Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: “Ҳавасмандии пахтакорон бояд беҳтар ва ҳосилнокии пахта баланд бардошта шавад”


Давлаталӣ Саид: “Ҳавасмандии пахтакорон бояд беҳтар ва ҳосилнокии пахта баланд бардошта шавад”




Имрӯз, 18 апрел, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ семинари вилоятӣ таҳти унвони “Истифодаи усулҳои муосири кишти пахта дар вилояти Хатлон” баргузор гардид. 

Дар ин ҳамоиши илмӣ-назариявӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагидорону кишоварзон ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш иброз дошт, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалӣ гардонидани рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноати сабук, шуғлноки аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмуъ беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, махсусан соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии он дар мамлакат пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии минтақаҳои мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун кардани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта буданд. 

Гуфта шуд, ки бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияташро ҷиҳати баланд бардоштани ҳавасмандгардонии пахтакорон, зиёд намудани масоҳати кишт ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, дар солҳои 2023-2024 силсилаи тадбирҳоро амалӣ гардонд.
Соли ҷорӣ дурнамои кишти пахта 367 гектар зиёд гардида, 123567 гектар пешбинӣ гардида, ҳосилнокии нақшавии он 23,9-сентнериро ташкил медиҳад. 

Соли гузашта бо дастгирии Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» 106 тонна чигити тухмии навъҳои “Лодос”, “Перла-С” ва “Аря” дастрас гардида, дар майдони 3520 гектар кишт карда ва дар натиҷа ҳосили хуб ба даст оварда шуд. Натиҷаи фаъолияти пурмаҳсул буд, ки соли гузашта хоҷагиҳои алоҳидаи пахтакор аз 30 то 50-сентнерӣ ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.

- Дар ҳолати риояи агротехникаи парвариши ниҳолҳои пахта ва саривақт додани нуриҳои минералӣ, махсусан карбамиди истеҳсоли корхонаи «Тоҷик Азот», ки айни ҳол бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда истодаанд, ҳосили дилхоҳ ба даст овардан имконпазир мебошад, - қайд намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Кишоварзони вилоятро зарур аст, ки стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди соҳаи пахтакорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии он, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар интиҳо аз иштирокдорони семинар даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳама бахшҳои соҳа корро ҷоннок намуда, ба кишти такрорӣ ва баҳории зироатҳо диққати зарурӣ равона созанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода