Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Оби ошиқ - оби талхак


Оби ошиқ - оби талхак




Деҳаи Оби ошиқи Ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доманакӯҳҳои Сарсарак ҷойгир буда, таърихи қариб якасраро дорад. Сокинони деҳа солҳои зиёд аст, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Бошандагони ин деҳа оби нӯшокиро мехаранд, қисми дигар бошад, бо сабаби тангдастию нодорӣ аз масофаи 4 километр обро тавассути маркаб бо зарфҳои пластикӣ мекашонанд.


Назаре ба таърихи деҳа 

Тибқи маълумотҳо деҳаи Оби ошиқ тахминан солҳои 1925 бунёд гардидааст. Холбӣ Шодиева, яке аз куҳансолтарин занони деҳа мегӯяд, ки падару бобоёнамон аз деҳаи наздикӯҳии Сангирдак буданд. Вақте муҳоҷир шуда, ба ҳамин мавзеъ меоянд, чашмаеро мебинанду ошиқи он мешаванд ва дар атрофаш хона бунёд мекунанд. “Оби ин чашма на ширин асту на талх. Сокинон азм карданд, ки зиндагиро дар ин ҷо идома диҳанд. Ибораи Оби ошиқ низ аз ҳаминҷо пайдо гардидааст, ки одамон ошиқи об шуда, атрофи чашмае маскан гирифтаанд”- афзуд мусоҳиби мо.

Солҳои 1984-1985 роҳи ин деҳа мумфарш гардида, хатти неруи барқ низ кашида мешавад. Бунёди роҳи деҳа мушкили сокинонро каме осонтар намуд. Чунки сокинон дар кашонидани об ва ба маркази ноҳия рафтан ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешуданд. Айни ҳол аҳолии деҳаи Оби ошиқ ҳудуди ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ризқи мо аз баракати борон аст 

Бошандагони ин русто дар ҳавлиашон боре аз қубур рехтани обро надидаанд. Аз набуди об аксар вақт зироати кишткардаашон хушк мешавад. Онҳо дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба парвариши картошка, ғалладонагӣ, пиёз ва сабзавот машғул мебошанд. Онҳо мегӯянд, ки агар соле, ки борон бораду намнокӣ бештар шавад, ҳосили фаровон ба даст меорем. Агар борон набораду сол хушк ояд, ҳамаи заҳмату ранҷашон баробас мераванд.

Мардуми ин деҳа зиндагии худро ба ҳар роҳу восита, яъне яке аз муҳоҷирӣ дигаре чорводорӣ, сеюмин бошад, гиёҳҳои шифобахши кӯҳиро ҷамъоварӣ намуда, ба бозор мебарад, то бо меҳнати ҳалоли хеш бори зиндагиро ба пеш баранд. 

Обро мехарем

Наздик ба як аср аст, ки бошандагони деҳаи Оби ошиқ бидуни оби ширин умр ба сар мебаранд. Одатан, дар фасли зимистону баҳор оби боронро захира намуда, дар тобистон истифода мебаранд.

Кенҷақул Азимов, сокини деҳа мегӯяд, оби ширинро зимистону баҳор аз ҳисоби барфу борон захира мекунем. Тобистон, ки шуд, талабот ба оби ошомиданӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, обро ба арзиши 150-200 сомонӣ мехарем. Он ҳам барои як моҳ намерасад. Ғайр аз ин ба воситаи маркаб аз масофи 4 километр об меоранд. 

Аз суҳбат бо сокинон маълум шуд, ки баъзе оилаҳо обро дар шароити на онқадар хуби гигиенӣ аз 4 то 6 моҳ захира мекунанд.

Ин боиси вайроншавии об гашта, ба пайдоиши бемориҳои гуногуни сироятӣ оварда мерасонад. Темур Мирзоев, мудири бунгоҳи тиббии деҳаи Оби ошиқ мегӯяд, ки баъзе оилаҳо оби боронро дар ҳавзҳои бетонӣ ба муддати тӯлонӣ захира карда, истифода мебаранд. Борҳо таъкид кардам, ки ин амал ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Обро ҷӯшонида истифода баранд. Лекин онҳо аз маҷбурӣ ин корро мекунанд. Дар фасли тобистон, маҳз аз ҳамин ҳисоб, сокинон ба бемориҳои меъдаю рӯда, диққи нафас, ҷоғар ва ба бемории шадиди дарунравӣ гирифтор шуда, ба мо бештар муроҷиат мекунанд.

Об овардан ғайриимкон аст!

Дар даврони Шуравӣ поёнтар аз ин деҳа хоҷагии асппарварии ноҳияи А.Ҷомӣ фаъолият мекард. Ба воситаи мошини обкаш обро то хонаи сокинон мерасониданд. Хароҷот барои об намешуд. Аммо раиси ҷамоат Б. Абдуназаров чунин назар дорад: “Таърихи деҳаи Оби ошиқ ёд надорад, ки касе ба он деҳа хатти об бурда бошад. Барои обёрӣ намудан пойгоҳҳои обкашонии дорои иқтидори калон лозим аст, то обро ба масофаи 4 километр баландӣ бурда тавонад. Айни ҳол анҷом додани ин амал ғайриимкон аст. Ягона роҳи ҳал ин аст, ки аз ҳамон баландиҳо чашмаи ширин ёфта, ба воситаи қубур ба ин деҳа овард”.

Хостем назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бобати мушкилоти мавҷудаи деҳаи Оби ошиқ дониста бошем. Мутаассифона, роҳбари дастгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбати бидуни сабт гуфт, ки ман аз мушкилии ин деҳа огаҳ нестам, дар рӯзҳои наздик ба ин деҳа хоҳам рафт.

Оби талх

Сокинони ин деҳа тавонистанд, ки бо овардани оби ғайринӯшокӣ ҳадди аққал мушкилии чорворо ҳал намоянд. Ба гуфтаи сокинон дар тобистон чорвоҳоямон дар як рӯз 2 маротиба 16 километр роҳро тай карда, барои нӯшидани об мераванд. Бо кумаку дастгирии якдигар аз масофаи беш аз 2 километр синаи кӯҳро шикофта, обро ба деҳа оварданд. Мушкилии парваришу таъмини чорво бо об то андозае роҳи ҳалли худро ёфт.

Чанд мушкили бунгоҳи тиббӣ

Солҳои қабл кумаки аввалияи тиббии ин деҳа ба мардум дар дохили вагон сурат мегирифт. Соли 2019 аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи А. Ҷомӣ дар болотари деҳа бинои бунгоҳи тиббӣ дигар сохта шуд. Мудири бунгоҳи тиббӣ Темур Мирзоев намехост дар бинои навсохт фаъолияташро идома диҳад.

Чунки бунгоҳи тиббӣ ба таври ниҳоят сода ва бидуни таҷҳизоти тиббӣ таҳрезӣ гардида буд. “Бино дар канори роҳи калони мошингузар сохта шудааст. Дар мавсими эмгузаронӣ, кӯдакони зиёди деҳа дар назди бино ҷамъ мешаванд, хатари садамаи нақлиётӣ кӯдаконро таҳдид мекунад. Боз дар фасли сармо ва боридани борону барф аз сақфи бино об мечакад. Ӯ мегӯяд: “Борҳо ба роҳбарияти ноҳия оид ба мушкилиҳои мавҷуда муроҷиат кардем, аммо аз чӣ бошад, ки то ҳол касе дасти кумаки хешро дароз намекунад”.

Оид ба ин мушкилии бунгоҳи тиббии деҳи Оби ошиқ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намудем. Амриддин Солиев, роҳбари шабакаҳои муассисаи аввалияи ноҳияи А.Ҷомӣ дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Хатлон” гуфт: “Дар асоси лоиҳаи хизматрасонии тиббӣ дар деҳот давоми соли 2024 аз ҷониби лоиҳаи KASA-1000 ба нақша гирифта шудааст, ки бунгоҳи тиббии деҳаи Оби ошиқ таъмиру азнавсозӣ карда шавад. Тибқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз таъмири ҷорӣ баромадани бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ пурра таъмин гардонида мешавад.

Тибқи маълумотҳо дар домани кӯҳи Сарсараки ноҳияи А.Ҷомӣ се деҳа-Оби ошиқ, Кӯри Абдукарим ва Нав Олиқ мавҷуд аст. Сокинони ин деҳаҳо оби ширини ошомидаанӣ надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки деҳаҳо аз якдигар дар масофаи 50-60 километр ҷойгир буда, аз хизматрасонии як бунгоҳи тиббӣ истифода мебаранд.

А. РИОЕВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода