Дар Хатлон барномаи «Е-KHONISH” расман фаъол гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 367
Имрӯз, 30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон дар маросими муаррифии барномаи «Е-KHONISH” дар муассисаи таъсилоти миёнаи умумии №75 иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, Давлаталӣ Саид аз рафти таълиму тарбия дар муассисаи мазкур ва раванди иҷрои барномаи “Е-KHONISH” аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ин муассисаи таълимӣ соли 1969 таъсис ёфта, айни замон дар он 1730 хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 59 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Ба муассисаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ватании “Ҷуръат” дар доираи фаъолгардонии барномаи “Е-KHONISH” 22 камераи назоратӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.
Гуфта шуд, ки барномаи “Е-KHONISH” ” имконият медиҳад, ки раванди таълим дар муассиса рақамӣ гардида, рафту омади хонандагонро волидон ба таври онлайнӣ назорат намоянд. Ин барнома кори омӯзгорон ва муассисаро осон мекунад.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори муассиса бо сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, раисони кумитаҳои падару модарони муассисаҳои таълимии ноҳия ва дигар намояндагони ҷомеа мулоқот намуд.
-Ҳамаи моро лозим аст, ки ба таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, донишомӯзии насли наврас таваҷҷуҳ намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, расидан ба қадру қиммати озодиву истиқлол ба воя расонем, - гуфт раиси вилоят.
Дар идомаи суханронӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа, пешгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, самаранок истифода бурдани заминҳои дар ихтиёрдошта ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот Давлаталӣ Саид ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон супориш дод, ки дар кутоҳтарин фурсат барои дар тамоми муассисаи таълимии вилоят ҷорӣ намудани ин барнома чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Пас аз мулоқот аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба омӯзгорони муассиса планшетҳо туҳфа карда шуд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ноҳияи Ёвон бо дастовардҳои хонандагону омӯзгорон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ шинос шуд. Қайд гардид, ки бо ташаббус ва дастгирии шахсони саховатманди Ҷамоати шаҳраки "Ёвон" майдончаи варзишии муассиса дар кутоҳтарин фурсат таъмиру азнавсозӣ карда шуда, ба истифода дода мешавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...