осорхонаи қаҳрамони меҳнат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 169
Дар маркази Ҷамоати деҳоти “Нури Вахш”-и ноҳияи Дӯстӣ ба эҳтиром ва бузургдошти яке аз чеҳраҳои шинохтаю обрӯманди ҷумҳурӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Эшбек Сатторов осор-хона бунёд карда шуд. Инчунин, дар саҳни ҳавлии Кооперативи истеҳсолӣ –тиҷоратии ба номи Эшбек Сатторов нимпайкараи ӯ гузошта шуд.
Дар маросими кушодашавии осорхона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва меҳмонони зиёде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода ба ин чорабинии тантанавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида,меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас, дар бораи рӯзгори ибратбахшу фаъолияти фаъолияти меҳнатии Эшбек Сатторов сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки ӯ бо дасту дили пок, меҳнати ҳалол ва хислатҳои наҷиби инсониаш ном баровард.
Воқеан ҳам Эшбек Сатторов аз зумраи чунин роҳбарони хоҷагӣ буд, ки фаъолияти корӣ ва умри хешро барои ободонӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, обёрӣ, роҳсозӣ, дарахтшинонӣ ва накукорӣ сарф намудааст. Ин марди фидоӣ ва роҳбари муваффақи хоҷагӣ дар замони 33 соли раиси колхоз буданаш аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ (солҳои 1941-1974) зиё-да аз 40 километр роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш намуд. Ҳамзамон дар ин давра 25 кӯпруки хурду миёна, якчанд муассисаи таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва барои кол-хозчиён 140 хонаи истиқоматӣ бунёд карда шуд.
Колхози “Янгиобод”, ки ба он Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Эшбек Сатторов роҳбарӣ мекард, дар миқёси ноҳияву вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол, пешқадам ва серсоҳа буду ҳар сол ба давлат зиёда аз 6 000 тонна “тиллои сафед” месупорид.
Ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, собиқ вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эшбурӣ Эсанқулов зимни баромади хеш хизматҳои шоистаю шоён ва фидокориҳои қаҳрамони меҳнат Эшбек Сатторовро дар рушди иқтисодии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ ба таври мусбат арзёбӣ намуд.
Натиҷаи меҳнати аҳлона ва роҳбарии оқилонаи ӯ буд, ки майдони киштзор аз 11 гектар ба 4 830 гектар (аз ҷумла 1 400 гектар пахта), саршумори чорвои майдаи шохдор аз 300 сар ба 1 200 сар ва чорвои калони шохдор аз 6 сар ба 1 500 сар расонида шуд.Ҳамчун роҳбари кордон ва мушфиқу дилсӯз ба рушди мактабу маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ диққати ҷиддӣ медод.
Яке аз фарзандони Эшбек Сатторов устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав, докто-ри илмҳои математика, профессор Абдурасул Сатторов дар баромадаш зикр намуд, ки мо - 14 нафар фарзандон аз чунин падари бузургу шуҳратманд ифтихор менамоем.
Падарам нақл мекарданд, ки оилаи онҳо миёнаҳои солҳои 30-юми асри гузашта аз деҳаи Янгиариқи Тирмизи Узбекистони ҳамсоя барои азхудкунии заминҳои туғайзору қамишзор ва бекорхобидаи водии Вахш ба ноҳияи имрӯзаи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликул) муҳоҷир карда оварданд.
Онҳо тавонистанд, ки тавассути меҳнати фидо-корона туғайзору қамишзор ва ботлоқзорҳоро ба боғу гулистон табдил диҳанд.
-Падари қаҳрамони ман корро аз колхозчии одӣ сар карда, то муҳосибу сармуҳосиб ва раиси колхоз расид,- гуфт профессор Абдурасул Сатторов. Хизмату ғамхориҳояш дар таълиму тарбияи фарзандонаш беназир аст. Ҳамаи 14 нафар фарзандонро хононда, соҳиби маълумоти олӣ намуд.
Фарзандон номбардори падари шуҳратёр буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар сарбаландона меҳнат карда истодаанд. Ду нафар фарзандашон (руҳашон шод бод)- Хушвахт Эшбеков (иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Улдона Сатторо-ва (ду даъват) вакилони Шурои Олии Тоҷикистн буданд.
Мо - фарзандон мисли падари бузургвору қаҳрамонамон ҳамеша кӯшиш менамоем, ки дар рушди босуботи кишвар, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи хешро гузорем, - афзуд А. Сатторов.
Воқеан ҳам шиносоӣ ва тамошои осорхонаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Эшбек Сатто-ров ба кас таассуроти неку хотирмон мегузорад.Ҳамаи аксу ҳуҷҷатҳои расмӣ, китобу мусаввараҳо ва нишондодҳои комёбию дастовардҳои хоҷагии “Янги-обод”, ки 33 сол роҳбарии онро ба уҳда дошт, бозгӯи онанд, ки Эшбек Сатторов маҳз тавассути донишу малака, таҷрибаи бой, заҳматҳои пайваста ва хислатҳои неки инсониаш соҳиби обрӯ ва қадрдониҳои зиёд гардидааст.
Маҳз барои ҳамин меҳнати поку софдилона ва фидокориҳояш соли 1956 соҳиби унвони Устоди пахтаи Тоҷикистон, соли 1957 унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, соли 1960 нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон”, соли 1961 “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, ҳамчунин бо 2 ордени Ленин, 3 ордени “Байрақи сурхи меҳнат”, ордени “Нишони Фахрӣ” ва бисёр мукофотҳои дигар сарфароз гардонида шудааст. Оре, ин марди шарифу инсони комил ҳамеша дар ёдҳо ва дилу дидаҳои мост.
Зиндаю ҷовид монд, ҳар к-ӯ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Н. Маъмурзода,
Аъзам Бобоев
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...