Ҷудошавии зану шавҳар беш аз ҳама фарзанд ранҷ мекашад...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 209
Тибқи маълумоти шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят, дар
нимаи якуми соли ҷорӣ 1049 оила аз ҳам ҷудо шуда, дар натиҷа 837 кӯдак дар тарбияи модар ва 35 фарзанд дар тарбияи падар монданд. Ҳангоми ҷудо шудани волидон бо ҳолати равонии фарзандон чӣ мешавад? Муносибати байни волидайнро нигоҳ доштан на ҳамеша имконпазир аст, аммо донистани он ки кӯдакон ҳангоми талоқ чӣ эҳсос мекунанд, барои фаҳмидани он ки бо кӯдакон чӣ рӯй дода истодааст, ёрӣ мерасонад.
Талоқ аз ҷумлаи он рӯйдодҳои таъсиргузори ҳаёти кӯдак аст, ки аксар вақт боиси пайдоиши аломатҳои невротикӣ мешаванд - тар кардани хоб, хашмгинӣ, депрессия, регрессия, бемориҳои психосоматикӣ, мушкилот дар мактаб ва ғайра. Равоншинос Ирина Гурова дард, тарс аз ҷудоӣ, рӯгардонӣ ва хиёнат, гум карда-ни қисме аз шахсияти худ, хашмгинӣ ва эҳсоси гуноҳ, инкишофи невротизатсияро ҳамчун пайомадҳои таъсири манфии талоқи волидайн барои фарзандони ноболиғ номбар кардааст.
1. ДАРД
Нишон додани дарди кушод ягона роҳи барта-раф кардани он аст. Дар акси ҳол, онро “коркард кар-дан” мумкин нест ва сипас, захмҳои амиқ дар шакли осеби равонӣ то абад дар вуҷуди кӯдак боқӣ мемонанд. Ҷудошавии волидайн барои кӯдакон дардо-вар аст, зеро ниёзҳои асосии кӯдак ба субот, амният, муҳофизат, муҳаббат ва қабули онҳо қонеъ карда на-мешаванд.
2. ТАРС АЗ ҶУДОӢ, РӮЙГАРДОНӢ ВА ХИЁНАТ
Талоқ ё рафтани яке аз волидайн аз оила боиси як қатор тарсҳои кӯдакон мегардад. Пеш аз ҳама, тарс аз он ки дигар ҳеҷ гоҳ волидайнро намебинад. Яъне тарси ҳамеша аз даст додани шахсе, ки бештар аз ҳама дӯст медоред. Тарси дигар ҳам аксар вақт илова карда мешавад, махсусан барои кӯдакони хурдсол.
Охир, волидайн аксар вақт сабабҳои ҷудошавиро чунин шарҳ медиҳанд: «Мо дигар якдигарро дӯст наме-дорем ва бисёр ҷанҷол мекунем» ва ғайра. Дар ҳамин ҷо хаёли кӯдаконеро, ки зиндагиашон то ҳол каму беш хушбахт буд, нобуд кардан мумкин аст: боварии онҳоро ба абадияти ишқ. Онҳо ногаҳон мефаҳманд, ки муҳаббат низ анҷом дорад. Кӯдак ба худ савол медиҳад: “Агар ишқ низ ба охир расад (байни модару падар), кӣ медонад, шояд муҳаббати модар ё падар ба ман ҳам рӯзе тамом мешавад?” Ин маънои онро дорад, ки кӯдакон ҳангоми талоқ ба таври ҷиддӣ метарсанд, ки шояд рӯзе онҳо аз ҷониби волидонашон партофта мешаванд.
3. ГУМ КАРДАНИ ҚИСМИ ШАХСИЯТ
Ҷудоӣ на “танҳо” боиси ноумедӣ, ғамгинӣ ва тар-су ҳарос мешавад, ҳамчунин ба як навъ аз даст до-дани худ низ сабаб мешавад. Кӯдакон ба шахсияти худ хислатҳоеро аз нафари дӯстдоштаи худ дохил мекунанд. Аз ин рӯ, рафтани волидайн як қисми шахсияти кӯдакро аз байн мебарад. Таъсири ҷудошавӣ ба кӯдакон назар ба калонсолон хеле шадидтар аст, зеро дар раванди рушди шахсияти онҳо бар шиносоӣ бо ҷанбаҳои шахсияти волидайни онҳо асос ёфтааст. Ҳамин тариқ, ҷудоӣ кӯдакро на танҳо хеле танҳо мекунад, ҳамчунин аслан ӯро “нима” мекунад.
4. ХАШМГИНӢ Ва ҲИССИ ГУНОҲ
Ҷудошавии волидон боиси хашмгинии кӯдакон мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки кӯдак худро партофташуда, хиёнатдида ҳис мекунад, эҳсос мекунад, ки ба хоҳишҳои ӯ эҳтиром намегузоранд. Хашм метавонад ба тарс муқобилат кунад. Бештари вақт кӯдакон хашми худро бар зидди он зодманде равона мекунанд, ки ба фикрашон, сабабгори ҷудошавии оила мебошанд.
Бисёре аз кӯдакон худро дар талоқ айбдор мекунанд. Ва кӯдакон ҳар қадар хурд бошанд, ҳамон қадар бештар худро гунаҳкор ҳис мекунанд. Дар ин ҷо марҳилаи инкишофи кӯдак нақши калон мебозад.
Кӯдак табиатан худпараст аст, яъне худро маркази олам ҳис мекунад ва танҳо тасаввур карда наметавонад, ки чизе дар ин ҷаҳон бе иштироки ӯ рух медиҳад. Кӯдакон як намуди тафаккури сеҳргарӣ доранд. Аксар вақт дар муноқишаҳои оилавӣ кӯдакон ҳамчун миёнарав баромад карда, кӯшиш мекунанд, ки волидонро оштӣ диҳанд ва агар ноком шавад, пас, барои кӯдак ин нокомии кӯшишҳои ӯ мебошад.
Баъзе аз аломатҳои хашмгинӣ, ки дар кӯдакон ҳангоми талоқ ба вуҷуд меоянд, на танҳо аз ноумедӣ, хашм ё тарси кӯдакӣ, балки қисми зиёди он аз эҳсоси гунаҳкорӣ сарчашма мегиранд.
Кӯдакон бояд қодир ба “ақибнишинӣ” шаванд, то боварии ҳангоми талоқ гумшударо барқарор кунанд.
Зуҳуроти регрессия афзоиши вобатагӣ, зарурати назорати волидайн, майл ба ашк ва ҳавасҳо, инчунин метавонад тарк кардани хоб, ҳамлаҳои хашмгинона ва ғайра бошад.
5. ИНКИШОФИ НЕВРОТИЗАТСИЯ
Агар дар ин вақт низоъ ва тарси кӯдакон хеле зиёд шавад, он гоҳ метавонад вайроншавии системаи муҳофизат ба амал ояд. Системаи дифоъ ба мувозинати равонӣ дахл дорад, ки мо дар тӯли ҳаёти худ бехабар эҷод мекунем, то тавонем бар зидди муноқишаҳои дохилипсихикии худ мубориза барем. Вақте ки ин мувозинати мо ва стратегияҳои зиндагии бешууронаи мо вайрон мешавад, низоъҳои куҳна - дар ин маврид низоъҳое, ки қабл аз талоқ аз сар гуза-ронидаанд, аҳамияти қаблии худро пайдо карда, сабаби воҳима ва тарс мешаванд, инчунин ҳолатҳое, ки кӯдак мустақилона аз он баромада наметавонад. Он ба регрессияи шахсият дар марҳилаи аввалияи рушд рост меояд. Ин рахнашавии шадиди муноқишаҳои куҳнаи дохилипсихикӣ ва таъсироти тоқатфарсои бо онҳо алоқаманд (ки замоне саркӯб карда шуда буданд) боиси афзоиши беандозаи нобоварӣ ба худ ва тарси аз ҳад зиёди кӯдак мегардад.
Ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Аз бими он, ки тарсу ҳарос пурра фаро гирифта шавад, «ман»-и кӯдак кӯшиш мекунад, ки ҳарчи зудтар ба ин ранҷ хотима гузорад. Ва он гоҳ ӯ дигар илоҷе нахоҳад дошт, ба ҷуз аз бунёди як ҳимояи нав бар зидди эҳсосоти манфие фаъол карда шавад, ки дар натиҷаи талоқ як вақтҳо ба амал омада буд.
Ин маънои онро дорад, ки эҳсосот, фикрҳо ва хаёлҳои куҳна саркӯб карда мешаванд, аммо дер ё зуд онҳо дубора бармегарданд, гарчанде ки дар шакли тағйирёфта, яъне дар шакли аломатҳои невротикӣ, ки тадриҷан пайдо мешаванд. Онҳо метавонанд ба таври зоҳирӣ ноаён боқӣ монанд ё дар шаклҳое ифода карда шаванд, ки дигарон онҳоро тағйироти комилан мусбат дар рафтор мешуморанд: кӯдакон, масалан, оромтар ба назар мерасанд, дар мактаб саъю кӯшиш мекунанд ва бисёр модарон шоданд, ки кӯдак дигар падарашро пазмон намешавад ва ба шароити зиндагӣ беҳтар мутобиқ мегардад.
Мушкилоти эмотсионалии волидайн, ки сабаби аслии талоқ мешаванд, боиси таҳрифи патологӣ дар муносибатҳои байни модар ва кӯдак мегардад.
Кӯдак бояд на танҳо итминон дошта бошад, ки модар ва падар ӯро дӯст медоранд, вай бояд донад, ки худи ӯ ҳақ дорад, ки ҳарду волидонро дӯст дорад. Агар волидайн бо ҳамдигар забон наёбанд, ин кӯдаконро ба мушкилоти равонӣ оварда мерасонад.
Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин донишу маърифати кофӣ надоштани на-вхонадорон аст. Агар ҷавонон, чи писар ва ё чи духтар маълумоти кофӣ дар бораи ҳикмати зиндагӣ ва вазифаи асосии падару модариро дошта бошанд, ин масъала то ҳадде ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро агар бо доштани маълумоти зарурӣ ё ҳадди ақал ибтидоӣ агар издивоҷ намоянд, оила ба пошхӯрӣ намеравад.
Ба андешаи ҳуқуқшинос Мавлуда Ҳесейнова, барои пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ва кам кардани таъсири манфии талоқи волидайн ба фарзандон дар назди идораҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба навхонадорон дарсҳои оиладорӣ гузаронанд. Ҳамчунин, волидон ба издивоҷи хешутаборӣ роҳ надиҳанд ва духтарони худро соҳибмаълумот карда, баъд хонадор намоянд.
Оила муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунонки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”.
Аз нигоҳи Ҷамолиддин Хомӯшов, сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае, ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд. “Дар оилае, ки тибқи принсипҳои исломӣ асос ёфтааст, ҳамеша меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ ҳукмрон аст. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад”, афзуд Ҷ. Хомӯшов.
Вақте ки зану мард зиндагии муштараки заношӯиро ташкил мекунанд, давраи ҷадидеро шуруъ менамоянд ва идома додани он бояд ба таври шарофатмандона ва бо риоя намудани ҳуқуқи якдигар бошад. Гузаштаи худ, талхиҳо ва мушкилоти даврони кӯдакӣ ва хурдсолиро, ки бар волидайн таҳмил шудааст, аз ёд набарем. Падару модар бояд фарзандонро бар асоси муҳаббат тарбият кунанд.
Дар оилае, ки якдилию ҳамфикрӣ ҳукмрон аст, дар он оила фарзандон ҷисман ва рӯҳан солим тарбия ёфта, ба камол мерасанд ва чунин оиларо метавон аз оилаҳои хушбахт номид.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...