Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Саноатикунонӣ омили рушди иқтисодиёт аст


Саноатикунонӣ омили рушди иқтисодиёт аст




Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди саноатикунонӣ аз даврони Шуравӣ оғоз меёбад. Аммо қайд кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон чун баъзе аз ҷумҳуриҳои Шуравӣ барои давлати ягонаи Шӯравӣ манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Дар он давра имкониятҳои зиёде мавҷуд буданд, ки тамоми маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаи аграрӣ бо ташкил кардани корхонаҳои зиёди саноатӣ дар дохили ҷумҳуриамон коркард ва ба маҳсулоти тайёри саноатӣ табдил дода шаванд.

Мутаассифона, ин тавр набуд. То Истиқлоли давлатӣ корхонаҳои саноатии Заводи алюминий, Заводи сементбарорӣ, Комбинати шоҳибофӣ ва ғайраҳо мавҷуд буданд, ки мебоист шумораи онҳо боз ҳам бештар мебуд. Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, Сарвари давлат барои пешрафту тараққиёти саноати ватанамон супориш доданд, ки ҳаддалимкон баровардани ашёи хом, махсусан пахта ва пӯст аз ҷумҳурӣ манъ карда шавад.

Пас аз ҷанги шаҳрвандию ҳодисаҳои нанговари солҳои аввали истиқлолият системаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва соҳаи саноат аз фаъолият бозмонд. Аммо тадриҷан ва бо талошу заҳматҳои Роҳбари хирадманди кишвар Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта баргашта, иқтисодиёт ба маҷрои рушд равона гардид. Ҳоло мо раванди саноатикунонии кишварро бо қадамҳои мантиқии рушди иқтисодӣ ва зина ба зина омодашавӣ ба тақвият додани соҳаи саноат мушоҳида карда метавонем. 

Хушбахтона, аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин омилҳоро таъмин карда, заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб меравад. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Тоҷикистон баръало ҳис мекунем. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд: “Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣиндустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем… Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”.

Пеш аз ҳама, саноатикунонии кишвар мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникиро талаб мекунад. Барои ин бояд базаи моддию техникии донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ мустаҳкам карда шавад ва кадрҳои ҳақиқатан ҷавобгӯйи талаботи саноатикунонӣ омода карда шаванд. Инчунин бо ин мақсад кадрҳои илмӣ-педагогии техникӣ дар хориҷи кишвар (ба таври муваққатӣ) низ тайёр карда шаванд. Бо ташкил кардани коргоҳҳои хурди саноатӣ ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорвопарварӣ дар дохили ҷумҳурӣ татбиқи амалии таъмини озуқавории аҳолӣ ва ба хориҷа содир намудани маҳсулоти тайёри хӯрокаро ба роҳ мондан зарур аст.

Озод кардан аз андозу боҷи гумрукӣ (муддати муайян) ва додани имтиёзҳо ба корхонаҳои саноатии хурду миёна ва ҷустани роҳҳои таҳкимбахшандаи фаъолияти саноатӣ мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои созмон додани корхонаҳои бузурги саноатӣ имкон фароҳам меорад.

Инчунин, қайд намудан бамаврид аст, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар раванди расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар саҳмгузор бояд бошанд. Ҳар соҳа мувофиқи неруи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва имкониятҳои молиявию истеҳсолии худ дар ин роҳ қадами устувор гузорад: соҳаи маориф бо омодакунии кадрҳои баландихтисос (оғоз аз боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ то ба коллеҷу донишгоҳҳо), соҳаи сохтмон бо сохтани инфрасохтори ҷойгиршавандаи корхонаҳои саноатӣ, соҳаи роҳу нақлиёт бо таъмини корхонаҳои саноатӣ бо маводи зарурӣ – ашёи хому тайёр ва нимтайёр ва монанди инҳо.Дар ин қатор назорати қатъии истифодаи имконияту иқтидорҳо дар раванди саноатикунонӣ зарур аст. Зеро мувофиқи мақсад ба роҳ мондани сарфи маблағҳои ҷудошуда роҳи моро ба ҳадафи стратегӣ кӯтоҳ мекунад.

Инчунин, яке аз иқдомҳои дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эълон намудани солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва эълон намудани Солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" ба ҳисоб меравад, ки оид ба "Ҳадафи чоруми миллӣ- Саноатикунонии босуръати кишвар" нақши муҳим мебозад.

Мустафо Саидов,
Шуҳрат Пиров,
омӯзгорони «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ» дар шаҳри Левакант

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода