ҚУБОДИЁН. Як соли рушд дар омор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 334
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташро ба роҳ монда, дар соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2023 расид, ки он, пеш аз ҳама, дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ тақвият бахшида, ба баландшавии музди миёнаи меҳнат ва маблағгузориҳо мусоидат намуд. Ҳамчунин, дар ин давра ноҳия ба муваффақиятҳои намоён ноил гардида, сохтмони чандин иншооти муҳим бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Вобаста ба ин раванд ва корҳои ободонӣ дар ноҳияи Қубодиён суҳбате доштем бо раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ.
Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
- Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 2 миллиарду 634,9 миллион сомонӣ расида, нисбати соли 2022-юм 108,5 фоиз, ё ин ки 206,8 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 12,6 фоиз ва ба соҳаи саноат 3,7 фоиз рост меояд, - гуфт зимни суҳбат Мирзодавлат Сабурзода, раиси ноҳияи Қубодиён.
Ба иттилои раиси ноҳия, соли равон дар натиҷаи фаъолияти самарабахши бахши иқтисодии ноҳия ба буҷет зиёда аз 53,6 миллион сомонӣ, ё ин ки 101,0 фоиз маблағ ворид карда шуд, ки аз нақша 506,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи пардохти маблағҳои андози иҷтимоии аҳолии ноҳия 104,8 фоиз, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 108,0 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 100,1 фоиз таъмин гардида, ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҷойи 32,0 миллион сомонӣ, 33,5 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки 1,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Зимни суҳбат раиси ноҳия таъкид дошт: «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2021-2025-ум 104 лоиҳаро ба маблағи 234,5 миллион сомонӣ дар бар гирифта, дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул ҳамагӣ 20 лоиҳа амалӣ гардида, 10 лоиҳаи дигар дар амал қарор дошта, маблағи азхудкардашуда 135,2 миллион сомонӣ, ё ин ки 57,7 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил медиҳад».
- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 153,6 миллион сомонӣ, ё ин ки бо нархҳои муқоисавӣ 103,4 фоизро ташкил менамояд, - бо изҳори қаноатмандӣ гуфт раиси ноҳия.
Ҳамзамон, илова намуд, ки шумораи коргоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ 35 ададро ташкил намуда, аз он 5-тоаш навтаъсис мебошад.
Дастовардҳои кишоварзон
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар бахши аграрии мамлакат ислоҳоти заруриро амалӣ намуд. Ҳамчунин, ин бахши муҳим аҳолиро бо озуқа ва саноатро бо ашёи хом таъмин мекунад.
Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ноҳияи Қубодиён ба маблағи 1 миллиарду 929,1 миллион сомонӣ, ё ин ки 112,6 фоиз расонида шуд.
- Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 17366 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, нисбати соли 2022-юм 229 гектар зиёд мебошад, - афзуд раиси ноҳия. - Аз он ҷумла ғалладона ва лӯбиёгиҳо 5863 гектар, аз он гандум 4843 гектар, ҷав 143 гектар, шолӣ 222 гектар, лӯбиёгиҳо 49 гектар, ҷуворимакка барои дон 606 гектар, зироатҳои техникӣ 6049 гектар, аз ҷумла пахта 5789 гектар, картошка 805 гектар, сабзавот 2108 гектар, полезӣ 955 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 1586 гектарро дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин дар майдони 7649,9 гектар, аз он ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3652,8 гектар ва дар бахши аҳолӣ 3851,4 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли 2022-юи 77,5 гектар зиёд мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, соли сипаришуда дар ноҳия 59636 тонна маҳсулоти ғалладонагиҳо, 10892 тонна пахта, 14236 тонна картошка, 96358 тонна сабзавот, 41204 тонна полизӣ, 13134 тонна мевагиҳо, 7045 тонна ангур, 13434 тонна гӯшт, 36040 тонна шир, 4,3 миллион дона тухм, 620,4 тонна пашм, 9,3 тонна пилла, 25,0 тонна асал ва 35,0 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки ба ғайр аз ангур (618 тонна) ва пилла (9,9 тонна) ҳамаи нишондиҳандаҳо нисбати соли 2022 зиёд мебошад.
Дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 5200 тонна пешбинӣ гардида, соли сипаришуда 5286 тонна, ё ин ки 101,7 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз ва мевагиҳои барвақтӣ содирот карда шудааст.
Ба мақсади солимгардонии муҳити зист 32,4 ҳазор ниҳолҳо, аз ҷумла 15,1 ҳазор ниҳолҳои дарахтони сояафкан, 8,3 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз, 9,0 ҳазор ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, 30,0 ҳазор дона лола, 32,0 ҳазор бех садбарг ва 128,0 ҳазор бех дигар намуди гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Аз таъмин бо ҷойи кор то кумак ба ниёзмандон
Зимни суҳбат раиси ноҳия М. Сабурзода таъкид дошт, ки ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1379 нафар, аз ҷумла 727 нафар занону духтарон муроҷиат намуда, аз он 1218 нафар ба қайд гирифта шуда, ба 709 нафар, аз ҷумла 296 нафар занону духтарон мақоми бекорӣ дода шудааст.
Ҳамзамон, соли сипаришуда дар ноҳия 20 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 240 нафар, аз он 144 нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба 245 нафар кумакпулиҳо пардохт карда шудааст. Баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ 271 нафар ба касбомӯзӣ ва корҳои хонагӣ ҷалб карда шудааст.
Дар ин давра 7091 ҷойи кории нав, аз он доимӣ 344, мавсимӣ 3480 ва муваққатӣ 3267 таъсис дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4571 ҷойи нави корӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия, инчунин бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони саховатпеша ба нобиноён, маъюбон, кӯдакони ятим, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, оилаҳои эҳтиёҷманд ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ 5,1 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.
Аз дастоварди хонандагон то варзишгарон
Дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 1 муассисаи хусусии таълимии ба номи “Барфигул”, 2 гимназияи давлатӣ, 1 мактаб-интернат, 5 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ва 1 хусусӣ фаъолият дошта, дар онҳо 44682 нафар хонанда, аз он 21625 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, шумораи омӯзгорон 2085 нафар, аз он ҷумла 1541 нафар занонро ташкил менамояд. Дар 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 597 кӯдак, аз он 241 нафар духтарон ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои гуногун хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, 22 нафарашон ба олимпиадаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифта, аз онҳо 8 нафарашон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Варзишгарони ноҳия дар 15 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 40 медали тилло, 35 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ, ҳамзамон дар мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини самбо, гӯштини миллӣ, таэквандо, футбол ва варзиши сабук сазовори 3 медали тилло, 16 медали нуқра, 28 медали биринҷӣ ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад, аз намуди гӯштини юнону римӣ, дзюдо, таэквандо ва варзиши сабук сазовори 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд.
Бунёди 129 иншоот то ҷашни 35-солагии Истиқлол
Тибқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамагӣ 129 иншоот, аз ҷумла, дар соли 2023 ба истифода додани 41 иншоот пешбинӣ шуда, 42 адад, ё ин ки 102,4 фоиз иншоотҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, маблағи умумии иншоотҳои ба истифода додашуда зиёда аз 32,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта, бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ф. ДАВЛАТ , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...