Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Боиси шукргузорист, ки дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин давро ни шукуфоии соҳибистиқлолиамон расму оин ва ақидаҳои динию мазҳабиамон рушд кард. Бо назардошти гиромидошти оинҳои суннатиамон рӯзи иди саиди Фитр ва Қурбон ҳамчун рӯзҳои истироҳатӣ пазируфта шуд.
Дар радифи мусулмонони дигар миллату давлатҳо мо низ ҳамасола ин идҳои диниро қайд мекунем.
Моро лозим аст, бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду эҳёи расму оинҳои миллию суннатиамон саҳмгузорӣ намуда, аз кору амалҳои бемаврид ва хурофотпарастӣ канораҷӯӣ намоем. Дар рӯзи Иди саиди Қурбон аз ҳолу аҳволи ашхоси барҷомондаву ниёзманд бохабар мешавем. Як нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки дар чунин рӯзҳои пурфайзи иди Қурбон дар радифи мусулмонони миллату халқиятҳои гуногуни рӯи замин дар маконҳои муқаддаси Маккаву Мадина ҳамватанони мо Ҳаҷро ба ҷо овардаву ба ибодат машғул мешаванд. Боварии комил аст, ки мо инҷо ва ҳамдиёронамон дар он маконҳои муқаддас бо анҷом додани маносики ҳаҷ дар ҳаққи якдигар, муҳимтар аз ҳамаи барои тинҷию осудагии Тоҷикистони маҳбубамон ҳама дуогӯ хоҳем буд.
Вақто аз ҳабиби Худо Муҳаммад мустафо (с) савол карданд, ки қурбонӣ кардан аз куҷо ба мо омадааст? Ёдрас шуданд, ки аз замони ҳазрати Иброҳим (а) боқӣ мондааст. Аввалин қурбоние, ки дар рӯи замин ба вуқуъ пайваст ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки тибқи дастури Худованд аз ҷониби ҳазрати Иброҳим иҷро шудааст. Қурбонӣ кардан дар мазҳаби мо ҳукми воҷибӣ дорад. Дар китоби мубораки Қуръони карим дар оятҳои сураҳои “Анъон”, “Ҳаҷ”, “Соффот” ва “Кавсар” ин мазмун дарҷ гардидааст. Аз рӯи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ харидори кардани қурбонӣ ба даҳ дирҳам беҳтар аст, аз садақа кардан ба 100 дирҳам. Яъне, инҷо матлаб он аст, ки дараҷаи қурбонӣ аз садақа дида чандин маротиба болотар аст.
Рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа ҳеҷ амале аз қурбонӣ кардан афзалтар нест. Қабл аз рехтани хуни қурбонӣ дуои банда дар пешгоҳи Худо пазируфта мешавад.
Шукргузор ҳастем, ки ин рӯзи пурфайзу баракатро ҳамдиёрони мо, яъне ҳоҷиёни тоҷикистонӣ низ бо ихлосу самимият ва анҷом додани қурбонӣ дар саҳрои Миннои шаҳри муқаддаси Макка истиқбол мегиранд.
Қурбонӣ аз рӯи гуфтаҳои ҳикмати ниёгонамон бояд се тақсим гардад. Як қисмат ба аҳли авлоди соҳибони қурбонӣ, қисмати дигар барои меҳмонон ва сеюмин қисми қурбонӣ барои фақирон, камбизоатон, шахсони танҳову ятимон, дар умум ба табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа. Он нафароне, ки соҳибзакотанд ё худ дар заминҳои кишоварзӣ ҳосили фаровон доранд, ё маҳсулоти фурӯшиашон басанда аст, барои ин табақаи ҷомеа гирифтани гӯшти қурбонӣ ҷоиз нест. Набзи зиндагии ҷомеа дар ҳоле пурфайзу баракат мегардад, ки дар ҳама ҳолат ҳадду эҳтироми худро шиносем. Бо худдорӣ кардан аз зиёдаравиҳои бемаврид бояд аз фарҳанги волои сарфакориамон дарак диҳем. Кӯшиш кунем, ид бароямон шодиву хурсандӣ оварад.
Дастархони идона бояд камхарҷу маънавӣ бошад. Боиси нигаронист, ки маҳз дар остонаи чунин идҳо нархи маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои кишвар бамаротиб боло рафтаву дар ҳама ҳолат мардум аз он харидорӣ мекунанд.
Хуб мешуд харид низ дар чорчӯбаи талабот бошад, то он исроф нагардад. Фурӯшандаҳои мо низ идро истиқбол мегиранд, хоҳиш мекунем, андешаи солим дошта бошеду ба хотири донистани қадри иди Қурбон дар фурӯши маҳсулот тахфиф гузоред, то дастрасӣ мардум бошад.
Вақте ки ба аёдати як бемор меравед, омадааст, ки то баргашт аз назди бемор раҳмати Худованди меҳрубон болои сари шумост. Бо чанд суханони неку рӯҳафзо базудӣ аз назди бемор равем. Муҳим аёдату қадрдонист. Кадбонуҳои иззатманди моро хуб мешуд дар ин бора байни занону хоҳарон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ҷиҳати сайру гашт ва оростани дастархони идона танзимро ба инобат гиранд.
Ва дар умум аз калонсолон хоҳиш мекунем, ки рӯзи ид болои фарзандон хосса кӯдакону наврасон назоратро ҷиддӣ кунанд. Дар ин фасл ҳаво гарм асту оби дарёҳо фаровон, ки эҳтимоли бемор шудану ғарқ гардидан ва ё худ роҳгум задани кӯдакон аст. Аз ин хотир, биёед, идро бо оростани хони маънавӣ ва сайругашти сатҳи лозима пазироӣ кунему хотираҳои нек дошта бошем.
Ҳайдар Сафарзода,
муовини раиси Шурои Маркази исломии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.