Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таъмини амнияти озуқавории кишвар аз рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ вобаста аст


Таъмини амнияти озуқавории кишвар аз рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ вобаста аст




Бояд гуфт, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Соли 2023 барои кишоварзон соли хеле пурфайзу бобарор буд. Натиҷаи ҳамин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба кишоварзони ҷумҳурӣ миннатдории самимии хешро иброз намуданд.

Беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асоси ин гуфтаҳо дар сархатти сеюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолиро таъмин менамояд. Аз ҳисоби кишоварзӣ имрӯз тақрибан 23,3%-и ММД, беш аз 70%-и ҷойҳои корӣ, 25%-и содирот ва 35%-и воридоти андоз ба буҷети давлат таъмин мегардад.

Дар Паём таъкид карда шуд, ки вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он - хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо, талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст. Ҳамзамон тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ масъулони соҳаро ба он водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тақвият бахшидан ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, бобати афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи сарфакоронаи замин, захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол, вусъати ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонидани кишти такрорӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бунёд намудани боғу токзорҳо ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар тадбирҳои созандаро роҳандозӣ менамояд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар вилоят арзёбӣ гардида, ҳаҷми он зиёда аз 56 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи меҳнати пурсамари кишоварзони вилоят дурнамои истеҳсоли сабзавот 109 фоиз, полезӣ 113 фоиз, меваҷот 116 фоиз ва ҷамъоварии пахта 100 фоиз, гӯшт 117,6 фоиз, шир 106 фоиз, тухм 110 фоиз, пашм 104 фоиз, моҳӣ 110,4 фоиз таъмин шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 143,8 ҳазор тонна, полезӣ 87,5 ҳазор тонна, меваҷот 38,5 ҳазор тонна, картошка 2,8 ҳазор тонна, гӯшт 35,4 ҳазор тонна, шир 32,5 ҳазор тонна, тухм 12157 ҳазор дона, пашм 2,27 тонна, асал 6,4 тонна, моҳӣ 370,3 тонна зиёд истеҳсол гардид.

Саҳми вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ вобаста ба истеҳсоли ғалла 62%, пахта 66%, сабзавот 60%, полезӣ 75%, меваҷот 42%, ангур 49%, гӯшт 60%, шир 51%, пашм 66% ва моҳӣ ба 72% баробар мебошад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2023 ба 35 миллиарду 326 миллиону 251 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин 2 миллиарду 251,0 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 6,8 фоизро ташкил менамояд.

Инчунин, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1086171 тонна ғалладонагиҳо, 229089 тонна картошка, 1788155 тонна сабзавот, 764295 тонна полезиҳо, 276234 тонна меваҷот ва 92600 тонна ангур истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143326 тонна сабзавот, 87469 тонна полезӣ, 38475 тонна меваҷот ва 2782 тонна картошка зиёд мебошад.




Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 137182 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 106 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2681 гектар зиёд мебошад. Кишти гузаронидашудаи такрорӣ асосан 89094 гектар ғалладонагиҳо, 2483 гектар зироатҳои техникӣ, 18298 гектар сабзавот, 6602 гектар полезӣ, 2061 картошка ва 18644 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошад.

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, давоми соли 2023 бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза аз майдони 830 гектар гармхонаҳои домӣ ва мавсимӣ зиёда аз 30 ҳазор тонна помидор, бодиринг ва дигар сабзавоти барвақтӣ истеҳсол гардида, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуд, ки ҷиҳати танзими нарх дар бозорҳо давоми сол мусоидат намуд.

Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намудааст. Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Чунин дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ шаҳру ноҳияҳои вилоят 183 гектар, боғу токзори нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 172 гектар бунёд намуданд, ки ба 110 фоизи иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ баробар мебошад.  Инчунин, дар ин давра 256 гектар боғҳо ва 113 гектар токзорҳо барқарор карда шуд, ки дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас мебозад.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1106699 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 571002 сар моли ширдеҳ, 2747035 сар гӯсфанду буз, 61062 сар асп, 2632493 сар паранда, 65326 оилаи занбӯри асал ва 53884 сар харгӯш парвариш карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин соли 2022 афзоиши он аз 0,5 то 15,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 236686 тонна гӯшт, 575455 тонна шир, 134086,4 ҳазор дона тухм, 5970 тонна пашм, 115,6 тонна пилла, 1219,6 тонна асал ва 3928 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз 0,5 то 17,6 фоиз афзоиш дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 52068 сар, аз ҷумла чорвои ширдеҳ 30003 сар, гӯсфанду буз 189171 сар, паранда 344745 сар, асп 274 сар, занбӯри асал 441 оила ва харгӯш 3500  сар афзоиш ёфт.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35370 тонна гӯшт, 32538 тонна шир, 12157 ҳазор дона тухм, 227 тонна пашм, 6,4 тонна асал ва 370,3 тонна моҳӣ зиёдтар истеҳсол карда шуд.

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди соҳаи парандапарварӣ баҳри афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт ва тухм дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 саршумори паранда ба 2632,5 ҳазор сар расонда шуда, 1269,8 ҳазор сари онро мурғҳои тухмдеҳ ташкил медиҳад. Натиҷаи ҳамин буд, ки истеҳсоли тухм ба 134086,4 ҳазор дона расонида шуда, афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12157,3 ҳазор донаро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ теъдоди фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ ба 35 адад расонида шуда, саршумори паранда дар ин корхонаҳо 929218 сарро ташкил дода, 418995 сар зиёд гардида, гӯшти парҳезии мурғ ба 11825,5 тонна ва тухм ба 36647,4 ҳазор дона расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз майдони 2361,1 гектар кӯлу ҳавзҳо 315 хоҷагии моҳипарварӣ ба миқдори 3928 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370,3 тонна зиёд мебошад.

Аввалин маротиба дар вилоят (ноҳияи Дӯстӣ) тавлиди кирминамоҳӣ бо таҷҳизоти муосир бо иқтидори 10 миллион дона ба роҳ монда соли гузашта 7 миллион дона кирминамоҳӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори бахши кишоварзӣ дар робита ба сар задани буҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ шадидтар шудааст.

Кишварҳои пешрафта ва аксари кишварҳои дорои иқтисоди гузаранда сиёсати дохилии амнияти озуқавории худро ба куллӣ таҷдиди назар мекунанд, ки нуқтаи ҳалкунандаи он афзоиши назорат аз болои содироти озуқаворӣ ва таъмини афзалиятноки бозори дохилӣ мебошад.

Дар ин маврид мушкилоти соҳа чунин маънидод карда мешавад:

-маҳорати сусти идоракунии хоҷагиҳои хурд ва истеҳсоли маҳсулот вобаста ба талаботи бозор;

-набудани озмоишгоҳҳои ба талабот ҷавобгӯ ҷиҳати ташхиси нуриҳои минералӣ;

-заҳрдоруҳо ва барангезандаҳои касалиҳо дар шароити озмоишгоҳию саҳро;

-мавҷуд набудани кластерҳои агросаноатӣ ва стандартҳои байналмилалӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.

Дар ин росто ба мақсад мувофиқ мебошад, ки ба масъалаҳои зерин аҳамияти зарурӣ дода шавад:

-зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва кам намудани воридоти маводи ғизоӣ;

- зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ;

- азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ;

- ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партоб ва коркарди онҳо дар асоси технологияи муосир.

Ҳамзамон, қадамҳои минбаъдаю таъсирбахш дар таъмини амнияти озуқаворӣ ин диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ дар заминаи технологияи инноватсионӣ ва таҳкими устувории занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулот, ташаккули низоми самараноки идоракунии захираҳои замину об ва маданияти истифодабарии онҳо, ҷалби сармоя баҳри рушди инфрасохторҳо барои ташкили марказҳои логистикӣ ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобида мешавад.

Хулоса, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти хӯрока, инчунин дастгирии моддӣ, молиявӣ,  техникӣ ва машваратии кормандони соҳаи аграрӣ барои таъмини солимӣ ва зиндагии шоистаю сазовори аҳолии кишварамон мусоидат менамоянд.

Амонулло Салимзода,
муовини якуми раиси вилояти Хатлон,
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода