Пешвои миллат – эҳёгари ҷашни Сада
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 251
Сада яке аз ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи баҳманмоҳ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.
Аз рӯйи пиндори олимон, тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.
Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад: “Сада” вожаи форсӣ буда, дар паҳлавӣ ба шакли садҳаг буда, дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва “Авесто” ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ Сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумоти нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирйанам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи Гава, Марв, Бохтар, Нисайа, Ҳирот ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, Гургониён ва Роғ паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистони кунунӣ маскан бигиранд.
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома», Ҳушангшоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта, ба он саҷда мекарданд. Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он - гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Дар сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла дар фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад», бинобар маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (Зайн-ул-ахбор), сабаби Сада ном ниҳодни ҷашнро «миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз сад шабонарӯз бувад, яъне 50 рӯзу 50 шаб».
Дар фарҳанги «Сироҷ-ул луғат»-и Сироҷиддин Алихон Орзу омадааст: «Сада даҳуми рӯзи баҳман: чун дар он рӯз адади фарзандони одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо, рӯзи ҷашн муқаррар шуда».
Ҳамчунин, муаррихон ва алломаҳои гузашта, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ дар «Осор- ул-боқия», Ибни Миска-вайх дар «Таҷриб–ул- умум» оид ба таърих ва бунёди ҷашни Сада маълумот овардаанд. Ҳакими Тӯсӣ дар достони «Ҳушанг» боби махсусеро бо унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» эҷод кардааст. Гузоштани шамъ дар ҷашнҳои гуногуни мардумӣ аз ҷашни Сада сарчашма мегирад.
Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ хабар медиҳад, ки дар Бухоро бо номи «Шаби Сурӣ» оташи калоне фурӯзон карда мешуд ва гулханҳои бузург фурӯзон мекарданд.
Ба ақидаи муаррихи шарқшинос Е.Э. Бертелс, ороиши арчаи солинавӣ танҳо дар асри XVII дар Аврупо маълум гашт, ки инъикоси ҳамон дарахти ҷашнии Сада мебошад.
Ин ҷашн дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои роҳи Абрешим паҳн мегардад.
Ҷашни Сада дар миёни насрониҳо, бавижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март, замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Дар Тоҷикистони мо баъд аз касби истиқлоли давлати тозабунёд роҳро барои эҳёи расму оинҳои миллӣ ҳамвор кардааст ва барои таҷлили ин ҷашнҳои бостонӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Дар ин муддат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ мубаддал шуд ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид ва бояд қайд намуд, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат Ҷашни Сада боз аз сари нав эҳё гардид.
Акнун дар радифи ин ду ҷашни миллӣ фурсати бисёр муносиб фароҳам шудааст, ки ҷашни Сада низ бо шукӯҳу шаҳоматаш дубора барқарор гардад. Ин се ҷашни миллӣ реша дар тағйироти табиату кайҳон дошта, ҳеҷ рабте ба ақидаҳои динӣ надоранд, балки адёни куҳан, ба монанди оини меҳрпарастӣ, зардуштия, масеҳият ва ҳатто ислом дар бархе мавқеъ таҳти таъсири ин ҷашнҳо қарор гирифта, аз ин маросимҳо таъсир пазируфтаанд.
Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Садбарги Исо,
унвонҷӯйи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00