«Гулдӯзӣ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 293
Гулдӯзӣ ҳунари густурдаи бонувони тоҷик буда, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии мардуми тоҷик алоқаманд аст.
Он аз қадимтарин навъи санъати халқӣ буда, бо сӯзан ва чангакҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯйи матоъҳои гуногун бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зарину нуқрагин, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, муҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо нақшҳои гуногунро медӯзанд. Дар замони муосир баъзе аз навъҳои гулдӯзӣ бо мошинҳои дарздӯзӣ низ дӯхта мешаванд.
Гулдӯзӣ ва навъҳои он дар ороиши сӯзанӣ, борпӯш, болишт, чодари арӯсӣ, остину гиребон ва домани куртаҳои занона, тоқӣ, рӯймол, рӯйпок, парда, гаҳворапӯш, дастархон ва ғайра истифода мешавад. Дар гулдӯзӣ усулҳои гуногун истифода мешавад. Аз ҷумла, усулҳои маъмултарин чаппадӯзӣ, кандахаёл, хомдӯзӣ, даравшдӯзӣ ва ироқӣ ба ҳисоб мераванд.
Гулдӯзиро дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон дучор омадан мумкин аст. Ҳатто дар дуртарин деҳаҳои кӯҳистон рангорангии куртаҳои гулдӯзишуда, ки одатан аз пеш, паҳлу ва остин оро дода мешаванд, равшантару рангинтар ба назар мерасанд.
Масалан, дар гулдӯзиҳои ҷануби Тоҷикистон нақшҳои растаниҳо – гулҳо, баргҳо, шохаҳои дарахтон бештар тасвир мешаванд, ки ин усулро ислимӣ мегӯянд.
Инчунин, нақшҳои офтоб, садбарг, аждар, офтобпараст, доира, сумби асп, пайпоқи шутур ва ғайра маъмул аст.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00