Матбуот оинаи рӯз аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 317
Матбуот дар давраи мавҷудияти худ, вобаста ба вазъи замону сохти ҷомеа, ҳар гуна сифату баҳогузориҳо қарор гирифтааст. Масалан, бунёдгузори давлати бузург СССР В. И. Ленин матбуотро яроқи дурзани ҳизбу давлат медонист.
Матбуоти минтақаи Кӯлоб, ки як ҷузъи матбуоти Тоҷикистон дониста мешавад, ба амсоли дигар манотиқи кишвар, дар фазои иттилоотӣ ба майдон омад ва рушду такомул ёфт.
Мехостам андешаҳои хешро дар боби вазъи матбуоти минтақаи Кӯлоб, бахусус замони пайдоишу рӯи кор омадани нахустжурналистони он, баён намоям. Солҳои 1928-1932, ки дар таърихи кишвар чун солҳои муборизаҳои синфию барқарорсозии сохти нав қаламдод мегардад, дар маркази шаҳри Кӯлоб рӯзномае бо номи «Маҳви бесаводӣ» нашр мегашт. Моҳи марти соли 1933 рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» ба фаъолият шуруъ намуд. Солҳои 1935 ва 1936 аксари ноҳияҳои вилояти Кӯлоб, ба монанди Фархор, Данғара, Шӯрообод (ҳозира Ш.Шоҳин), Ховалинг, Балҷувон, Сарихосор, Кангурт, Восеъ, Темурмалик соҳиби рӯзномаҳои худ шуда, бо забонҳои мухталифу ҳуруфоти лотинӣ нашр мегардиданд. Моҳи феврали соли 1944 рӯзномаи русии «Кулябская правда» таъсис ёфт, ки чанд рӯз пеш 80-солагии хешро таҷлил намуд.
Баробари таъсиси рӯзномаҳо фаъолияти чопхонаҳо низ ба роҳ монда шуда, соли 1935 чопхонаи шаҳри Кӯлоб бо дастгоҳҳои нав таъмин мегардад.
Дар солҳои 30-40-уми асри XX як зумра нахустжурналистони минтақа, ки аксарашон аз оилаҳои зиёиёни маҳаллӣ буданд, ба кор меоянд.
Ҳизбу ҳокимиятҳои маҳаллӣ, ки муассисони рӯзномаҳо мансуб меёфтанд, барои рушду хонданбоб гардидани онҳо пайваста кумак намуда, чораю тадбирҳо меандешиданд. Масалан, рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб», аз 28-уми марти соли 1949, зери сарлавҳаи «Газетае, ки аз ҳаёт дур мондааст» хулосаи бюрои ҳизбии вилоятро нисбати рӯзномаи «Зарбдори Данғара» дар шакли зайл овардааст: «…Газетаи «Зарбдори Данғара» (муҳаррираш рафиқ Шодиев) ин қарорҳои партия ва ҳукуматро ба меҳнаткашон пропаганда накарда, онро дастраси омма намекунад…»
Аз ин эродҳои яксаҳифагии муассисон аён мегардад, ки онҳо дар симои рӯзномаи мазкур, рӯзномаҳои дигари вилоятро ба як воситаи тавонои созандагию бунёдкорӣ табдил доданӣ ҳастанд.
Дар ин давра журналистони рӯзномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ Р. Содиқов, А. Муродов, Қ. Каримов, М. Сарваров, П. Шукуров, С. Ашӯров, О. Турдиев, Ш. Насриддинов, Ҳ. Гулматов, М. Ҳасанов, К. Исмоилов, А. Юнусов, А. Шодиев ва дигарон нахустжурналистони минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёфтанд. Бо рӯи кор омадани онҳо нашри рӯзномаҳои баъзе ноҳияҳо пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад.
Вазъи солҳои 50-70 барои матбуоти минтақа солҳои мухталифанд. Дар ин давраҳо баъзе рӯзномаҳо бо иллати тағйиротҳои ҳудудию маъмурӣ ва мушкилоти кадрию иқтисодӣ фаъолияташонро қатъ карда, мутамарказ мешаванд. Мушоҳида мекунем, ки бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва гузашти солҳо нақши ин рӯзномаҳо ва номи нахустжурналистони минтақа пайваста ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд.
Дар ин самт ҷуз китоби «Чеҳраи Хатлон»-и Н. Маъмурзода ва «Журналистони диёри Восеъ»-и С. Мункӣ ва қисман ишораҳои нопурра дар қомусномаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Данғара дигар маъхазеву маълумоте ёфтан душвор аст. Дар ҳоле ки намояндагони дигар манотиқи кишвар, ба амсоли Бадахшону баъзе рӯзномаҳои марказӣ, аз гузаштаву имрӯзи хеш маълумотномаю қомусномаҳо нашр намудаанд. Мутаассифона, дар қомусномаҳои ишорагашта низ, на ҳама чеҳраҳои матбуоти минтақа, ки дар замони худ соҳибнуфузу шуҳратёр маҳсуб меёфтанд, инъикос гаштаанд. Бар замми ин қисмате аз муҳаррирони рӯзномаҳои ноҳияҳои минтақа, ки баъзеашон аз 20 то 30 сол ифои вазифа кардаанд, бо иллати набудани як ёддошти дурусти соҳа ва бетаваҷҷуҳӣ ба он, аз таърихи рӯзномаю ҳамкасбони гузаштаи худ огаҳ нестанд.
Вобаста ба тақозои вазъи мавҷуда, аз ҷумла сифату омилҳои замони иттилоот, ба андеша расидем, ки дар хусуси таърихи матбуоти минтақа ва журналистони гузаштаву имрӯзаи он маълумот ҷамъ оварда, дар шакли ёддошт китобе таълиф намоем. Чунки ин ҳолат ҳамон мақоли машҳури «мӯзадӯзи бемӯза»-ро ба хотир меорад. Акнун баҳри ислоҳи вазъ ҷиддан даст ба кор задаем ва бо кумаку навиштаҳои ҳамкасбони дурандешу некбини худ, то ин дам расму ҳолномаи 220 нафар журналистон ва маълумотҳои сареҳи рӯзномаҳои онҳоро дар ихтиёр дорем. Ин ҷустуҷӯҳо идома доранд.
Ба андешаи мо, матбуот оинаи рӯзу зиндагист. Бигзор ин оина мудом поку беғубор, тозаю озода ва аз хирабиниҳою каҷнамоиҳо дуру эмин бошад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...