Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ


Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ




27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Мутаассифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодида, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда дод: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қимату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Дар чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед, рӯ ба таърих биёрем. Салтанати бузурги Сосониён, то замоне ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод, қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне, ки ваҳдат дар он халалдор шуд, он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар, давлати Сомониён. То замоне ки фарҳанги ваҳдатсози асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд, давлати Сомониён ҳам пойдор буд. Ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ дастовардҳои бузурги илмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд.

Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён аҷдодони мо ба пешравиҳои беназире дар илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар соҳаҳо ноил гаштаанд. Ситораҳои илму фарҳанги он замон Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо дигарон бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ дар таърихи башарият нақши босазои худро гузоштаанд, ки ифтихори миллатанд. 

Ҳамаи он дастовардҳо аз ваҳдат ба даст омада буданд. То замоне ки ваҳдат поянда буд, халқ орому осуда зиндагии осоишта ба cap мебурд. Пас, бузургии ваҳдатро пос бояд дошт ва ба қадри бебаҳо будани ин дастоварди миллат бояд расид.

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк созад ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт».

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори Сардори давлат, албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор сохта, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд. Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо-фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст, яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас, биёед, иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ёдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи якум

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода