Натиҷагирӣ аз даъвати баҳорӣ ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 209
Дирӯз, 13 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Давлаталӣ Саид, раиси вилоят, ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят, раисон ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” қабул гардида, дар асоси фармони мазкур аз 7 марти соли 2024, №63, қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расид. Вобаста ба таъмини нақшаи даъвати баҳорӣ чораҳои дахлдор амалӣ ва нақшаи даъват дар муҳлати пешбинишуда иҷро гардид.
Дар иҷлосия масъалаи натиҷагирии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024, №791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаи мазкур комиссари ҳарбии вилоят генерал-майор Амонуллозода Аминҷон ҳисобот дода, афзуд, ки ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон ва Муъминобод дар давраи омодагӣ ба даъват тайёрии хуб дида, нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуд, ки роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки вобаста ба пешгирии содиршавии ҷиноят ва роҳ додан ба камбудиҳо тадбир андешанд. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шавад ва вобаста ба даъвати тирамоҳии соли равон, барои босифат иҷро гардидани нақшаи даъват тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Ҳамчунин, раиси вилоят оид ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, танзими ҷашну маросим ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вазифагузорӣ намуд.
Дар қисмати тантанавӣ раисони комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳое, ки дар рӯзҳои аввал иҷрои нақшаи даъватро таъмин намуданд, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулин, ки ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди вилоятро, ки дар иҷрои нақшаи даъват саҳми худро гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...