Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Хуросон аз ҷумлаи ноҳияҳои зебоманзар, сарсабз ва аз лиҳози кишоварзӣ пешрафтаи вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Сокинони сарбаланди ин ноҳия ҳар ваҷаб замини киштбобро (ҷамъи заминҳои корами ноҳия 15986,5 гектар аст) пурсамар истифода бурда, солона то ду-се ҳосил ба даст меоранд. Аммо ин ягона самти ифтихоровари фаъолияти аҳли заҳмати ноҳия нест.
Перомуни дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Хуросон дар семоҳаи якуми соли 2024 суҳбате доштем бо раиси ноҳия Носир СУРИЗОДА, ки фишурдаи он манзури хонандаи арҷманди рӯзномаи “Хатлон” мешавад.
- Фаъолон ва сокинони ноҳияи Хуросон ҳидоятҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро сармашқи кори ҳамешагии худ намуда, дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардиданд, - зикр намуд Носир Суризода. - Нақшаи қисми даромади буҷет бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 11 миллион 834 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 679 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи моҳҳои январ-марти соли 2024 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 8 миллиону 665 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси ноҳия барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар қайди нозироти андоз 2406 соҳибкор буда, аз ҳисоби онҳо 1 миллиону 393 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст. Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 142 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шудааст.
Дар семоҳаи аввали соли равон гардиши савдо ва хизматрасонӣ ба 85 миллиону 201 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19 миллиону 225 ҳазор сомонӣ (140%) зиёд мебошад.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2021-2025, ки 103 лоиҳаро ба маблағи 228 миллион сомонӣ дарбар мегирад, ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 49 лоиҳа ба маблағи 140 миллиону 860 ҳазор сомонӣ (61,7 фоиз) ба иҷро расидааст.
Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии ноҳия ва ҳарчи бештар дар дохили ноҳия бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои дахлдори ноҳия мебошад. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 490 нафар таъмин шудаанд. Дар ин давра 3 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 182 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 10 корхона ва 85 корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин 44 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 40 нафар бо кор таъмин шуданд.
Шумораи нафақагирон дар ноҳияи Хуросон 9679 нафарро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи нафақапулӣ дар як моҳ ба 338,6 сомонӣ баробар аст. Шумораи ятимону бепарасторон 1201 нафарро ташкил дода, дар семоҳаи якуми соли 2024, аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 239 ҳазору 285 сомонӣ кумакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.
Раиси ноҳияи Хуросон Носир Суризода дар идомаи суҳбат қайд кард, ки саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи ноҳия ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад. Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар ноҳия 32 корхонаи саноатӣ бо 490 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 153 миллиону 293 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 миллиону 574 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ 101 фоиз, нахи пахта 731 фоиз, чигит 420 фоиз, сангу шағал ва кунҷора 101,9 фоиз, гӯшт 101,7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,9 фоиз таъмин гардид. Истеҳсоли хишти сементӣ бошад, ба 116,3 ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳазор дона ё ба 128,8 фоиз расонида шуд.
Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, дар ноҳия тадбирҳои зиёд амалӣ шуда, дар семоҳаи якуми соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 1 коргоҳи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон бунёди 204 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ гардидааст, ки то ба имрӯз 117 адади он (57%) мавриди истифода карор гирифтааст.
-Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он - хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар ноҳияи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст, - идома дод раиси ноҳия Носир Суризода. - Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ беҳтар шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 41 миллиону 91 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 420 ҳазор сомонӣ зиёд (афзоиш 109,7%) гардид.
Бо мақсади замина гузоштан ба ҳосили соли 2024 ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, инчунин танзими нарх дар бозорҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар майдони 6098 гектар кишти барвақтии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 4367 га гандум, 350 га ҷав, 90 га лӯбиёгиҳо, 350 га зироатҳои техникӣ, 277 га картошка, 540 га сабзавот, 4 га полезиҳо ва 100 га зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст.
Истеҳсоли сабзавот ба 14 тонна, гӯшт ба 573 тонна, шир ба 2855 тонна, истеҳсоли тухм ба 2 миллиону 157 ҳазор дона, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 афзоиш мутаносибан то 116 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳия то 1 апрел дар майдони 200 гектар пистазор бунёд карда шуд.
Дар ин давра саршумори ҳайвони калони шохдор ба 45575 сар, ҳайвони майдаи шохдор ба 120824 сар, саршумори паранда ба 87327 сар ва асп 7337 сар расонида шуд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023 саршумори чорвои калон 6545 сар, моли майда 11674 сар, парранда 5547 сар ва 898 сар зиёд мебошад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҷалби маблағгузориҳои шарикони рушд, соҳибкорон ва аҳолӣ инфрасохтори соҳаи маориф низ беҳтар гардида истодааст. Махсусан, дар минтақаҳои аз маркази ноҳия дур ҷой гирифта барои бо синфхонаю биноҳои иловагӣ ва ҷойҳои нишаст таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ шуда, дар назди муассисаи №1 барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 32 нафар кӯдакон бинои иловагӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт. Илова бар ин, дар назди муассисаҳои таълимии №№ 1, 18, 32, 37, 41, 42, 44, 47 ва 56 барои 1320 ҷойи нишаст сохтмони 55 синфхона идома дорад.
Дар идомаи иқдомҳои ободкорона бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша барои боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ як бинои наву замонавии бунгоҳи тиббӣ бунёд ва мавриди истифодаи умум қарор дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ танҳо дар ду соли охир ду нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамзамон дар ду деҳа низ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони маркази саломатии дуошёна ва як бунгоҳи тиббӣ идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа марҳила ба марҳила боло рафта, имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат содиқона хизмат карда истодаанд. Аз ҷумла бонувони ноҳияи Хуросон, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эҳтирому обрӯ гардидаанд. 300 нафар бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 14 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 53 нафар вакилони ҷамоатҳо, 14 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 361 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Дар ноҳия 1 меҳмонхонаи замонавӣ ва 5 тарабхона фаъолият дошта, теъдоди сайёҳони хориҷию дохилӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 800 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 нафар зиёд мебошад. Хурсандибахш аст, ки дар рӯзи якуми даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ноҳияи Хуросон нақшаи даъватро пурра ба иҷро расонд. Агар аз як тараф, ин аз шуҷоату масъулиятшиносӣ, ифтихори баланди ватандорӣ ва ғурури миллии ҷавонони ноҳия дарак диҳад, аз ҷониби дигар, натиҷаи пешбурди муваффақонаи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва оммафаҳмонии масъулони маъракаи даъвати навҷавонон ба Артиши миллӣ мебошад.
Носир Суризода дар интиҳои суҳбат таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ноҳия бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшишу талоши худро равона сохта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.
Н. Маъмурзода,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.