Модари сарбоз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 257
Дар доираи лоиҳаи эҷодии “Волидайни сарбоз” волидайни сарбозоне, ки ду-се фарзандонашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудаанд, ё айни ҳол дар сафи Артиши миллӣ хизмат менамоянд, таҳия гардидааст. Дар нахустнашри лоиҳаи мазкур суҳбате доштем бо Марҳамат Шомаҳмадова, сокини шаҳри Бохтар, ки ду фарзандашро пайи ҳам ба хизмати аскарӣ гусел карда, азм дорад, фарзанди сеюминашро ҳам баъди хатми донишгоҳ ба сафи артиш гусел намояд.
-Чӣ боис гардид, ки ду писаратонро пайиҳам ба хизмати аскарӣ гусел намудед?
-Ман се писар дорам. Писаронам Сорбон ва Шомаҳмадро ба хизмати модар-Ватан гусел кардам. Соли 2019 писари калониям ба хизмати аскарӣ рафт. Баъди шаш моҳи хидматаш, падарашон дунёи фониро падруд гуфт. Писари дуюмам низ соли 2020 ихтиёран ба аскарӣ рафт. Наздиконам борҳо гуфтанд, ки чаро ду фарзандонатонро ба хизмат равон кардед, худатон танҳо мондед? Ман гуфтам, ки онҳо дар хона маро муҳофизат кунанд, давлати моро кӣ муҳофизат мекунад? Бояд фарзандони ман ҳаматарафа муҳофизи Ватан-модар бошанд.
Ҳар вақте ки аз қисми ҳарбӣ писаронам ба воситаи телефони мобилӣ бо ман дар тамос мешуданд, ифтихор мекардам, ки ман модари ду сарбозам. Командири қисми ҳарбӣ барои интизоми намунавии писаронам мактуби миннатдорӣ ирсол мекард. Аз ин қабат-қабат гӯшт мегирифтам ва фахр мекардам, ки писаронам сарбози боинтизоми Ватан ҳастанд. Яке дар қисми низомии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2021 дар вилояти Суғд, дигараш дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе солҳои 2020-2022 адои хидмат кардааст.
Хушбахтона, писаронам баъди адои хизмати аскарӣ ба сари баланд ба хона баргаштанд. Ин барои ман, як модари тоҷик, ифтихори бузург буд. Чунки дар лаҳзаҳои душвори зиндагиам писаронам ба ҳимояи марзу буми ватани хеш рафтанд.
Ин ба ҳар як модари тоҷик мояи ифтихор ва сарфарозии балад аст, ки ду фарзандаш ихтиёран ба хизмат рафта, сарбаландона пас аз адои он ба назди наздикон баргарданд.
- Назари ҷомеа ба ин иқдоми писаронатон чигуна буд?
-Ҳангоме ки писаронам аз сафи Артиши миллӣ баргаштанд, муоширати тамоми маҳалла дигар шуд. Ҳама эҳтиромашон мекунанд. Дар кӯчаҳо бо шеваҳои “Муҳофизони Ватан, офарин ба Шумо, ки хизмати модар Ватанро ба охир расонидед” васфашон мекарданд.
Ҳоло бошад, бо сари баланд аз пайи пешбурди зиндагӣ ҳастанд.
- Хизмати ҳарбӣ ба писарони Шумо чӣ дод?
-Хизмати ҳарбӣ рӯҳу ҷисми писаронамро тағйир дод. Баъди адои хизмат рафтору кирдор, эҳтироми волидон, муносибат бо хонавода ва ҷомеа дигар шуд. Ба падару модар, ёру бародар эҳтиромашон зиёд шуд. Ман боварӣ надоштам, ки чунин мешавад. Дар баробари хуб гардидани одобу ахлоқ, ҷисман обутоб ёфта, неруманд аз хизмат баргаштанд ва имрӯз дар ҷомеа сари боло доранд.
Мактаби мардонагӣ он аст, ки ҷавононро дорои ахлоқи намунавӣ, эҳтиром ба волидон, ҷасуру пурэнержӣ, ватандӯсту сабурӣ, меҳнаткаш ва ба зиндагии мустақилона омода месозад. Фарзандони ман ин ҳама хислатҳои некро аз ин мактаб омӯхтанд ва онро дар зиндагӣ, баъди адои хизмат, истифода бурда истодаанд.
Ҳамчун як модар ба тамоми модарон мегӯям, ки писаронашонро ҳатман шомили ин мактаби ҳаётан муҳим намоянд, то дар оянда дастгирашон гарданду эҳтиромашонро пос доранд.
- Назари Шумо ба он модароне, ки писаронашонро намегузоранд ба хизмати ҳарбӣ раванд, чист?
-Дар даврони Шуравӣ бародарони мо дар хоки дигар мамлакатҳо хизмат мекарданд. Ҳоло бошад, бо ба даст овардани истиқлоли комили кишвар, фарзандон барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш ба хизмат мераванд. Ба модарон гуфтаниям, ки писарони мо марзи мо, номуси мо ва хоки аҷдодии моро муҳофизат мекунанд. Мо - модарон монеи хизмати писарон нашавем. Баръакс, моро мебояд дар сафарбар намудани фарзандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми назаррас гузорем, то дар ватани хеш осуда басар барем.
Ман ҳамчун модари сарбоз ба сарбозоне, ки шабҳои сарду рӯзҳои гарм ба хотири амнияти Тоҷикистон, осудагии сокинон дар марз истода сина сипар мекунанд, дуо мекунам, ки ҳамеша дар хизмати Ватан-модар ҳушёру чолок бошанд ва хизмати аскариро ба анҷом расонида, сарбаландона ба назди падару модари хеш баргарданд.
Абдулло РИОЕВ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...