Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ


Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ




Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон зарурати таҳия ва амалӣ сохтани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Ин заруриятро, хушбахтона, давлат ва Ҳукумати навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 дарк намуда, пайи амалӣ намудани он шуданд.

Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати  ҳуқуқӣ”  иқдоми саривақтӣ  мебошад,  зеро давлат  ҳамон  вақт  пеш меравад,  ки  мардумаш соҳибмаърифат бошад, аз  ҷумла  маърифати ҳуқуқӣ  дошта  бошад ва  дар  ҳамон  вақт сатҳи  содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ  дар ҷомеа коҳиш меёбад.

Фарҳанги  ҳуқуқи инсонӣ  дар  равандҳои ҷомеа инкишофи фаъолияти  ҳуқуқӣ  мебошад.  Аз  ин хотир  унсури  дигари  фарҳанги ҳуқуқии  ҷомеа  сатҳи  ташаккули  тамоми  низоми  санадҳои  ҳуқуқӣ,  яъне матнҳои ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо  ҳуқуқу  вазифаҳои  бошандагони  ҷомеа ҳамаҷониба ва мушаххас иброз гардидаанд.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзи-ми тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъ-сир дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.

Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст, ки ин боис мегардад, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти  самарабахши  низоми  сиёсӣ  ва ҳуқуқӣ мебошад.

Бояд  зикр  намуд,  ки  дар  асоси  Консепсияи  сиёсати  ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат  ва  шуури  ҳуқуқии  аҳолӣ,  таълим  ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб  мешавад  ва  ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани  мақсадҳо,  вазифаҳо,  афзалиятҳо, воситаҳо,  шаклҳои  тарбияи  ҳуқуқӣ  баромад намуда,  тавассути  таъмини  сатҳи  баланди маърифати  ҳуқуқӣ,  тарғиби  ҳуқуқӣ,  инкишофи  илми  ҳуқуқшиносӣ  ва  тарбияи  кадрҳои ҳуқуқшиносони  касбӣ  амалӣ  мешавад.  Тар-бияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи  сиёсӣ,  ахлоқӣ,  меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тар-бияи  инсон  бояд  анҷом  дода шавад.

Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ  ва  нақши  калидии шаҳрвандони  аз  нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини  пешрафти  давлатдо-рии миллӣ бо иқдоми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  кишвари  мо  заминаи  мукаммали  ҳуқуқӣ-қонунӣ  фароҳам омадааст.  Фармонҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат,  барномаҳои  вижаи  давлатӣ  дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд.  Дар  назди  Вазорати  адлия  Шурои  ҷумҳуриявии  тарбияи  ҳуқуқии  аҳолӣ амал  мекунад.  Маърифати  ҳуқуқӣ  мафҳуми дар  назари  аввал  мураккаб  буда,  дар  асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад. Он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс - шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни  роҳбариро  дар  доираи  қоидаҳо, қонунҳо,  инчунин  риояи  меъёрҳои  умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.

Дар бинои мақомоту муассисаҳои давлатӣ ҷойгир намудани лавҳаҳо ва дар сомонаҳои расмии онҳо кушодани саҳифаҳо вобаста ба шарҳу  тавзеҳи  қонунгузорӣ,  гузаронидани семинар, тренинг ва курсҳои омӯзишии ройгон, ташкил намудани клиника ва марказҳои ҳуқуқии ройгон ҳамчун машваратдиҳии ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Дар  зери  мафҳуми  ташвиқу  тарғиби ҳуқуқӣ бошад, ба маълумоти ҳар як шаҳрванд расонидани моҳияти сиёсати ҳуқуқии давлат, ҳуқуқу  уҳдадориҳои  инсон  ва  шаҳрванд  ва ҳифзу ҳимояи онҳо фаҳмида мешавад.

Дар  маҷмуъ,  тарзу  усулҳои  зикргардида метавонад,  баҳри  баланд  бардоштани  маъ-рифати ҳуқуқии шаҳрвандон истифода гарди-да,  дар  рушди  ҷомеаи шаҳрвандии  кишвар саҳми босазо гузорад.

Д. ЗУҲУРИЁН,
ёрдамчии раиси 
Суди вилояти  Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода