонарӯзӣ навбадорӣ ташкил намуда, дар ҳолати расидани хабари фаврии ҳолати ғарқшавӣ ба ҷойи ҳодиса омада, корҳои наҷотдиҳиро оғоз мекунад”. Тибқи иттилои ин ниҳод, то имрӯз беш аз 38 нафар шаҳрвандони синну соли гуногун: то даҳсола 9 нафар, аз 10 то 18-сола 18 нафар, аз 18 то 45-сола 11 нафар ғарқ шудаанд.
Тавре ҳамсуҳбати мо қайд намуд: “То ҳол муяссар нашудааст, ки ягон нафари ғарқшударо саломат наҷот дода, аз об берун бароварда бошем. Ҳангоме ки нафаре ғарқ мешавад, дигарон ба зудӣ ба мо хабар намедиҳанду худ кӯшиши наҷот додани ғарқшударо ме-кунанд. Дар сурати аз даст додани он нафар баъдтар ба мо хабар мекунанд, ки аллакай дер шудааст”.
Ҳар яки моро лозим аст, ки дар ҳолати нигаронку-нандаи гармии аз меъёр зиёд, тавсияву маслиҳатҳои судманди мутахассисонро истифода намуда, баҳри солимии худ ва наздикон саҳмгузор бошем. Чанд тавсияи мутахассис:
-риоя намудани соатҳои корӣ дар давоми рӯз;
-анҷоми корҳои саҳроӣ дар қисмати саҳар ё бегоҳ бояд сурат гирад;
-риояи дурусти либос, дар фасли гармо либосҳои аз матои пахта омодашударо бояд бештар ба бар кард;
-маҳсулоти шириро бештар ис-теъмол кард.
Абдулло Риоев, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00