Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАЁМИ ПЕШВО


ПАЁМИ ПЕШВО




Ҳар Паёми Пешво дорад таҷаллои баҳор,
Зиндагониро бубахшояд каломаш рангу бор.
Чун шуда обод Меҳан, халқ бояд, ки кунад
Ҳар каломе аз Паёми Пешвои худ шиор.
Бо калому бо Паёми Пешво гардидааст
Тоҷикистон номдору тоҷикон овозадор.
Халқро ҳурмат намояд, халқ ӯро эҳтиром,
Ӯ адолатпеша ҳасту сояи Парвардгор.
Лоиқи мадҳу сано аст Пешвои тоҷикон,
Бар ӯ дорам эътимоду бо ӯ дорам ифтихор.
Дигаронро дил намедонад, валекин худ яқин
Ҳар каломи Пешво бинад ба чашми эътибор.
Кори ӯ, пайкори ӯ эҷоди сулҳу ваҳдат аст,
Cулҳу ваҳдат шуд шиораш, гашт соҳибэътибор.
Халқро дар ҳар Паёмаш бемуҳобо мекунад
Роғиби илму амал, то халқ бошад бахтёр.
Ҳар Паёми Пешво панд аст, панди зиндагӣ,
Пешвои мо бувад фарзонафарзанди диёр.
Ҳамватан, оғӯш Меҳан баҳри ту бикшодааст,
Ҷуз Ватан, охир, туро кӣ гарм мегирад канор?
Ҳамватан, ҳар ҷо ки бошӣ, фахр аз Меҳан намо,
Аз барои домани Меҳан машав чангу ғубор.
Ҳар киро бошад Паёми Пешво сармашқи кор,
Ҳар куҷо бошад бигардад бахтёру комгор.
Ҳамватан, боз о, канори Пешво саф мекашем,
Бо муҳаббат, бо садоқат, бо шарофат, бо виқор.

Умарҷони Мирзошариф,
докторанти курси дуюми ДДБ
ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода