Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Турсунзода кашфи Бобоҷон Ғафуров буд?


Турсунзода кашфи Бобоҷон Ғафуров буд?




2 май - 113-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

Соли 1947 академик Бобоҷон Ғафуров шоир Мирзо Турсунзодаро ба шаҳри Деҳлӣ, ба Конференсияи кишварҳои Осиё ва Африқо мефиристад. Баъди бозгашт ӯро шаш моҳ дар қароргоҳи Ҳукумат ҷой мекунанд. Ҳосили меҳнати шашмоҳа силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” буд, ки бо дастгирии Бобоҷон Ғафуров ба мукофоти давлатии СССР пешниҳод мегардад. Мирзо Турсунзода Лаурети мукофоти давлатии СССР мешавад. Бобоҷон Ғафуров ба ин васила исбот намуд, ки тоҷикон, новобаста ба маҳал, истеъдоди бузурги роҳбарӣ ва эҷодӣ доранд.

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар оилаи кандакори одӣ таваллуд шудааст. Зиндагии падараш душвор буд, онро базӯр пеш мебурд. Дар заминларзаи мудҳиш ҳамсар ва чор фарзандашро аз даст дод. Дубора оиладор шуду Мирзо ба дунё омад.

Баъди чанд рӯз Турсунро барои кор ба Самарқанд мефиристанду дар ҳамон рӯзҳо ҳамсараш вафот мекунад. Турсун як шаб хоби мудҳише дар бораи оилааш мебинаду саҳар барвақт қарор мекунад, ки ба назди онҳо баргардад. Аммо, бинобар сабаби ба охир нарасидани кор ӯро ҷавоб намедиҳанд. Ӯ аз ҷойи кор мегурезад.

Ба Қаратоғ расида, хабари марги ҳамсарашро мешунавад ва писараш Мирзоро дар хонаи бегонагон дармеёбад...

Ман ба ҷойи Шумо мехонам... 

-Замоне яке аз ҳамсинфҳои падарам ҳангоми суҳбат ба ман нақл карда буд: “Падари ту моро фириб дод”,- ба хотир меорад Масъуд, писари Мирзо Турсунзода.

-Чӣ тавр фиреб доданд? -пурсидам ман.

Ӯ ба ман фаҳмонд: “Ҳамаи мо аз дарсҳо мегурехтему бозӣ мекардем. Падари ту бошад, ба мо мегуфт, ки ба ҷойи ман Шумо бозӣ кунед, ман ба ҷоий Шумо дарс мехонам. Ва бин, ки то чӣ дараҷа хондааст”.

Ӯро аз ин ҷо бару хушбахт шавед

Мирзо Турсунзода баъди хатми мактаби олии Тошканд ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти эҷодии худро оғоз менамояд. Роҳбарияти Тоҷикистон адибро барои идомаи фаъолият ба шаҳри Хуҷанд мефиристад. Маҳорати худро дар драматургия месанҷаду пиесаи “Ҳукм”-ро ба саҳна мегузоранд, ки нақши асосиро ҳунарпеша Сабоҳат Наҷмиддинова мебозад. Баъди чанде ҳарду оиладор мешаванд, ки ин қиссаи ҷолибест.

Хуҷанд барои шоир як шаҳри бегона буд. Волидони Сабоҳат намехостанд, ки духтарашонро ба ин ҷавон диҳанд. Бар замми ин, падараш то инқилоб муллои номӣ буду модараш ҳамсари чоруми вай. Тамоми авлод зидди оиладоршавии Мирзо ва Сабоҳат буданд.

Аммо онҳо якдигарро дӯст медоштанду аз ин азоб мекашиданд. Модари Сабоҳат зани оқила буд, ба Мирзо Турсунзода муроҷиат карда мегӯяд: “Ӯро аз ин ҷо бар ва хушбахт шавед”. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Ман назми русро намефаҳмам

Мирзо Турсунзода ва Сабоҳат Наҷмиддинова соҳиби се фарзанд Фирӯза, Масъуд ва Парвиз шуданд. Онҳо роҳи эҷодиро интихоб накарданд. Фирӯза - соҳаи фалсафа, Масъуд – соҳаи техникӣ ва Парвиз бошад, шарқшиносиро интихоб намуданд.

Писари устод Масъуд чунин менависад: “Боре дар хурдсолӣ кӯшиш кардам, ки бо забони русӣ шеър нависам. Яке аз онҳоро ба падарам нишон додам. Ӯ шеърро хонда гуфт: “Ман назми русиро намефаҳмам. Бигузор он шахсе, ки туро ба синфи русӣ додааст, ба шеърат баҳо диҳад”.

Албатта, падар чунин ҳазл мекарданд. Гап сари он аст, вақте ки ман ба синфи якум мерафтам, падарам дар хориҷа буданд. Маро яке аз дӯстони наз-диктарини падарам ба мактаб бурду ба синфи таҳсилаш русӣ номнавис намуд. Аз ҳамин сабаб ман кам-кам навиштани шеърро бо забони русӣ машқ мекардам. Зимни яке аз суҳбатҳо падарам чунин гуфтанд: “Писарам, назар ба адабиёт истеъдоди ту ба илмҳои дақиқ бештар аст. Беҳтар нест, ки муҳандиси хуб бошӣ, назар ба шоири бад”. Ман бо ин андешаашон пурра розӣ будам.

Бояд гуфт, ки Масъуд то охирин лаҳзаҳои ҳаёт баъзан бо хоҳиши дӯстон шеър низ эҷод менамуд.

Дар хонадони Турсунзода


Дар оилаи Мирзо Турсунзода як фазои хуби эҳтироми якдигар ва дӯстиву рафоқат ҳукмфармо буд. Устод озодии инсонро қадр мекард. Аз ин ҷост, ки интихоби фарзандонашонро ҳамеша дастгирӣ менамуд. Аммо ҳамеша меҳнатдӯстиро ба онҳо талқин мекард.

Дӯстон дар ҳаёти Мирзо Турсунзода мавқеи махсус доштанд. Дар хонаи меҳмоннавози устод на танҳо эҷодкорони тоҷик, балки бастакорон, шоирону нависандагон аз тамоми гӯшаву канори СССР ҷамъ мешуданд ва сари як пиёла чой шеъру сухан меоростанд.

Духтари устод Фирӯза фортепианоро хуб менавохт. Бастакори машҳури Озарбойҷон Андрей Бобоев ҳам дар ҳамин хона чанд оҳанги машҳури худ, аз ҷумла оҳанги суруди “Ман бо духтаре вохӯрдам”-ро офаридааст. Ҳамчунин, Зиёдулло Шаҳидӣ ҳам дар ҳамкорӣ бо соҳибхона чандин асарҳои худро офаридааст.

Мунаққиди асосии Турсунзода худи устод буд 

Барои шоир Мирзо Турсунзода дӯстон шунавандагони нахустини шеърҳояш буданд. Ҳамеша эҷодиёти навашро ба муҳокимаи онҳо мегузошту фикру андеша ва пешниҳоди онҳоро бодиққат гӯш мекард. Баҳои дӯстон нисбат ба эҷодиёти устод бештар манфӣ буд, вале мунаққиди асосии устод худи устод буд.

Ба гуфтаи ҳолдонон агар тамоми навиштаҳои ӯро китоб мекарданд, шояд аз 10 ҷилд зиёд мешуд. Аммо шеърҳои ӯ ҳамагӣ ду ҷилд шудаасту халос. Турсунзода танҳо шеърҳои аз назари худаш беҳтарину хубтаринашро оммавӣ менамуд.

Беҳтарин эҷодиёташро ӯ дар танҳоӣ интихоб менамуд. Шаб, вақте ки аҳли оила хоб мерафт, устод оҳиста ба утоқи кории худ мерафту хоҳиш мекард, ки як хокистагирак барои тамоку ва як қуттие барои партоб дар наздаш оварда монанд. Шаб то саҳар кор мекард. Субҳидам Сабоҳатхон ба утоқи корӣ даромада, дар болои мизи корӣ хокистари тамоку ва қуттии варақҳои дарондаву ғиҷимкардашударо бо хатти устод медид.
 
Сталин: “Ба Ӯ ҷоизаро диҳед...” 

Қаҳрамони Тоҷикистон ба давлатҳои зиёде сафар кардааст. Солҳои 40-ум ба Ҳиндустон сафар мекунад. Ҳиндуҳо, расму оин, зиндагии онҳо шоирро мафтун мекунад. Аз ин давлат баргашта, силсилашеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон”-ро менависаду асар ба ҷоизаи баландтарини даврони Шуравӣ – ҷоизаи Сталин пешниҳод мешавад.

Вақте комиссияи давлатӣ номзадии Турсунзодаро баррасӣ мекунад, шубҳа пайдо мешавад, ки шоир барои навиштани чунин як асар хело ҷавон аст. Ба баҳс худи Сталин ҳамроҳ мешавад: “Ба ӯ ҷоизаро диҳед ва ба Шумо аз ин ҳам беҳтару хубтарашро менависад” – мегӯяд.

Ҷоизаро ба ӯ доданд. Мукофотонӣ соли 1948 дар Москва доир шуд. 

Турсунзода ҳамеша ба худ содиқ буд 

Бояд қайд намуд, ки Мирзо Турсунзода ҳамеша бо принсипу сарзамини худ содиқ буд. Солҳои 60-ум Донишгоҳи дӯстии халқҳо ба номи Патрис Лумумба (ҳоло Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия) таъсис ёфту ба Турсунзода пешниҳод карданд, ки роҳбарии онро ба уҳда гирад. Пешниҳоди мазкур аз номи яке аз чеҳраҳои таъсиргузори ҳукумати Шуравӣ Михаил Суслов буд. Вале Мирзо Турсунзода ин пешниҳодро рад мекунад. Ягона сабаби рад намудани чунин як пешниҳоди ҷиддӣ ин дар Москва ҷойгир будани донишгоҳ буд. “Ман дар он ҷо доиман зиндагӣ карда наметавонам. Ман бе Тоҷикистон ба ҳеҷ қуҷо намеравам”, – сабаби рад кардани худро асоснок мекунад шоир.

Чунин амали Мирзо Турсунзода як гурӯҳ одамонро шод карду қисми дигарро ғазаболуд. Душманони шоир зиёд буданд ва онҳо мехостанд, ки аз ин истифода бурда, ӯро сиёҳ кунанд. Ӯ ин гуна ҳуҷумҳоро ба душворӣ паси сар мекард, аммо кӯшиш менамуд, ки ба онҳо кам андар кам диққат кунад.

Маҳбуба Толибова,
Аълочии маорифи Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода