Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳикмати иди саиди Фитр


Ҳикмати иди саиди Фитр




«Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд. Дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.

Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рӯзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст. Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад...

Бовар дорам, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак фармудаҳои ислом ва анъанаҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро идома бахшида, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш менамояд».

Пешвои миллат
Эмомалӣ Раҳмон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода