Соҳаи ҷавонон дар вилоят рушд мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 187
Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба чорабинию корҳои ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, тарғиби сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон пайваста талош мекунад, то фаъолияти худро дар асоси санадҳои танзимкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистн ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.
Пешвои миллат дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар чунин қайд карда буданд: “Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад”.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани ҷавонон масъулини соҳаро водор месозад, ки дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027” ва “Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027” амал карда, мекӯшад, то дар рушду нумуи ҷавонон саҳми боризе гузошта бошад.
Воқеан, яке аз масъалаҳои ҷиддии ҳаёти имрӯзаи ҷавонони мо, ки барои ноил шудан ба муваффақиятҳояшон монеаи ҷиддӣ гаштааст, пайвастшавии бархе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мебошад.
Сари ин масъала бояд ҳар як ҷавони солимақлу бомаърифат андеша намояд, ки аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ чӣ чизе ба даст меоранд ва чӣ пайомаде онҳоро интизор аст?
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ин самт пайваста корҳои лозимаро ба роҳ монда, бо ташкили курсҳо, вохӯриҳо ва суҳбатҳои фардӣ талош мекунад, ки таваҷҷуҳи ҷавононро ба ватану ватандорӣ, хештаншиносию худогоҳӣ равона созад. Ҳамин аст, ки бо тарғиби корҳои фаҳмондадиҳӣ дар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чандин ҷавон аз Федератсияи Россия баргардонида шуда, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда шуданд. Ба ин монанд, аз ҷониби кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар давоми соли ҷорӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Дар самти ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ба ин васила тарбия намудани онҳо дар руҳияи меҳнатдӯстию созандагӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” дар ҳудуди вилоят 360 шанбегӣ гузаронида шуда, 17310 ҷавон ҷалб карда шуд.
Ҳамзамон, масъулини Раёсат иқдоми “Дарахти ман-сарсабзии Тоҷикистон”-ро ташкилу баргузор карда, дар ин маърака аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо 50 ролики кутоҳҳаҷм таҳия карда шуд.
Иттилоъ бояд дод, ки дар вилоят теъдоди ҷавонон 1053743 нафарро ташкил дода, аз ин 522658 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҷавонони машғули таҳсил 338636 нафар, донишҷӯёни муассисаҳои давлатии хориҷи кишвар 2460 нафарро ташкил мекунад, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 984 нафар зиёд мебошад. Ҷавонон дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 730 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 70 нафар зиёд мебошанд. Тибқи маълумот, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби ҷавонон 200 нафарро ташкил менамояд, ки нисбати соли 2022-юм 21 нафар зиёд мебошад. Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти тарғиби Паём аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои маҳаллӣ 68 чорабинӣ бо фарогирии 7520 нафар, аз ҷумла 4270 нафар ҷавондухтарон дар сатҳи вилояти Хатлон гузаронида шуд. 30 аксия ва ҳамоишҳои иттилоотии хусусияти сиёсидошта бо иштироки 7900 нафар ташкил гардид, ки дар ин чорабиниҳо 5200 мавод ва варақаҳои иттилоотӣ дастраси сокинон гардонида шудааст.
Дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, дар давоми соли ҷорӣ курсҳои омўзишӣ, аз ҷумла курси қаннодӣ, кадбонугӣ, дӯзандагӣ, забономӯзӣ, компютерӣ, ороишгари рӯй ва мӯй, адрасбофӣ ва қолинбофӣ бо фарогирии 40 нафар, аз ҷумла 25 нафар бонувон ташкил карда шудааст.
Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон беназир буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳат ва донишандўзии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати зеҳнии онҳо бо истифода аз усулҳои муосир ҳамасола тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба таҳсил ҳоло дар ҳудуди вилоят 7 донишгоҳу донишкада бо фарогирии 44540 нафар, 32 коллеҷ бо фарогирии 31091 нафар ва 18 литсейи касбӣ-техникӣ бо фарогирии 4690 нафар, дар маҷмуъ 80321 нафар муҳассилини ҷавон ба таҳсилоти дастрасу босифат ва муносиб фаро гирифта шудаанд.
Дар заминаи дастгириҳои Пешвои муаззами миллат теъдоди гирандагони стипендияи президентӣ дар вилоят ба 1200 нафар расонида шудааст, ки ин ғамхории бевоситаи Роҳбарияти олии кишварро ба ҷавонони манотиқи дурдасти ҷумҳурӣ нишон медиҳад.
Давоми чор моҳ аёдати 5 нафар волидайни сарбозону афсароне, ки ҳангоми дифои марзу буми Меҳан ҷон бохтаанд, ба ҷо оварда шуда, ба онҳо Сипосномаи раёсат ва кумакҳои ғизоӣ расонида шуда, ба 7 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд ба маблағи 3,5 ҳазор сомонӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз кумак расонида шуд.
Дар давоми соли ҷорӣ масъулини самти варзиш ва ҷавонон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат дар ҳамкорӣ бо ВАО ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар инъикос карда шуд.
Дар давраи маъракаи чорабиниҳои даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи “Садоқат ба Пешво – садоқат ба Ватан”, ки дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи “Хатлон” таҳия шуда буд, рӯйи чоп омад, ки моҳияти тарбиявӣ ва ватандӯстӣ дорад.
Дар назди Раёсат ва бахшҳо маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла “Стипендиантҳои ҷавон”, “Пайравони Пешвои миллат”,“Волонтёрон” фаъолият карда, маҳфили “Адибони ҷавон” дар назди Раёсат ташкил гардида, бо ҷавонон корбарӣ доранд.
Давоми моҳи апрел-майи соли ҷорӣ Раёсат барои ҷавонони фаъол курси омӯзишии “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат”-ро бо ҷалби роҳбарон, фаъолон ва шахсони донишманду соҳибэҳтироми ҷомеа доир намуда, соатҳои сиёсӣ дар ин самт баргузор карда истодааст.
Раёсат дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026” “Барномаи рушди футбол дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026” ва дигар санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқии соҳа дар давоми 4 моҳи соли 2024 як қатор чорабиниҳо, мусобиқаҳои гуногуни варзиширо баргузор намуд.
Боиси хушнудист, ки давоми ду моҳи соли равон дар ноҳияи Темурмалик, дар ҷамоатҳои деҳоти Саймумин Раҳимов ва Кангурт 2 мактаби варзишии дигар таъсис дода шуда, теъдоди мактабҳои варзишӣ дар вилоят ба 37 адад расид.
Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 35 намуди варзиш 18072 нафар варзишгарон, аз ҷумла 2568 нафар бонувон дар 1361 гурӯҳи машқӣ ҳамарӯза ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Давоми 4 моҳи соли равон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ватандӯст дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Панҷ 1 толори варзишӣ, ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав 2, Ёвон, Ҳамадонӣ 1 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, барои наврасону ҷавонон шароити муносиб фароҳам оварда шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсат бо усули “Деҳа ба деҳа” ва байни кормандони ташкилоту идораҳо то кунун 2115 мусобиқаи варзишӣ, аз рӯйи намудҳои футбол, волейбол, шашкаю шоҳмот, гўштини миллӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон ташкилу баргузор карда шуд, ки дар мусобиқаҳои мазкур 38 ҳазору 70 нафар иштирок намуданд.
Варзишгарони вилоят дар 21 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 149 медали тилло, 115 медали нуқра ва 170 медали биринҷиро соҳиб гардиданд.
Инчунин, варзишгарони вилоят дар 6 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 6 медали тилло, 8 нуқра ва 17 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин давра варзишгарони вилоят дар умум 155 медали тилло, 123 медали нуқра ва 187 медали биринҷӣ, ҳамагӣ соҳиби 465 медал шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 медал зиёд мебошад.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи Барномаҳои соҳавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш корҳои амалиро ба сомон мерасонад.
Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи бузургу сарвати гаронарзиш ба шумор мераванд. Бинобар ин, бо истифода аз зиракии сиёсӣ, донишҳои иқтисодӣ ва доштани шуури кофии динию мазҳабӣ ҷавонони кишвари мо ҳамеша неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азизи хеш буда метавонанд.
Рамазон Насриддинзода,
сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00