ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 336
Имрӯз, 16 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз фаъолияти кишоварзон ва рафти киштукор дар саҳро огоҳ гардида, ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшиданд.
Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов (собиқ колхози “Комунизм”) дар солҳои 20 –уми асри гузашта ҳамчун хоҷагиҳои хурд-хурд арзи ҳастӣ намудааст. Соли 1960 колхози “Коммунизм” ва “Калининобод” якҷоя карда шуда, як хоҷагии калонро ташкил намуданд, ки сарварии ин колхозро Ниёзмуҳаммад Бегов ба уҳда гирифт ва то соли 1986 онро роҳбарӣ менамуд. Ин марди корозмуда ва заҳматкаш тавонист хоҷагиро обод намуда, дар давоми 30 соли роҳбарияш як хоҷагии назарногирро ба як хоҷагии ободу зебоманзар ва овозадор табдил диҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад. Хоҷагии мазкур 1550 гектар заминро фаро гирифта, 2100 саҳмдор дорад.
Пахта аз маҳсулоти асосии содиротии давлат маҳсуб ёфта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ, раиси вилоят дастур доданд, ки кишоварзон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гарданд.
Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Сипас, раиси вилоят дар қисмати дигари ин хоҷагӣ дар мъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба масъулин дастур доданд, ки хона ба хона гашта, корҳои фаҳмондадиҳт гузаронанд ва бо истифода аз кӯчактарин имконият дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳиссагузор бошанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...