Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бо иқдоми «Хатлон» қисми ҳарбӣ соҳиби китобхона шуд


Бо иқдоми «Хатлон» қисми ҳарбӣ соҳиби китобхона шуд




Дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббуси идораи рӯзномаи “Хатлон” ба қисми низомии 07256 беш аз 1000 адад китобҳои гуногуни бадеӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва нашрияҳои даврӣ тақдим гардид. Китобҳои мазкур ба китобхонаи махсуси қисми низомӣ супорида шуд, то афсарону сарбозон ба таври васеъ аз онҳо истифода намоянд.

- Тибқи суҳбату мушоҳидаҳо, ҷавонон солҳои дар сафи артиши кишвар адои хизмат кардан, ба хондани китобҳои гуногуни бадеӣ майл доранд.

Бо ҳамин мақсад идораи рӯзномаи «Хатлон» як миқдор адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳое, ки худи рӯзнома ба нашр расонидааст, ба монанди «Ифтихори ватандорӣ», «Берунӣ ва Тахти cангин - мояи ифтихори тоҷикон»-ро ба яке аз қисмҳои ҳарбие, ки корманди рӯзномаи «Хатлон» дар он ҷо адои хизмат кардааст, тақдим кард, - мегӯяд Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”.

Ворид намудани ин гуна адабиёт ва матбуоти даврӣ ба қисми ҳарбии 07256 ва дастраси ҳайати шахсии афсарону сарбозон кардани он амали хайру иқдоми накӯест, ки аҳли эҷод рӯйи кор оварданд. Дар натиҷаи ин иқдом афсарону сарбозони қисми низомӣ рӯҳбаланд гардиданд.

- Тӯли 10 моҳ мешавад, ки дар ин қисми низомӣ адои хизмат мекунам. Мо хушҳол аз онем, ки дар чунин шароити хуб хизмат карда истодаем.

Дар вақтҳои холигӣ ба китобхонаи қисми ҳарбӣ омада, дониши азбарнамудаи худро сайқал медиҳем. Хушҳол аз онем, ки бо ташаббуси идораи рӯзномаи “Хатлон” ба китобхонаи қисми ҳарбии мо як миқдор китобҳо ворид карда шуд, - гуфт Умед Халилов, сарбози қисми ҳарбӣ. Аз ин иқдом мо хело хушнуд гардида, талош мекунем, ки сарбозонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва пост доштани сулҳу амният тарбия намоем,- мегӯяд Наврӯзӣ Аҳмадхон, муовини аввали командири қисми ҳарбии 07256.

-Агар чунин иқдомҳо бештар гардаду миқдори адабиёт зиёд, мо кӯшиш мекунем, ки сарбозони қисми ҳарбии мо низ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда, сазовари ҷойҳои намоён гарданд.

Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир аксар сарбозони қисмҳои ҳарбиро ҷавонони хатмкардаи мактабҳои олӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, онҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ имкон доранд, то дониши худро мукаммал гардонанд.

Н. САИДАБРОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода