Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВЛАТАЛӢ САИД: “35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ ГИРЕМ”


ДАВЛАТАЛӢ САИД: “35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ ГИРЕМ”




Имрӯз, 16 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи маҷлис қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ дар доираи нақшаҳои барномавӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.
Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода доир ба натиҷаҳои рушди вилоят дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар ин давра ба 5 миллиарду 378 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 108,1%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи вилоят дар Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ ба 20,2% баробар мебошад.

Нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷет 649,9 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 15,9 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 107,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 764,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 691,6 миллион сомонӣ ё ин, ки 90,5 %-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 2 моҳи соли 2024 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 788 миллиону 29 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 154 миллиону 753 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағи умумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 226,7 миллион сомонӣ (28,7%), саноат 32,8 миллион сомонӣ (4,2%), сохтмон 25 миллион сомонӣ (3,2%), нақлиёт 6,2 миллион сомонӣ (0,8%), хӯроки ҷамъиятӣ 689,2 ҳазор сомонӣ (0,1%), хизматрасонӣ 55,5 миллион (7,0%), савдои хориҷӣ 64,9 миллион (8,2%), истеъмолот 362,4 миллион (46 %) ва дигар соҳаҳо 13,9 миллион сомонӣ (1,8%) равона карда шудааст.


Дар 3 моҳи соли 2024 гардиши мол ба 4 миллиарду 120,6 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 130 фоизро ташкил дода, 949,9 миллион сомонӣ зиёд ва гардиши савдои хориҷӣ 120,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 125,1% ё 24,2 миллион доллар зиёд мебошад.

Содироти мол ба 66,2 миллион доллар расида, нисбати соли гузашта 182,7% ё 30 миллион доллар зиёд мебошад. Воридоти мол ба вилоят 54,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 90,3% ё 5,8 миллион доллар кам мебошад. Яъне, воридоти мол нисбати содирот 11,8 миллион доллари ИМА камтар аст.Муовини раиси вилоят иттилоъ дод, ки дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Тибқи натиҷаи мониторинги иҷро, ҳамагӣ 159 лоиҳа ба маблағи 4,5 миллиард сомонӣ иҷро гардидааст, ки аз ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда 54,2% мебошад. Ҳамчунин, дар 88 лоиҳа корҳо идома дорад.

- Кишоварзони вилоят дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 1 миллиарду 367 миллион сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106 фоиз, аз ҷумла дар бахши растанипарварӣ 110,7 фоиз ва дар бахши чорводорӣ 105,8 фоизро ташкил медиҳад, - афзуд З. Файзуллозода. - Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони 182737 гектар кишти зироатҳо гузаронида шуд.




Қайд гардид, ки бо мақсади таъминоти бозори истеъмолӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар вилоят ба ҳолати 9 апрели соли равон дар майдони 60,2 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 862,2 тонна сабзавот, аз ҷумла 295,9 тонна помидор, 28,9 тонна бодиринг ва 537,4 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол карда шуд.

Кишоварзони вилоят ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар майдони 240,8 гектар боғу токзорҳо бунёд ва 202,5 гектар боғу токзорҳоро барқарор намуданд.

Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ ба миқдори 1 миллиону 401 ҳазору 780 бех ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз, сояафкан шинонида шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Барои таъмини Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майдони 800 гектар ташкил намудани ниҳолпарваришгоҳҳо пешбинӣ гардидааст.

Муовини раиси вилоят вобаста ба дастовардҳои соҳаи саноат сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар вилоят ба маблағи 2 миллиарду 539 миллиону 722 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбати соли гузашта 162,8 миллион сомонӣ бештар аст. Аз 168 намуди маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда афзоиши 130 намуди он таъмин гардид. 11 намуд ё 6,5%-и маҳсулот, ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол намешуд, ба монанди амстронг, профил барои гаҷкардон, пенаблок, углекислота, маҳсулоти кешбофӣ, квас, докаи тиббӣ, гази табиӣ, дастпӯшак ва либоси корӣ, ба роҳ монда шуд.Дар давраи ҳисоботӣ 16 корхона ва як коргоҳ бо таъсиси 196 ҷойи кории доимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Ховалинг, Левакант, Восеъ, Муъминобод, Хуросон, Данғара ва Бохтар ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо ба маблағи 9,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Дар миқёси вилояти Хатлон дар умум ба масофаи 450 километр ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шудааст. Лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар дар се қисмат амалӣ гардида истодааст.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон тариқи минтақаи Хушодӣ-Амузанг 26919 тонна маҳсулот воридот шудааст, ки нисбати соли сипаригардида 58 тонна зиёд мебошад. Содирот бошад, дар ин муддат 837 тоннаро ташкил додааст.
Вобаста ба нишондиҳандаҳои соҳаи сохтмон қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 570,5 миллион сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд. Дар ин давра 357 адад бинову иншоот ба маблағи 493,3 миллион сомонӣ ба ҳисоботҳои оморӣ ворид гардид.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 2762 адад биною иншоот ба маблағи умумии 2,6 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 44,1 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” дар марҳилаи якум солҳои 2022-2024 таъсиси 22 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 16 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, А.Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Темурмалик ва Данғара, дар маҷмуъ, сохтмони 8 муассисаи томактабии хусусӣ идома дорад.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ 338 ҷойи ифтихорӣ ва аз даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 11 муассисаи таҳсилоти умумӣ 80 ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд, ки аз ин миқдор 5 медали нуқра ва 75 медали биринҷиро ташкил медиҳад.

Дар заминаи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - ватани азизи ман», “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм - фурӯғи маърифат” қарорҳои раиси вилоят тасдиқ гардида, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо дар маҷмӯъ 1 миллион 572 ҳазору 875 сомонӣпешбинӣ шудааст, ки нисбати соли 2023-юм 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2024дар умум 73605 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин 66402 нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 7203 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъкид намуд, ки роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо на аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт, беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд, самаранок истифода намуданд.

- Бо дарназардошти ин, моро зарур аст, ки аз камбудиҳо хулосаи зарурӣ бароварда, бо истифода аз захираҳои мавҷуда иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои далатиро пурра таъмин намоем, - зикр кард раиси вилоят.Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба вусъати корҳои ободонӣ, кишту кори баҳорӣ, таъмини иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо, даъвати ҳарбӣ, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, сифати таҳсилот, ҷалби сармоя ба рушди иқтисодиёт, рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар фароварди маҷлис раиси вилоят бори дигар иҷрои ҳатмии дастуру ҳидоятҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар дода шуд, ёдовар гардид. Аз ҷумла, аз роҳбарону фаъолони вилоят ва аҳли ҷомеа риояи қатъии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” талаб карда шуд.
РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода