Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳосилнокии гандум дар вилоят баланд аст


Ҳосилнокии гандум дар вилоят баланд аст




Ҷамъоварии ҳолиси гандум дар шаҳру навоҳии ғаллакори вилояти Хатлон моҳи май оғоз гардида, то имрӯз 68 ҳазору 597 тонна гандум истеҳсол карда шудааст.

Ба иттилои масъулони Сарраёсати Агентии омори вилоят, дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ кишоварзон дар майдони 16 ҳазору 437 гектар гандум кишт кардаанд.

 Манбаъ афзуд, ки ҳарчанд имсол назар ба соли 2023 майдони кишти гандум 1 ҳазору 223 гектар камтар будааст, бинобар мусоид омадани боду ҳаво кишоварзон аз ҳосилнокии баланд хабар медиҳанд. 

Агар то имрӯз беш аз 68 ҳазор тонна истеҳсол шуда бошад, соли гузашта ин рақам ба 72 ҳазору 367 тонна баробар буд. Ҷамъоварии ҳосили гандум дар вилоят то охири моҳи июл идома меёбад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода