Кўдакистон ва тарбияи ватандӯстӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 176
Вақте мо мехоҳем дар бораи ватандӯстӣ, эҳсоси хештаншиносӣ ҳарф занем, одатан дарсҳои тарбиявии макотиби миёна ва ё семинару маърӯзаҳои сатҳи донишгоҳу донишкадаҳоро пеши назар меорем. Чун айни замон маҳз ҳамин усулу сабабҳоро заминагузори эҳсоси ватандӯстӣ меҳисобанд. Ин ҷо шояд мо фаромӯш мекунем, ки таълим дар мактабу донишгоҳ оғози тарбияи инсон нестанд. Вақте доир ба масоили ватандӯстӣ ҳарф мезанем, бояд марҳилаҳои аввали тарбия ва омилҳои иҷтимоишавии кӯдаконро мавриди назар қарор диҳем. Махсусан боғчаҳои кӯдаконаро. Чун хурдсолон аввалин зинаҳои таълим, эҳсоси шинохту худу олами атроф ва ҳисси волои ватандӯстиро аз кӯдакистон мегиранд. Масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ҳанӯз аз кӯдакистон аз ҷумлаи он масоилест, ки дар шароити кунунӣ бо назардошти вазъи ояндаи ҷаҳон аҳамияти умумимиллӣ пайдо мекунад. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстиро аз синни хурдсолӣ оғоз намоем. Чун ҳар донишу эҳсосу таҷрибае, ки дар овони хурдсоливу наврасӣ ба инсон даст медиҳад, мондагортар аз онест, ки дар синни ҷавонӣ ё калонсолӣ онро аз худ карда мешавад.
Ин масъала тақозо менамояд, ки ба барномаҳои таълимиву тарбиявии боғчаҳои бачагона тағйирот ворид карда шавад. Бигзор тақвими ҳаёти бачагоне, ки рӯзро дар боғчаҳои бачагона сипарӣ мекунанд, барномаҳои афзояндаву таҳкимбахшандаи эҳсоси ватандӯстиро фаро гирифта бошанд. Ҳатто ба тамошои филмҳои кӯдаконае, ки мураббиён дар лаҳзаҳои тафреҳ мегузоранд, диққати ҷиддӣ бояд дод.
Танҳо ба як филми «Симурғ» ё «Сандуқчаи зулбиё» ва «Ман алифбо мехонам» ва ё «Алёша и три мушкатёри» иктифо набояд кард. Бигзор филмҳое ба кӯдакон нишон дода шаванд, ки эҳсоси ватандӯстиро тарғиб менамоянд. Албатта, барои амалигардии ин андешаҳо ниҳодҳои дахлдори дигар низ бояд ҳамкорӣ намоянд, то филмҳои аниматсионие рӯи кор оянд, ки мувофиқ ба фаҳму дарки кӯдакон аз таъриху тамаддуни миллат ҳарф зананд. Гарчанде ба назари мо фаҳму дарк ва тафаккури кӯдакон сода намояд ҳам, дар асл чунин нест. Онҳо лаёқати бештари ҳифзи арзишҳоро доранд. Биёед як хотиротеро аз навиштаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ба ёд меорем. Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, ки боре аз миёни одамон мегузаштам ва чашмам ба зане афтод, ки бо фарзанди хурдсолаш роҳ мерафтанд. Кӯдак хам шуда аз замин решаи хоколудеро бардошта ба даҳон кард. Дидани чунин ҳолат беҳад ба руҳияам асар кард ва гумон кардам айни ҳол модараш мегӯяд: «Эй хок бар сари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба чунин рӯзҳо дучорамон карда….». Аммо ғайричашмдошти ман модар гуфт:
-Бихӯр, писарам, бихӯр. Боке надорад. Мо хок мехӯрем, вале хок намедиҳем!!!
Ин суханон маро ба гиря овард…..
Воқеан ин аст, эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ. Пас фикри он ки кӯдакон дар хурдсолӣ бигзор «кӯдакӣ»-худро кунанд, комилан ғалат аст. Руҳияи онҳо бар ҳадде тоза аст, ки ҳар омӯхтаашон чун нақш дар санг аст. Набояд ин сафҳаҳои холиву тоза бо мултфилмҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона ва ё бемазмун пур карда шаванд. Дар хулоса метавонем гӯем, ки кӯдакистон агар фаъолияти бонизомро дар тарбияи хурдсолон ба роҳ монад,беҳтарин макон барои таълиму парвариши эҳсоси ватандории онҳо хоҳад буд.
Р. РАҲМАТОВА,
«Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...