Чин дар Хатлон неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ месозад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 244
Ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла, бунёди зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳми муносиб ва калидӣ гузоштааст.
БУНЁДИ ЗЕРИСТГОҲҲОИ БАРҚӢ
Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ба масофаи 263,8 км, «Роғун-Душанбе» ба масофаи 198 км, зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Ло-лазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ» 83,2 км бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардиданд.
ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОФАЪОЛАНД
Дар маҷмуъ, барои татбиқи ин лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки со-дироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин 880 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзи имтиёзнок пешниҳод шудааст. Дар баробари ин, сармояи мустақими ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон 197 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи элекроэнергетикаи Тоҷикистон ширкатҳои бону-фузи Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши бориз гузоштаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои «Повер-Чай-на», «ТВЕА», «Хуавей», «Сино-хайдро», «Пингао», «Кайфа» ва «Хексин» дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба ҳайси пудратчӣ ва таҳвилкунандаи таҷҳизот иштирок менамоянд.
КОРҲОИ ГЕОФИЗИКӢОҒОЗ ЁФТАНД
Ҳамзамон дар соҳаи нафту гази Тоҷикистон яке аз ширкатҳои бонуфузи Чин «CNPC», ки ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам сатҳи ҷаҳон нуфуз дорад, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Аз ҷониби ширкати «CNPC», корҳои таҳлилии маводҳои геологӣ ва намунабардорӣ ба миқдори 407 адад дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон мавриди таҳлили дақиқ қарор гирифт.
Дар натиҷаи таҳлилҳо минтақаи маҳаллии қабатҳои сохторӣ, интихоби минтақаи мусоид ва қапқонҳои эҳтимолӣ ба-рои гузаронидани корҳои гравӣ ва магнитоиктишофӣ муайян гардиданд.
Дар асоси ин гузаронидани корҳои геофизикӣ дар майдони 14 800 км2 дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон оғоз ёфта, охири моҳи июли соли 2024 гузарондани корҳои сейсмоинкишофӣ ба нақша гирифта шудааст.
РУШДИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИЭНЕРГИЯ
Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2023 бо ширкати ТВЕА ва моҳи майи соли 2024 байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «POVER – CHINA»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёд-дошти тафоҳум оид ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба имзо расид. Дар дои-раи ин Ёддошти тафоҳум омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ дар нақша гирифта шуда, ширкатҳо ният доранд, ки марҳила ба марҳила силсилаи неругоҳҳои офтобию бодиро дар ҳудуди Тоҷикистон маблағгузорӣ ва бунёд намояд, ки иқтидори умумии онҳо 1500 МВт хоҳад буд.«Eging PV Technology Co., LTD» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» зеристгоҳи барқии офтобӣ месозад.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин оид ба сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи ин санад ширкати «Eging PV Technology Co., LTD» тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 миллион доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
35 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ ТАТБИҚ ГАРДИД
Дар солҳои Истиқлоли дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи электроэнергетикаи мамлакат дар маҷмуъ 35 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст, ки барои рушди соҳаи энергетика, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энер-гетикии мамлакат мебошад, дастовардҳои мусбатро ба бор оварданд.
Марзия САИДЗОДА
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...