Асоси пешравии давлату миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 142
Имрӯз дар саросари кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо халқи сулҳпарвару сарбаланди тоҷик 27-умин солгарди Ваҳдату ягонагии миллатро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва ҳисси баланди миллӣ ҷашн мегиранд.
дар кишвар маҳсуб ёфта, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, тақвият бахшидан ба корҳои идеологӣ, рушду пешрафти кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳо, тарғиби арзишҳои миллӣ, равнақ бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тақвияти фаъолият дар самтҳои афзалиятноки хоҷагии мардум, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳимояи марзу буми кишвар саҳми босазо гузошт.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кишвари мо ба пешравиҳои бузурги сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид, ки дар ҳаёти минбаъдаи кишвар заминаи нек гузошт. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби солҳои навадуми қарни гузашта мардуми кишварро водор сохт, ки дар таъмини амнияти милливу давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, таҳкими истиқлолу ҳифзи арзишҳои миллӣ бетараф нашуда, барои нигоҳ доштани ин неъматҳои бузург андеша кунанд. Барои расидан ба ин ташаббусҳои нек мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбаладии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои ободии кишвар софдилонаю содиқона меҳнат намуданд.
Гузаштаи на он қадар дур, ки як марҳилаи кӯтоҳ, вале тақдирсозро фаро гирифта буд, барои кишвари мо навгониҳои зиёдеро овард. 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳифаҳои нав боз шуд. Бояд қайд кард, ки Ваҳдати миллии мо ба осонӣ ба даст наомада, дар ин ҷода заҳматҳои ҷавонмарди худогоҳу хирадманд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи барӯманди кишвар хеле назаррас аст. Хусусан, баҳри ба Ватан баргардонидани гурезаҳои фирорӣ, ки беш аз 1 миллион нафарро ташкил медод, маҳз азму талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Ҳадафи асосии Ваҳдати миллӣ муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои мухталифи иҷтимоӣ дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти миллӣ, аз буҳрон раҳоӣ намудани ҷомеа, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад. Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар амалигардонии вазифаҳо дар муҳимтарин самтҳои тараққиёти мамлакат, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён мегарданд, хеле равшану возеҳ мебошад.
Маҳз бо шарофати таҳкими Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик тавонист Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардонад ва амнияти озуқавориро таъмин намояд.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ибтикору иқдомҳои неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар низ барои зиндагии шоистаи мардум як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба роҳ монда шудааст. Мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти шаҳри Бохтар низ дар пешравии маҳал саҳми назарраси хешро гузошта, барои ташкилу гузаронидани корҳои созандагӣ пайваста талош мекунанд. Дар ин раванд, соҳибкорони шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои боло бурдани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон саҳми босазо гузоштанд.
Мардуми шаҳри Бохтар моҳияти пойдории Ваҳдати миллиро амиқ дарк намуда, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои корами обӣ аз ҳамаи имконияту шароитҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Ҳама дастовардҳои замони Истиқлол аз шарофати Ваҳдати миллӣ мебошад ва боиси хушнудист, ки халқи сулҳдӯсту бофарҳанги шаҳр моҳияти пойдории онро дарк намуда, барои таъмини зиндагии босаодати хеш якдилона талош менамоянд.
Сокинони шаҳр барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми корхонаю ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонии миқёси шаҳр барои ободу зебо гардонидани маҳалли зист, кӯчаю хиёбон, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ амалҳои созанда ва ташаббусҳои арзанда нишон медиҳанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар майдони Парчаму Нишони давлатӣ, майдони марказӣ бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, “Маҷмааи Ваҳдат”, Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ, бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, муассисаҳои давлатии коммуналию чароғонкунӣ ва ороишӣ, истгоҳи нақлиётии “Нурафкан”, зиёда аз 25 гулгашт барои фароғати шаҳрвандон, зиёда аз 30 майдончаи варзишӣ, бозору нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти аввалияи мардум, биноҳои баландошёна, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ сохта шуда, барои зиндагии мусоиди сокинон ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои тандурустии муҷаҳҳаз бо технологияи наву замонавӣ, муассисаҳои фарҳангиву маҷмааҳои варзишӣ, марказҳои савдои хурду калон, манзилҳои истиқоматии баландошёна, бартарӣ додани соҳаи маориф, хусусан, сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, таъмиру тармими биноҳои мақомоту идораҳои давлатӣ ва дигар иншоотҳои барои иқтисодиёти шаҳр аҳамияти калондошта мавриди истифода қарор дода шуда, дар тамоми бахшҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Бохтар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки барои зиндагии неки мардум натоиҷи хуб медиҳад.
Айни ҳол татбиқи сиёсати иҷтимоӣ моро водор месозад, ки дар баробари бузургдошти фарҳанги сулҳофарии миллати тоҷик, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус кам намудани сатҳи камбизоатӣ, ҳимояи ҳуқуқи зан ва баланд бардоштани мартабаи онҳоро дар ҷомеа таъмин намуда, ҳифзи оила, танзими расму оинҳои миллӣ ва риояи дигар меъёрҳои адолати иҷтимоиро ба роҳ монем.
Аз ин рӯ, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки тамоми мардуми шаҳрро, пеш аз ҳама, ба ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ, ободсозии маҳаллаву ҷойи зист, баланд бардоштани маърифати маънавию ҳуқуқӣ, нуфузу эътибори шаҳр роҳнамун созем.
Мардуми тоҷик, ки халқи тамаддунофар ва куҳанбунёд ба ҳисоб мераванд, албатта, соҳиби фарҳанги бою ғанӣ ҳастанд. Бо саҳми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои тозаву беолоиш ба насли оянда боқӣ гузоштани фарҳанги волоямон тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Ҳифзи арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ барои пойдор нигоҳ доштани таърихи миллати тоҷик василаи мусоид аст.
Боварии комил дорем, ки мо қарзи муқаддаси хешро бо ҳисси баланди хештаншиносӣ ва ба хотири манфиатҳои Ватани азизамон дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон иҷро мекунем.
Абулмаҷид МУМИНЗОД,
и.в. раиси шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...