Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чаро дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот баланд мешавад?


Чаро дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот баланд мешавад?




Инак, моҳи шарифи Рамазон ба охир мерасад. Рамазон моҳи мубораку пурфайзест. Аммо то куҷо мо аз муборакии ин моҳ баҳра бардоштаему дар фикри суду манифиати ҳамдигар ҳастем. Мутаассифона, тавре мушоҳида менамоем, ҳамасола бо фарорасии Иди Фитр нархи молу маҳсулот дар бозору мағозаҳо чанд баробар боло меравад, ки ин омил аз чанд лиҳоз боиси ташвиш ва нигаронист.

Моҳи шарифи Рамазон моҳест, ки халқи мусалмон бештар аз моҳҳои дигар ба корҳои хайр даст мезананд. Масалан, ба оилаҳои камбизоат анвои озуқаворӣ садақа мекунанд, аз ин истифода бурда, тоҷирон нархи молҳои худро дучанд боло мебардоранд, медонанд, ки талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ дар ин моҳи муборак хеле зиёд аст ва барои муштариён роҳе ҷуз харид намемонад.

Тақозои замон ё манфиати шахсӣ 

Тоҷирон оид ба ин масъала худро бетараф гирифта, мегӯянд, ки замона чунин аст ва ё ин, ки молҳо аз хориҷа меоянду роҳкирояшон гарон меафтад, аз ин рӯ, нархашон болост. Аммо ин баҳонае беш нест. Мушоҳида нишон медиҳад, ки якчанд вақт баъд аз Иди Фитр нархҳо боз ба ҳолати пештараи худ бармегарданд.

Дар ин масъала илоҷе барои харидорон ҷуз таъмини ниёзҳои худ боқӣ намемонад. Аммо тоҷирон бояд инсоф карда, ба фикри ҳамватанони худ бошанд.

Ин мушкилиест, ки солҳои сол мардуми моро думболагирӣ мекунаду ҳеҷ роҳи ҳалли худро наёфтааст. Биёед, танҳо дар фикри худ набошему тарзи зисту зиндагӣ, шароит ва аҳволи дигаронро низ ба инобат гирем.

Мирмуҳаммади Мислоҳиддин,
коромӯзи рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода