Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хонаи сарбоз сохта мешавад


Хонаи сарбоз сохта мешавад




Имрӯз ҷавонони ғаюру далери зиёде ҳастанд, ки бо хоҳиши худ, сарбаландона ба сафи Самарқанд ва ғайра ба хотир меояд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваста, барои адои қарзи шаҳрвандӣ камари ҳиммат мебанданд. Албатта, хизмату шуҷоатмандии онҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дур намемонад. Муродбек Маҳмадқулов сарбозе мебошад, ки дар задухӯрди сарҳадӣ ҳалок гардида, ҳамчун қаҳрамони Ватан номи худро дар таърихи меҳан сабт намуд. Ҷоннисориҳои ӯ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба эътибор гирифта шуда, ба оилаи марҳум кумаку дастгириҳои зиёд расонида шуд.

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, соли 2022 дар нишасти матбуотии худ ба хабарнигорон иттилоъ дода буд, ки барои оилаи сарбоз Муродбек Маҳмадқулов, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар ҷон дода буд, манзили истиқоматӣ месозад. “Мо бо шароити зисти оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов шинос шудем. Маълум шуд, ки оилаи сарбоз дар шароити вазнин зиндагӣ мекунад. Мо замин ҷудо кардем ва тасмим гирифтем, ки барои волидайни ин сарбоз манзили зист бисозем”.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, барои хонаводаи сарбози марҳум қитъаи замин дар ҳудуди 10 сотих дар маркази деҳаи Умеди Ҷамоати деҳоти “Навзамин”-и ноҳияи Дӯстӣ ҷудо гардида, лоиҳаи сохтмон омода шудааст. Барои сохтмони бино масолеҳи сохтмонӣ ба қитъаи замини ҷудошуда бурда шуда буд. Айни замон бинои хонаи истиқоматӣ дар ҳоли сохтмон мебошад.

Суҳроб Аминзода, раиси Ҷамоати деҳоти “Навзамин”-и ноҳияи Дӯстӣ, зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки 8000 хишти пухта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ оварда шуда, кори сохтмон нисф шудааст. “Мо муваққатан кори сохтмонро ба таъхир гузоштем, зеро ҳаво сард аст, обу ҳаво ба кори сохтмончиён халал ворид мекунад. Дар ҳоли ҳозир 5000 хишти пухтаро фармоиш додем. Ҳаво гармтар шавад, шояд аз моҳи феврал сохтмони биноро идома диҳем”,- афзуд ӯ.

Бояд ёдовар шуд, ки дар кори сохтмон саҳми соҳибкорону саховатпешагон низ дида мешавад. Масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби масъулини ноҳия таъмин гардида, кори сохтмонро сокинон ба таври ҳашар ба роҳ мондаанд.

Ба хотири қадршиносӣ аз ҷонфидоии ин сарбози далери кишвар моҳи сентябри соли 2022 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ пас аз марг ордени “Шараф”, дараҷаи 2 дода шуд, ки ин низ бевосита таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба афсарону аскарон нишон медиҳад.

Тибқи нақша, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Дӯстӣ, ки дар деҳаи Умеди Ҷамоати деҳоти “Навзамин” ҷойгир аст ва ин сарбоз муассисаи мазкурро хатм намудааст, ба номи Муродбек Маҳмадқулов гузошта мешавад. Айни замон дар назди муассиса сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ идома дорад.

Модари сарбоз Рӯзигул Маҳмадқулова ҷиҳати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои беандоза ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, идораи ҷамоат ва ҳамаи он нафароне, ки дар ин рӯзҳои сахт дастгирӣ карданд, миннатдории худро баён мекунад.

Воқен ҳам, кумак ва дастгирӣ ба оилаҳои сарбозони қурбоншуда дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар далели он аст, ки онҳо аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат дур нестанд. Хусусан, сохтмони бинои истиқоматӣ барои оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов иқдоми нек маҳсуб меёбад.

Умед дорем, ки сохтмону ба истифода додани ин манзили истиқоматӣ дар муҳлати муайяншуда пурра ба итмом мерасад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода