Мақсади гумрукчиён - таъмини амнияти иқтисодии кишвар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 331
Мақомоти гумрук аз лаҳзаҳои аввали фаъолият новобаста аз вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва даргириҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯву ҷудоиандози дохиливу хориҷӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монда, баҳри таъмини амнияти иқтисодии мамлакат талош меварзад.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ мақомоти гумрук вазифаҳои ҳаётан муҳим, ба монанди таъмини амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳуриро ба уҳда дошт ва то имрӯз тавонист, ки ин вазифаҳоро сарбаландона иҷро кунад. Таъмини амнияти миллату давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва тақвияти неруи мудофиавии он вазифаи муқаддас, пурифтихор ва пуршарафест, ки иҷрои он ба зиммаи гумрукчиён гузошта шудааст.
Мақомоти гумрук дар даврае арзи ҳастӣ намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ҳассоси таърихиро аз сар мегузаронид. Мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомеаро фаро гирифта, баъзе сохторҳо фалаҷ гашта буданд. Дар чунин давра инкишофи таърихи давлатдории тоҷикон бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии кишвар, ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, риояи тартиби муқарраргардидаи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва ҳифзи неъматҳои Истиқлоли давлатӣ 22 январи соли 1992 бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №14 Саридораи назорати гумрукии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ иншооти гумрукӣ ва мутахассисони соҳаи гумрук берун аз ҳудуди ҷумҳурии мо монда, танҳо дидбонгоҳҳои гумрукии Панҷи Поён, Қӯрғонтеппа ва Ленинобод бо зиёда аз 2 350 километр сарҳадоти маъмурии собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон монд. Хавфу хатари қувваҳои мусаллаҳи дохиливу беруна аз байн нарафта буд. Гурӯҳҳои муташаккил мехостанд, ки молу маҳсулотро бе барасмиятдарории гумрукӣ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол диҳанд. Новобаста аз вазниниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва даргириҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯву ҷудоиандоз, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гумруки навбунёд ташкил ёфт.
Фаъолияти минтақавии гумрукӣ
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон низ аз лаҳзаҳои фаъолият то ин замон дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии минтақа ва Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Ба иттилои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, дар соли 2023 гардиши молии умумӣ дар ҳудуди вилоят арзиши гумрукии 560,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 1,9% зиёд мебошад.
Аз таҳлилҳои гузаронидашуда ва маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки гардиши молии тиҷоратӣ дар минтақаи фаъолияти Раёсат дар соли 2023 нисбати соли гузашта ба маблағи 5,3 миллион доллар зиёд мебошад. Аз гардиши молии ғайритиҷоратӣ бошад, дар соли 2023 нисбати соли гузашта ба маблағи 5,6 миллион доллар зиёд мебошад. Мувофиқи маълумотҳо дар давраи ҳисоботӣ аз вилояти Хатлон мувофиқи НМ ФИХ 38 номгӯи гурӯҳи молӣ ба хориҷи кишвар содир карда шудааст, ки 232,9 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар соли 2023 ба вилояти Хатлон мувофиқи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ 85 номгӯи гурӯҳи молӣ: маводи сӯхт, нуриҳои маъданӣ, шакар, гӯшти мурғ ва биринҷ аз хориҷи кишвар ворид гардидааст, ки 270,6 миллион долларро ташкил медиҳад.
Муносибати тиҷорати хориҷӣ бо 8 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба маблағи 91,9 миллион доллар сурат гирифтааст, ки аз ин маблағ бо низомҳои гумрукии содирот 37,2 миллион доллар ва воридот бошад, 54,7 миллион долларро ташкил диҳад.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрукӣ
Бо назардошти вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташкилотҳои ҳамгироӣ ва бо мақсади беҳбудии сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Тағйиру иловаҳои мазкур бо мақсади ҳалли масъалаҳои зерин амалӣ карда шуданд:
-мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи меъёрҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
-таъмини мутобиқати комили муқаррароти Кодекси гумрук ба талаботи Конвенсияи Киото оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири соли 1999), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2010, №255 ба он ҳамроҳ шудааст;
-таъмини мутобиқати муқаррароти одекси гумрук ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо;
-соддагардонӣ ва суръатбахшӣ ба марҳилаи барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалиро барои рушду таҳкими минбаъдаи иқтисодиёти кишвар муҳайё намуда, ба содагардонии расмиёти гумрукӣ ва афзоиш ёфтани гардиши тиҷорати хориҷӣ мусоидат менамояд. Баҳри сода гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва дар ин замина таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ, инчунин, андешидани чораҳои зарурӣ дар масъалаи барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ ва аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми воридоту содирот ба мушоҳида мерасанд, Хадамоти гумрук тартиби деклоратсия кардани молу воситаҳои нақлиёт ва сода гардонидани расмиёти гумрукиро мутобиқи Ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо истифода шуда, ҷавобгӯи меъёру стандартҳои умумиҷаҳонӣ мебошад, дар соли 2010 татбиқ намудааст. Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, аз ҷониби Хадамоти гумрук лоиҳаи Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №92 тасдиқ карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб узви Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ мебошад ва аъзои зиёда аз 100 конвенсияву созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба шумор меравад.
Абдулло Риоев,
“Хатлон”
“Хатлон ”: Рӯзномаи вилоятии “Хатлон” гумрукчиёни вилоятро ба иди касбиашон табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти масъулиятнокашон барору комёбӣ орзу менамояд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...