Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қабули ду қонуни миллӣ дар таҳрири нав


Қабули ду қонуни миллӣ дар таҳрири нав




Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ду қонуни миллиро «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» қабул намуд. Чӣ тағйироти умдаро дар ин қонунҳо дидан мумкин аст?


Мафҳуми “анъана” аз  номи қонун хориҷ шуд 

Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 қайд намуданд, ки «бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад».

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни муаррифии лоиҳа дар ҷаласаи парлумони кишвар гуфт, ки дар заминаи дастури Сарвари мамлакат лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шуд. Дар лоиҳа мафҳуми «маросимҳо» ба «маросим», ки худ шакли ҷамъ аст, иваз карда, мафҳуми «анъана» хориҷ карда шуд, зеро дар матн муқаррароти марбут ба он пешбинӣ нашудааст.

Идгардак манъ карда шуд

Дар лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои нав доир ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова карда шуд. Дар навбати худ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар моддаҳои алоҳида мушаххас карда шуда, масъалаи ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои электронии шахсони воқеӣ пешбинӣ карда шуд.

Инчунин, дар моддаи 9-и лоиҳа меъёрҳои марбут ба ҷашнҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад.

Истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав ҳангоми гусели арӯсу домод

Дар моддаи 11 лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз бист рӯзи амалкунанда ба як моҳ баъд аз таваллуди писар тамдид карда, меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ карда шуд, зеро хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд.

Дар моддаи 12-и лоиҳаи қонуни мазкур дар илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд ва ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.

Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки тибқи таҷриба шаҳрвандон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 4 автомашина истифода намоянд ҳам, ҳангоми гусели арӯсу домод муқаррароти мазкур дар баъзе ҳолатҳо вайрон мегардид. Аз ин рӯ, дар лоиҳа истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав ҳангоми гусели арӯсу домод пешбинӣ гардид.

Гуселу пешвози ҳоҷиён танҳо дар доираи оила

Қобили зикр аст, ки солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози умракунандагон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ дода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 бамаврид таъкид намуданд, ки: «Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад».

Аз ин рӯ, дар моддаи 13 лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд ва ба ҳоҷиён ва умракунандагон ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.

Масъулияти имомхатибон ва раисони маҳаллаҳо муқаррар гардид 

Дар моддаи 18-и лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои марбут ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим такмил дода шуда, масъулияти сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият пешбинӣ карда шуд. Инчунин, тибқи лоиҳа воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.

Дар навбати худ, ба мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имкон фароҳам оварда шуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳалу ғайрирасмӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.

Бо қабули қонуни мазкур раванди танзими баргузории ҷашну маросим такмил ёфта, таъмини риояи қонуни миллӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Вакилони парлумон чӣ мегӯянд?


Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвиз Шодизода зимни дастгирии лоиҳаи қонуни болозикр қайд кард, ки ҳанӯз соли 2007 бо мақсади танзими оқилонаи ҷашну маросими мардумӣ, ки зарурат ба он аз серхарҷ гардидан, тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо ва ба бори гарони зиндагӣ табдил ёфтани маросими дафну азодорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд. Ин қонун анъанаҳои аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро ҷиҳати баргузории ҷашну маросими мардумӣ инъикос намуда, онҳоро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо ба танзим медарорад.

Бо пеш омадани зарурат ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар ин самт, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаддима, 6 боб ва 22 модда иборат буда, тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро идомаи сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат ҷиҳати дарёфти асолати фарҳангии ҷашну маросим дар зиндагии сокинон, пешгирӣ намудани рафторҳои хурофотӣ, исрофкорӣ ва тақлидҳои бебунёд арзёбӣ карда, гуфт, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона гардидааст.

- Қабули лоиҳаи қонуни мазкур масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти ваколатдор ва шаҳрвандонро барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ дар самти танзими ҷашну маросим тақвият бахшида, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар шинохти асолати фарҳангӣ баланд мебардорад ва омори қонунвайронкуниҳоро ба манфиати ҷомеа коҳиш медиҳад, - афзуд Ф. Баротзода.

Масъулият танҳо ба падару модар не, ба ҳамагон дахл дорад

Парлумони мамлакат 8 майи соли ҷорӣ ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро баррасӣ ва қабул намуд. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар аснои муаррифии лоиҳаи қонун дар назди вакилон гуфт, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми саривақтӣ буда, қабули он дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.

Дар шароити Тоҷикистон таълиму тарбияи кӯдак беҳбудиро мехоҳад. Аз ин рӯ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои низом дар ин самт ба манфиат аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дигаргуниҳои зиёд ба манфиати фаъолият дар ин самт дида мешаванд. Шуруъ аз худи номгузорӣ намудани лоиҳаи қонун, яъне аз «фарзанд» ба «кӯдак» табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои «падару модар» бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми «фарзанд» маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд (масалан, омӯзгорон). Дар баробари ин, фарзанд ҳадди синнусолӣ надорад, аммо дар татбиқи қонуни зикршуда масъулияти падару модар танҳо нисбат ба фарзандони то 18-сола, яъне кӯдак, пешбинӣ шуда буд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда шуд

Қонуни мазкур аз муқаддима, 7 боб ва 25 модда иборат буда, муҳимияти он нисбат ба қонуни амалкунанда дар он аст, ки дар чордаҳ моддаи нави лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор, муассисаи таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдор ва дигар вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа дар моддаҳои алоҳида оварда шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии қонуни мазкур мақоми ягонаи ваколатдори давлатӣ вуҷуд надорад. Дар лоиҳаи қонуни зикргардида норасоии мазкур бартараф шуда, дар моддаи 8 ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар моддаи 9 ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва ғайра муқаррар шудаанд.

Агар волидайн фарзандони худро ба хешу ақрабо супоранд ...

- Дар амалия вобаста ба татбиқи қонун мушкилоте мавҷуд буд, ки падару модар фарзандони худро ба хешу ақрабо бе ягон расмиёт супорида, ба давлатҳои дигар мерафтанд, - қайд кард вазири маориф ва илм Р. Саидзода. - Хешу ақрабо масъулиятро нисбат ба кӯдак ба уҳда нагирифта, нисбат ба онҳо барои иҷро накардани уҳдадориашон чораҳои дахлдор андешида намешуд. Дар натиҷа кӯдакон ба оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада, аз таълиму тарбия дур мемонданд. Дар лоиҳаи қонун мушкилоти мазкур бартараф шуда, дар сархати 7 моддаи 1 дар баробари падару модар, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.

Мушкилоти дигаре, ки лоиҳаи қонуни мазкур бартараф намудааст, ин дақиқ пешбинӣ намудани иштироки мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти онҳо, муайян намудани ваколатҳои ин ниҳодҳо мебошанд.

Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ тасдиқ мешавад 

Соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо вобаста ба комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии қонун ворид карда шуда буд, аммо бинобар мушаххас пешбинӣ накардани муқаррарот ҳангоми фаъолияти комиссияи ҷамъиятии мазкур дар амалия мураккабиҳо ба миён омаданд. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ аслан татбиқкунанда ва назораткунандаи талаботи лоиҳаи қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Дар лоиҳаи қонун шумораи аъзои комиссия ва ҳайати он дақиқ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон, дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак пешниҳоди бамаврид буда, фаъолияти ин комиссияҳоро пурра ва ҳаматарафа ба танзим медарорад. То ҳол қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар амалия мавҷуд набуд.

Ин ва дигар навгониҳо дар лоиҳаи қонуни мазкур ташаббуси бамавридест, ки ислоҳоти назаррасро дар самти таълиму тарбияи кӯдак ба миён меоварад.

Вакили парлумон дар бораи мақсади асосии қонуни нав

Вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода бо дастгирии қонуни мазкур гуфт, ки мақсади асосии қонуни нав муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак пурзӯр намудан, таълиму тарбияи кӯдакро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ба роҳ мондан буда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст, зеро таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Таълиму тарбияи кӯдак дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад. Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар ин самт худро масъул ва уҳдадор ҳисобида, зиндагии кӯдакро тибқи нақшаи муайян амалӣ намоянд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода