Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид дар арафаи Рӯзи Модар ба аёдати собиқадори меҳнат рафт


Давлаталӣ Саид дар арафаи Рӯзи Модар ба аёдати собиқадори меҳнат рафт



Имрӯз, 7 марти соли равон бахшида ба Рӯзи модарон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ба дидорбинии якчанд собиқадорони соҳаҳои гуногун рафтанд.

Сараввал, раиси вилоят ба аёдати собиқадори соҳаи тиб Мавлуда Қурбонова рафта, аз ҳолу рӯзгорашон пурсон шуд. 

Мавлуда Қурбонова 24-уми  декабри  соли  1951 дар  шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло  Бохтар)  таваллуд  шудааст. Баъди  хатми  ДДТТ ба  номи   А. Сино  соли  1976  корро  дар  беморхонаи  шаҳри Қурғонтеппа  (ҳоло  Бохтар) ба  ҳайси  духтури  амрози  занона  оғоз  менамояд.

Сипас дар вазифаҳои мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи  шаҳри Бохтар, дар беморхонаи  вилоятӣ  ба ҳайси мудири  шуъбаи  бемориҳои  занона  фаъолият  кардааст.

Мавлуда  Қурбонова  собиқаи  беш  аз  40  сола дошта,   хизматҳои  бисёрсолаи  уро  ба  назар  гирифта бо  Сипосномаю  Ифтихорномаҳо  қадрдонӣ  карда  шудаааст. Тавассути  меҳнати  ҳалолаш  бо  ҳурмату  эҳтироми   мардум  сазовор   гардидааст. Ӯ духтури  дараҷаи олӣ буда,   аълочии  тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Собиқадорони соҳаи тиб Мавлуда Қурбонова аз ин амали нек рӯҳбаланд шуда, бо шукргузорӣ аз тинҷию оромӣ ва суботи ҷомеа барои аёдати онҳо дар рӯзҳои хотирмон изҳори сипос намуд. 
Ҳамчунин, раиси вилоят ба назди собиқадори меҳнат Қутбиддинова Мусафо рафта, мавсуфро бо 100 солагиаш табрик кард.

Қутбиддинова Мусафо (Муҳаббат) 8 марти соли 1925 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Оилаи Қутбиддинова М. пас аз муноқишаҳои сиёсӣ соли 1930 ба шаҳру Душанбе кӯч бастаанд. 

  Қутбиддинова Муҳабат дар синни 18 солагӣ, соли 1942 ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзгорӣ бо роҳхат ба мактаби № 45-и ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониён) омада, дар муассисаи таълимие, ки аз ду ҳуҷра иборат буд, фаъолияти омӯзгориашро оғоз намуда, то синни 65 солагӣ дар мактаби мазкур кору фаъолият намуд. 

Қутбиддинова М. дар тӯли фаъолияти зиёда аз 50 солааш, ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муноқишаҳои сиёсии солҳои 1991-1992 новобаста ба хатарҳои зиёд ба ҷони хеш, ӯ аз пешаи омӯзгорӣ даст накашида, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Шогирдонаш чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар кору фаъолият дошта, баҳри омӯзгор ва устоди хеш якчанд мақолаҳо рӯи нашр овардаанд. 

Собиқадори меҳнат, Қутбидинова М. аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, миннатдории худро баён кард.

Набиҷони Саидаброр, 
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода