Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бонуи бойгоншинос


Бонуи бойгоншинос




Инсон барои расидан ба қуллаи мақсуд роҳҳои пурпечутоби зиндагиро тай намуда, ба қуллаи муроди хеш мерасад. Қаҳрамони мо низ аз зумраи чунин инсонҳо буда, айни замон дар бойгонии ноҳияи Ёвон фаъолият дорад.
Дар ин мавод аз ҳаёти ӯ қисса мекунем.


Бибисория Шамсова ҳанӯз аз хурдсолӣ орзуи дӯзанда шуданро дошт. Аммо риштаи тақдир ӯро ба дигар соҳа бурд. Соли 1991 баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кард. Фаъолияти омӯзгориашро аз МТМУ №7-и ноҳияи Ёвон оғоз намуда, дар донишандӯзии хонандагон ва ба роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас нақши созгор гузоштааст.

Соли 1998 ӯ фаъолияти меҳнатиашро дар боғчаи №14-и ноҳия идома дода, баҳри фурӯзон намудани чароғи илму дониш дар қалби тарбиятгирандагони боғча заҳмати хешро дареғ надоштааст ва пайваста талош меварзид, ки ба кӯдакон чизе омӯзад.

Бо гузашти вақт ин бону тағйири касб кард. Сарнавишт Бибисорияро бо Халичамо Гурезова рӯ ба рӯ намуд. Чи тавре ки Бибисория Шамсова мегӯяд: -Дар фаъолияти дусолаи мураббигиам бо инсони хушбину хоксор Халича Гурезова риштаи дӯстӣ бастам. Бо тавсияву роҳнамоиҳояш соли 2000 ба Идораи бойгонии ноҳияи Ёвон ба ҳайси бойгоншинос ба кор омадам. Аз рӯзҳои аввали фаъолият дар ин вазифа душворӣ мекашидам. Аз касби бароям ношинос роҳгум задам. Дар ин ҳолатҳо нозукиву вижагиҳои самти бойгондориро аз ӯ омӯхтам, вай дасти кӯмаки хешро дареғ намедошт.

Қаҳрамони мо баҳри расидан ба орзуҳои нек ва садоқатмандона хизмат намудан ба халқу Ватан талош варзидааст. Бибисория Шамсова дар кор масъулиятшинос буду доим ташаббускорӣ нишон медод.

Роҳбарияти ноҳия масъулиятшиносию кордонии ӯро дида, соли 2004 роҳбарии Идораи бойгонии ноҳияро ба дӯши Бибисория вогузошт. Дар давраи фаъолият дар ҷамъоварӣ ва нигоҳдории парвандаҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия ҳамчун роҳбар саҳми арзанда гузоштааст.

Як лаҳзаи кӯчонидани идораи бойгонӣ ба бинои дигар барои Бибисория хотирмон буд. «Идораи бойгонии ноҳия дар як бинои иҷора ҷойгир буд - ба ёд меорад ӯ. - Ҳамроҳи ронанда Абдукарим Мирзоев бо мошин ҳуҷҷатҳоро ба ҷойи нав мебурдем. Дар роҳ моро кормандони БДА боздоштанд  ва иҷозатномаи кӯчонидани бойгониро талаб намуданд. Аз сабаби надоштани иҷозатнома ман ва ронандаро ба шуъбаи БДА бурда, як шабонарӯз дар милисахона нигоҳ доштанд”.

Воқеан, ин бонуи содиқ ба касб барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани бойгонии ноҳия хизмати мондагор анҷом додааст. Гарчанде, ки дар ин пайроҳаи пурпечутоб ба мушкилоту нокомиҳо, яъсу ноумедиҳо рӯ ба рӯ мешуд, мардонавор ҳамаро паси сар намуд, то парвандаҳои бойгонии ноҳия дар амон бошанд. Манзил ба манзил, идора ба идора парвандаву дафтар, ҳуҷҷату варақаҳоро кашонида,  бойгониро барои таърих ва ояндагон ҳифз намудааст.

Бибисория Шамсова дар фаъолияти 23-солаи худ миёни ҳамкорон ва ҷомеа маҳбубияти хосса пайдо намудааст. Хоксорию фурӯтанӣ, хушбиниву нексириштӣ ва самимияту дидадароияш хоси кору фаъолият ва касбаш мебошад.

Сарвиноз Раҳимова, яке аз кормандони бойгонии ноҳияи Ёвон, мегӯяд: “Дар фаъолияти бисёрсолаи кориам аз ҷониби апаи Халиҷа ба ҷуз меҳрубонию ғамхорӣ дигар чизе надидам. Бо ширингуфторию чеҳракушоияш мушкилоти мардумро бароварда мекунад. Дар ҳама ҳолатҳо меҳрубону ширингуфториро аз худ дур намекунанд.

Барои дарёфти ҳуҷҷате корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Дар раставу қабатҳои ҳуҷҷату варақҳои маҳфузбуда, соатҳо ва ҳатто рӯзҳоро паси сар карда, ҳуҷҷати лозимаро меҷӯяд, то корафтода ноумед наравад. Дар сурати ёфт нагардидан бо тавсияву машваратҳо корафтодагонро гусел мекунад.

Воқеан талошҳои зиёди ин зани некбину серталош бойгонии ноҳияро аз парокандагӣ раҳонида, дар маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ саҳми назаррас гузоштааст.

А. РИОЕВ , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода