Семинари машваратию дастурдиҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 203
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таъмини иштироки фаъолияти аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ 21 феврал дар Кохи фарҳанги маркази маъмурии вилояти Хатлон семинари машваратию дастурдиҳӣ таҳти унвони “Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар шароити муосир” доир гардид.
Дар ин ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, муовинони раиси вилоят Музаффар Мирзозода ва Анзурат Абдусаломзода, муовинони идеологии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони вилоят иштирок намуданд.
Дар рафти ин ҳамоиш таъкид гардид, ки комиссарони ҳарбӣ, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, мақомоти амнияти миллӣ, маориф, ҳифзи ҳуқуқ, марказҳои тиббию санитарӣ, Агентии муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаҳо, ҷамоатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ суҳбату вохӯриҳо ба роҳ монанд. Аз иҷрои барномаҳои дастурдодашуда ҳисобот пешниҳод карда шавад.
Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ҳама ташкилоту муассисаҳои вилоят дар фейсбук саҳифа кушода, доир ба раванди фаъолият ва тадбирҳои андешидашуда маълумот интишор намоянд.
А. РИОЕВ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00