Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Устоди сухан Мирзоев


Устоди сухан Мирзоев




1 феврал ба синни мубораки 70 расид

Бо  мақсади  аз  фаъолияти  пурсамари  рӯзноманигории  ин марди  ҳунар  ва  инсони  наҷибу  нотакрор  матлабе  навиштан, дар арафаи ҷашни муборакаш бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Бо устод солҳои  зиёдест,  ки  аҳди  бародархондӣ  ва  дӯстӣ  дорам.  Ӯ  инсонест заминӣ, бо маҳорати сухандонӣ, кушодачеҳрагӣ, меҳрубонию нармдилӣ,  маҳфилороӣ,  зарофатгӯӣ  ва  дигар  хислатҳои  некаш  ба дилу дидаҳо ҷо шудааст...

Ба  соҳаи  матбуот  омадани  Ҳусейн Мирзоев  тасодуфӣ  набуд.  Аз  даврони мактабхонӣ  ба  он  дил  баст.  Ҳанӯз  замони дар синфи 5-ум хонданаш, соли 1965 “Синфи  намуна”  ном  мақолааш  дар  рӯзномаи ноҳиявии  “Навобод”-и  ноҳияи  Данғара (ҳозира  “Симои  Данғара”)  чоп  шуд.  Ин мақола дар оянда ба амалишавии орзуяш роҳ кушод. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченкои пойтахт (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кард ва ба ноҳияи худ роҳхат гирифт. 

Чанд  сол  дар  мактабҳои  ноҳияи  Данғара омӯзгорӣ  намуд.  Дар  ин  солҳо  низ  аз эҷодкорӣ  дур  нашуд.  Ба  нашрияҳои  гуногуни кишвар - “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ”, “Маориф  ва  маданият”,  маҷаллаҳои “Машъал”,  “Занони  Тоҷикистон”,  “Хорпуштак”  хабару  мақолаҳо  дарҷ  намуда,  дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кард.

Оилаи  Ҳусейнов  бо  ҳукми  тақдир  ба шаҳри Норак кӯч баст. Ӯ дар солҳои аввал касби омӯзгориро идома дод. Аз соли 1981 қисмати худро ба касби рӯзноманигорӣ пайваст. Бо тавсияи котиби масъули рӯзнома Азизмад  Салолов  ба  рӯзномаи  бисёртиражаи  “Норак”  ба  ҳайси  ходими  адабӣ  ба кор  омад.  Дар  ин  айём  хеле  фаъол  буд. 

Пайваста аз сохтмонҳо, заводу фабрикаҳо, ташкилоту  муассиса,  мактабҳо,  махсусан аз ҳаёти бинокорони неругоҳи “Бойғозӣ” хабару мақола, лавҳаю гузоришҳо менавишт. Як  субҳ  ҳангоми  ба  кор  омадан таваҷҷуҳи  Ҳусейн  Мирзоевро  ба  давидан машғул шудани духтур Владимир Сафонов ҷалб  намуд.  Рӯзе  ӯ  бо  духтур  ҳамсуҳбат шуда,  сабаби  ин  амали  ӯро  фаҳмиданӣ шуд.  Баъди  ин  суҳбат  мақолае  навишта, онро ба як аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ бурд. 

Мақола  чунин  мазмун  дошт:  “Духтур  Владимир  Сафонов  дилбохтаи  варзиш  аст, ҳар  субҳ  ба  масофаи  20  километр  медавад. Вале ин пагоҳӣ ӯ аз шаҳри Норак то сохтмони  Неругоҳи  барқи  обии  “Бойғозӣ” давид ва ҳамчунин баргашт. Чаро ӯ бидуни одати ҳаррӯза масофаи бештарро давидааст?  Ба  пурсиши  рӯзноманигор  чунин  посух дод: “Ман имрӯз 40-сола шудам, ба ин 
муносибат 40 километр давидам”. Мақоларо  ходими  рӯзнома  хонда,  ба Ҳусейн  Мирзоев  онро  бозпас  гардонд. 

Ӯ  ин  амали  худро  ба  таври  зайл  маънидод  намуд:  “Намешавад!  Он  аҳамияти ҷумҳуриявӣ надорад”. Ҳусейн мақолаашро гирифта ба шаҳри Норак баргашт. Аз ин суханон дилшикаста шуд, дасташ ба кор пеш намерафт. Ин ҳолатро ба муҳаррири нашрияи  бисёртиражаи  “Норак”  Наталия  Марозова нақл намуд. Ӯ алами кормандашро бодиққат гӯш дод. Сипас, ба рӯзноманигори ҷавон маслиҳат дод, ки ба чунин ҳодисаю муносибатҳо  дилсард  нашавад.  Баръакс, бештар  нависад,  далелҳои  ҷолиб  ҷустуҷӯ намояд, ба рӯзномаҳои гуногун ҳамкориро вусъат диҳад.

Муҳаррир  зани  солрафтаю таҷрибадори  соҳаи  матбуот  буд.  Забони тоҷикиро  меомӯхт,  кӯшиш  мекард  бо  ин забони  зебо  бештар  ҳарф  занад.  Ӯ  ба  ин муваффақ ҳам шуда буд. Вай мақоларо ба забони  русӣ  тарҷума  карда,  ба  рӯзномаи ҷумҳуриявии  “Коммунист  Таджикистана” (ҳозира нашрияи “Народная газета”) ва ҳам ба Москва ба нашрияи “Правда” фиристод. 

Хабар  таҳти  унвонҳои  “В  день  рождения на  старт”  ва  “Бегом  за  здоровьем”  моҳи октябри  соли  1982  дар  рӯзномаҳои  бонуфузи  он  давр-“Коммунист  Таджикистана” ва “Правда” чоп шуд. Муаллиф аз ин худ-писанд нашуд. Танҳо аз дил гузаронд: “Хабари  ман  аҳамияти  ҷумҳуриявӣ  не,  балки умумииттифоқӣ доштааст”.

Вақте  ки  мақолаи  навбатии  Ҳусейнов бо  номи  “Радость  в  доме”  дар  рӯзномаи “Правда” (аз 5 октябри соли 1982) чоп шуд, шуҳрати  мухбири  норакӣ  бештар  шуда, акнун ӯро дар саросари ҷумҳурӣ мешинохтанд. Дар мақола сухан аз оилаи интернатсионалие мерафт, ки тоҷикписар, иштирок-чии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Суҳроб Шарифов  дар бозгашт аз ҷанг дар шаҳри Москва бо русдухтар  Валентина  Денисова  шинос  шуда, бо ӯ издивоҷ мекунад ва арӯсашро  ба  Тоҷикистон,  ба  зодгоҳаш  шаҳри  Норак  меорад.  Аз  никоҳи  якҷоя  онҳо  соҳиби  10 фарзанд  мешаванд.  Баъди  чопи  мақола аз  собиқ  Ҷумҳурии  Демократии  Германия як  журналисти  суратгир  ба  суроғи  Ҳусейн Мирзоев ба шаҳри Норак меояд.

Дар суҳбат журналист мақсадашро рӯшан карда гуфт: “Ҳеҷ бовар намекунам, ки як зани рус дар кӯҳистони Тоҷикистон даҳ фарзанд таваллуд карда бошад. Аслан онҳо 1 ё 2 фарзанд таваллуд мекунанд. Шояд 10 кӯдакро аз сағирахона гирифтаанд?”.

Ҳусейн  Мирзоев  барои  рафъи  шубҳаи  журналисти  олмонӣ  ӯро  ба  хонаи  Суҳроб  Шарифов  бурд.  Бо  завҷаи  ӯ  Валентина  суҳбати тӯлонӣ дошт. Журналисти нобовар  ҳатто  шаҳодатномаи  таваллуди  бачаҳоро  аз  назар  гузаронид.  Ҳуҷҷатҳо  ва  фарзандони оиларо аксбардорӣ намуд. Мақсад аз овардани ин далелҳо он аст, ки бо як хабар, яъне сеҳри сухан боиси шуҳрат ёфтани як оилаи одии норакӣ гардид.

Ё худ як мушоҳидаи рӯзноманигорро, ки  ӯ ба қалам додааст, хеле аҷиб аст. Рӯзе дар домани кӯҳи Нор мардуми шаҳр ба ҳашари алафдаравӣ рафта буданд, шоҳиди ҷанги мор  бо  майна  мешаванд.  Мор  ба  лонаи майна  ҳамла  оварда,  зоғбачаҳоро  фурӯ  бурданӣ  мешавад.  Вале  майна  бо  овози  гӯшхароши  худ  ба  мор  дармеафтад.  Оқибат,  дар  ин  ҷанг  майна  ғолиб  меояд.
 
Журналист Ҳусейн Мирзоев онро ба қалам дода, хабарро дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”  чоп  кард.  Ҳамчунин,  ин  хабар дар  тарҷумаи  нависанда  Яков  Налский дар  рӯзномаи  умумииттифоқии  “Сельская жизнь” бо номи “Ҷанги майна бо мор” нашр гардид.

Ҳусейн Мирзоев дар солҳои фаъолияти рӯзноманигорӣ бисёр воқеаҳои хурсан-дибахшро аз сар гузаронидааст. Масалан, гимнастдухтари  норакӣ  Нигина  Сандалова  дар  олимпиадаҳои  ҷумҳуриявии  гимнастдухтарон  ҷойи  аввалро  ишғол  кард. 

Дар  бораи  ин  дастовард  очерки  Мирзоев бо  номи  “Нигина”  дар  маҷаллаи  “Занони Тоҷикистон”  (“Фирӯза”)  чоп  гардид.  Баъди ин  ба  идораи  рӯзномаи  “Норак”  аз  шаҳри Турсунзода  марди  ношиносе  омада  гуфт, ки  ӯ  бародари  қаҳрамони  очеркаш  Ниги-на  Сандалова  мебошад.  Онҳо  аз  замони кӯдакӣ  дар  сағирахона  буданд.  Бародарро оилае ба фарзандӣ хонда, бо ҳамин аз якдигар ҷудо шудаанд... Соате нагузашта, хоҳару бародар, баъди 35 соли ҷудоӣ ба дидори якдигар расиданд.

Бо  гузашти  вақт  корҳои  сохтмонӣ  дар НБО “Норак” ба охир расид. Рӯзномаи бисёртиражаи “Норак” аҳён-аҳён дарҷ мешуд ва баъдтар аз сабаби мушкилоти молиявӣ аз  фаъолият  бозмонд.  Моҳи  январи  соли  2009  бо  иқдоми  раиси  вақти  ҳукумати  шаҳри  Норак  Шариф  Самиев  рӯзномаи  шаҳрии  “Нури  Норак”   таъсис  ёфт.  Раис донишу маҳорати касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии  Ҳусейн  Мирзоевро  ба  назар гирифта, вазифаи муҳарририро ба уҳдаи ӯ  вогузошт. Бо кӯшишҳои журналисти варзида  дар  муддати  кӯтоҳ  рӯзнома  дар  байни хонандагон маҳбубияти зиёд пайдо кард.

Фаъолияти  беш  аз  40-солаи  рӯзноманигории  Ҳусейн  Мирзоев  сазовори  қадрдонӣ  шудааст.  Ӯ  узви  Иттифоқи 
журналистони  Тоҷикистон  буда,  дорандаи  медали  “100-солагии  матбуоти  тоҷик” аст.  Ғолиби  озмуни  шаҳрии  “Журналисти беҳтарини соли 2012”, барандаи ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2021  мебошад  ва  ба  гирифтани  Сипосномаю Ифтихорномаҳои  шаҳрию  вилоятии Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ,  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Инчунин, шаҳрванди ифтихории шаҳри Норак аст.

С. АТТОР,
«Хатлон»  

Аз ИДОРА.  Аҳли  эҷоди  рӯзномаи вилоятии  “Хатлон”  рӯзноманигори  шинохта, пири матбуоти тоҷик ҳусейн Мир-зоевро ба муносибати ҷашни мубораки 70-солагиаш  самимона  табрик  намуда,  ба ӯ, пеш аз ҳама, саломатию фаъолияти пурсамари рӯзноманигорӣ орзу менамоянд. Орзуи онро доранд, ки то синни 100-солагӣ бо рӯзномаи “Хатлон” бимонад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода