Мафҳуми асосӣ - «Тоҷикистон, ба пеш!»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 229
«Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд».
Ин таъкиди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар қироати аввали Паёми имсола садо дод, мафҳуми асосӣ ва умдаи фаъолияти иқтисодиёту иҷтимоиёти соли ҷамъбастиро дар бар мегирифт. Дар ҳақиқат, чуноне аз дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа, пешравии истеҳсолот, рушди соҳаҳо ва ободониҳои маҳал мушоҳида мешавад, сол аз сол дастовардҳои нав ба нав моро муяссар мегардад. Мушкилоте, ки замони таҳдиди бемории сироятӣ пеш омад, гумон буд, ки ба осонӣ рафъ шавад. Вале бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хоса дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷудаи худӣ, воридшавии ваксинаҳои зарурии ҷаҳонӣ он бе талафоти зиёди ҷонӣ паси сар шуд. Дар як муҳлати кӯтоҳ беморхонаҳои муосири тиббӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, дармонгоҳҳои аввалияи тиббӣ, маводҳои пешгирикунанда таъмин ва бо расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ аз бемории маргбор раҳоӣ ёфтем.
Бо меҳнати садоқатмандона дастовардҳои зиёдро соҳиб гардида, рушди соҳаҳоро таъмин намудан, албатта, даромади пулӣ низ зиёд мегардад, ки ин ба зиндагии шоиста, рўзгори ободу осуда қадам гузоштани мардумро бозгўй мекунад.
Ҳамаи ин нишонаи коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад, ки марому мақсади Ҳукумат ва роҳбарияти олии мамлакат низ дар ҳамин аст ва оянда нақшаҳои мукаммалеро дар ин самт дар пеш дорад.
Пешвои миллат аз солҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардидан иброз дошт, ки маорифро дар сиёсати давлатии худ дар ҷойи аввал мегузорад. Бо сипарӣ шудани солҳо аз раванди рушди соҳа, кушода шудани мактабҳои замонавӣ, ба роҳ мондани усулҳои нави таълим, бароҳмонии квотаи президентӣ, ташкили озмунҳои донишандӯзӣ барои хонандагон ва аҳли ҷомеа, таваҷҷуҳи пайваста ба аҳли маориф, зиёд гардидани маош маълум мегардад, ки ин гуфтаҳо дар ҳаёт амалӣ шуда истодааст.
Ҷое хонда будам, ки миллиардере дар Америка бо вуҷуди ҳама дороияш намедонистааст, ки асъори давлатиашон чи намуд дорад. Шояд то ҷое ин гуфта дуруст бошад, чунки дар давлатҳои пешрафта мардум кайҳо аз ташвиши ҳамёнбардориву пулмайдакунӣ озоданд. Ҳама гуна муомилот тариқи ғайринақдӣ сурат мегирад. Дар навбат истодан, маблағи зарурии калону майда кофтан, дар ҳақиқат мушкилотест дар ин давру замон. Корт бошад, дар дилхоҳ ҷой тариқи ҳисоббаробаркунии бонкиву терминалӣ, ё бо истифода аз телефони ҳамроҳ дар як лаҳза корат иҷро мешавад. Ҳамин раванд дар кишвари мо ҳам амалӣ гардида истодааст, ки нишони давлати рӯ ба сӯйи инкишоф аст. Албатта, ҳар кор дар аввал душвориву нофаҳмиҳо дорад, вале бо мурури вақт он аз байн меравад ва мебинем, ки ин амал барҳақ илоҷи воқеа будааст.
Ҳукумати мулки биҳиштосову ҳамешабаҳори мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи кабудизоркуниву сабзкорӣ, бунёди боғу гулгашт таваҷҷуҳу эътибори хоса дорад. Бо гузашти солҳо мебинем, ки дар қаламрави кишвар ин дастуру ҳидоятҳоро мардум бо шавқ дастгирӣ менамоянд. Боғҳои нав бунёд, пештара таъмиру тармим карда мешавад, раставу кўча, хиёбонҳо бо гулу гулбуттаҳои нодиру назаррабо оро ёфтаанд.
Махсусан, пойтахти кишварамон-шаҳри Душанде, маркази вилоятҳо, ноҳияҳо ба худ намои тасаввурнашавандаи зебое гирифтаанд, солҳои охир. Ба ҷойи дарахтони монокултурӣ акнун дарахтони мевадору ороишии гуногунро мебинем, ки аз хориҷи кишвар ворид шудаанд ва ҳар яке хушсимотар аз дигараш аст.
Ҳамаи ин ба мақсаде роҳандозӣ мешавад, ки ояндагон соҳиби як кишвари воқеан пешрафта, обод ва зебое гарданд. Пешвои миллат дар ин маврид бо таваҷҷуҳи хоса изҳор доштанд: «Дар ин замина дар мамлакат корхонаҳои коркарди меваю сабзаҷот торафт зиёд мегардад, ки ин ҳам дар роҳи бо маҳсулоти худӣ таъмин гардидани аҳолӣ мусоидат менамояд».
Дар ин баробар, чуноне, ки аз Паёми навбатӣ бармеояд, баъд аз ин ҳам Ҳукумат ба масъалаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати озуқаворӣ ва содироти маҳсулоти он диққати аввалиндараҷа хоҳад дод.
Ҳамин тариқ, дар Паёми навбатӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи кишвари соҳибистиқлол бо далелҳои муътамаду рўшан баён гардид. Боиси хушбахтиву хурсандии ҳамагон аст, ки аз як Паём то дигараш бо вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд гардидани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ, ғанӣ гардидани буҷети кишвар роҳбарияти олии мамлакат баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум маоши вазифавии қишрҳои гуногуни ҷомеа, нафақа, стипендия, кумакпулиҳоро зиёд менамояд. Ин раванд дар Паёми навбатӣ низ баръало баррасӣ гардид. Аз 1 январи соли равон музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз, ҳамин қадар маоши вазифавии кормандони буҷетӣ ва стипендия аз 1 июл ва 30 фоиз нафақапулиҳо зиёд хоҳад шуд. Дар ин бора, аллакай фармони Президенти мамлакат интишор ёфт.
Дар ниҳояти Паёми навбатӣ як нуктаи басо муҳим, баҳри амалигардии ҳадафи Ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат баён гардид, ки боиси эҳтиром ва қабули аҳли ҷомеа шуд, ин масъалаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буд. Дар ин маврид гуфта шуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар ин масъала нақши калидӣ дошта, таъмини волоияти қонун дар таъмини низоми ҳуқуқии кишвар аввалиндараҷа аст.
Ҳамин тариқ, дар Паёми навбатӣ бори дигар аз вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон ёдоварӣ шуда, таъкид ба амал оварда шуд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон мебояд чораҳои заруриву нав ба навро роҳандозӣ намуд, ки, албатта, дар ин роҳ ҳушёриву зиракии сиёсӣ, бохабар будан аз вазъи ҳаррўзаи авзои ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад. Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Албатта, ин пешниҳод бо тамоми ҳисси ватандориву хештаншиносӣ аз аввали сол дар тамоми ҷанбҳаҳои ҳаёт роҳандозӣ шуда, ҳар фарди ҷомеа бо дониши ҳаматарафа, маърифатнокии баланд чун ватандори асил ба зиндагии арзанда мерасад.
Исматулло ҲАСАНОВ,
собиқадори матбуот аз ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...