Наврӯз - эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 416
Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо-тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ҷашни Наврӯз аз зумраи ҷашнҳоест, ки баробари фаро расидани он шодию нишот ва эҳсоси гарми зиндагӣ ба машом мерасад.
Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ниҳоди миллати тоҷик поку беғараз аст. Маҳз дар рӯзи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз сари як дастархон ҷамъ омадан, аз дӯстиву рафоқат ҳарф задан, таомҳои хоси аҷдодиро омода кардан, маҳфилҳои рақсу сурудхонӣ ва бозиҳои варзишии гуногун ташкил намудан аз таърихи миллати инсондӯсту инсонпарвари мо дарак медиҳад.
Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамон давраҳо Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса - Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хоса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд. Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад.
Дар ситоиши Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтаанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати Офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор неруманд мешавад. Наврӯз ҷашни бедоршавии табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад. Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегардад.
Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомати зиёд пешвоз гирифта мешуд. Барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд. Мисоли равшани он бунёди тахти Ҷамшед аз ҷониби Дориюш аст, осори он то ҳол боқӣ монда, оламиёнро ба ҳайрат овардааст.
Дар субҳи аввали он одамон ба якдигар об мепошиданд, туҳфаҳо медоданд ва туҳфаҳо мегирифтанд. Шириниҳо беҳтарин туҳфа маҳсуб мешуданд. Дар шабҳо оташафрӯзӣ мекарданд ва суманак (сумалак) мепухтанд. Хушбахтона, маросими суманак (сумалак)-пазӣ дар аксар маҳалҳо то ҳол риоя мегардад.
Инчунин, дастархонҳои идона меоростанд, ки ин дастархонҳои Наврӯзӣ бо номҳои ба худ хос, ба мисли «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» буд. Ҳар яке аз ин амалҳоқоидаҳои худро доштанд ва аз тарафи мардум бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд.
Яке аз анъанаҳои Наврӯзӣ ин 7 син мебошад. Ҳафт син ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи - «с» (син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд: Сирпиёз, Себ, Сабзӣ, Санҷид, Сирко, Суманак, Сипанд.
Ҳафт шин ин он номгӯи чизҳои рӯи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо - «ш» (шин) оғоз меёбанд. Ба инҳо дохил мешаванд: Шакар, Шона, Шамъ, Ширинӣ, Шарбат, Ширбиринҷ, Шир.
Умуман, инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошанд. Ҳар як халқият урфу одати худро дорад. Бинобар ин, ба ҷойи ҳафтсин ва ҳафтшини номбаршуда дигар хӯрокҳоро низ дар дастархон ҷой медиҳанд.
Мардуми ориёӣ дар тӯли солҳо бо тамоми роҳу воситаҳо тавонистанд, ки ин мероси фарҳангии худ, аз ҷумла анъанаи ҷашни Наврӯзро нигоҳ доранд. Онро аз манъкунию хурофот эълон намуданҳо дифоъ карданд ва ин анъанаро то ба насли имрӯз расониданд.
Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара доданд ва аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавӣ ҳақиқати таърихӣ аст. Зеро Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин ғанитар ва зеботар гардид. Наврӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» чунин дарҷ кардааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад». Кӯшишҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, ки мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ин ҷашни фархундаи ниёгонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гиранд ва то Наврӯзи дигар дар амну амният бошанд.
Аҷдодони мо мегуфтанд, ки дар рӯзи таҷлили ин ҷашн бояд дилҳо аз кинаю нафрат пок бошанд, бо миёнаравии шахсони муваффақ ва мӯйсафедони табаррук қаҳриҳо бо ҳам оштӣ мекарданд, ҳама гуна муноқишаю низоъҳоро ба сулҳ меоварданд. Онҳо андеша доштанд, ки агар касе дар соли нав бо ҳам қаҳрӣ ва ё ҷангӣ бошад, ҳатман дар корҳои онҳо як навъ мушкилот пеш меояд. Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз аҷдодони мо-тоҷикон дар дастурхони идонаи худ маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширбиринҷ, шир, шакар ва ҷурғот мегузоштанд, ки инҳо сафедиянд ва барои онҳо сафедӣ рамзи муқаддас ба шумор мерафт.
Азбаски Наврӯз ҷашни сулҳофар ва ҷашни ваҳдату дӯстӣ аст, хусусияти пастзании обрӯю эътибори ягон гурӯҳ, шахс ё қавму қабиларо надорад, ҷашнест, ки дар поёни ҳодисаҳои таърихӣ ё ин ки ҷангу шӯришҳо ба вуҷуд наомадааст ва асоси он ҳодисаи баробаршавии шабу рӯз дар табиат мебошад, бо ин сабаб ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин ҷашн дар омад-омади худ як пайки хосеро дорост, зеро дар ин рӯзҳо ҳамагон пероҳани нав, бахусус гулдухтарон либосҳои атласу чакан ба бар мекунанд ва модарон ба тайёр кардани суманаки наврӯзӣ омодагӣ мегиранд, деҳқонон ба кишту кор оғоз мекунанд.
Аз омадани Наврӯз, пеш аз ҳама, бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму оинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то ба имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон неруи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Комрон РАСУЛОВ,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...